иқтисод
ХАТЛОН. АФЗОИШИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ
Дар зарфи даҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон 11 миллиарду 728 миллион сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 539,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят ба «Ҷумҳурият» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ғалла 849,5 ҳазор тонна, пахта 234,8 ҳазор, сабзавот 1161,6 ҳазор, картошка 222,8 ҳазор, полизӣ 525,1 ҳазор, мева 184,8 ҳазор ва ангур 98,3 ҳазор тонна истеҳсол гардид. Инчунин, истеҳсоли гӯшт ба 101,7 ҳазор тонна, шир 345,7 ҳазор, пашм 4,5 ҳазор, асал 830,8, моҳӣ 898,4, пилла 367,2 тонна ва тухм 62 миллион дона баробар шуд.
Дар ин давра ба кишварҳои хориҷа 90,7 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1693,5 тонна зиёд аст.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.11.2019 №: 221 Мутолиа карданд: 1308