сиёсат
САРНАВИШТ
Сарнавишти ҳар қавму миллати соҳибтамаддун ба азму иродаи матин, қалби бузургу пурмеҳр, ҳиммату ҷавонмардӣ, ҳисси ватандӯстиву ваҳдатгароӣ, мардумсолориву фарҳангпарварӣ, бедориву солимандешӣ, дарки дурусти воқеият, маҳорати таҳлили ҳаводиси рӯзгор, роҳандозии барномаҳои созанда ва нигоҳи неки фарзонафарзандонаш ба фардоҳои дурахшон пайванди ногусастанӣ дорад, ки таҷрибаи солҳои навадуми асри гузаштаи халқи тоҷик мисоли равшани ин гуфтаҳост. Маҳз таҷаллии ҳамин хусусиятҳои ҷавонмардонаи фарзанди фарзонаи миллат, родмарди арсаи сиёсат, меросбари фарҳанги пурифтихору деринбунёди давлатдории ориёӣ, Пешвои асри XXI, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон аз вартаи нестшавӣ эмин монд.
“Ман ба шумо сулҳ меорам! Оташи ҷангро хомӯш месозам! То он даме ки як нафар гурезаи маҷбурӣ дур аз Ватан бошад, худро ором намеҳисобам”. Ин суханони саршор аз ҳисси масъулияту ватандӯстӣ аз умқи қалби бузургу пурмеҳр, орӣ аз кинаву қасос, гузашткунанда, парварандаи ғояҳои сулҳу ваҳдати Пешвои муаззами миллат бархоста, дар зеҳни дар танӯри таҷрибаи рӯзгор пухтаву сайқалёфтааш шакл гирифта ва аз забони ҷавонмардонааш чун қавлу қасам возеҳу гӯшрас ва тантанавор хориҷ шуда, ба гӯши ҷони халқи Тоҷикистон, ки интизори Пешвои додрасу дардошно буданд, пайғоми сулҳу ваҳдат, якпорчагии давлат, эҳёи миллат, рушди соҳаҳои мамлакатро расонд, ба дилҳои аз ваҳшати ҷанги бародаркуш афгору рӯҳҳои аз даҳшати харобкориҳо хаста нуру тавон ва шуълаи умед ба фардои дурахшон бахшид.
Сарвари тозаинтихоби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи қавӣ фаъолияти худро нахуст аз даъват ба сулҳу ваҳдат, музокирот бо мухолифин оғоз карда, таъмини ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу суботро дар саросари кишвар вазифаи аввалиндараҷаи худ қарор дод.
Мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифтани таҷрибаи расидан ба ризояти умумӣ ва сулҳи пойдори тоҷикон аз тарафи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, бавижа Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамчун дастурамал тавсия шудани он барои мамолики нобасомон гувоҳи эътибори ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Коршиноси олмонӣ Арне Клеманс Зайферт таҷрибаи сулҳи моро чунин баҳо дода буд: «Дар ҳақиқат, муҳокимаҳои сиёсие, ки солҳои охир пас аз бастани Созишномаи умумӣ дар бораи сулҳ ва ризоят дар ҷомеаи тоҷикон ба вуқӯь пайваст, таҷрибаи беназиреро дар фазои Аврупо ва Осиё тавлид кард». Коршиноси англис Кэтрин Баренс дар ин маврид чунин қазоват кардааст: «Ҷараёни муноқишаи тоҷиконро хуб баррасӣ намуда, муайян сохтан лозим аст, ки чӣ тавр ин сабақи тоҷикон метавонад барои хубтар фаҳмидани ҷанги шаҳрвандӣ дар манотиқи дигар ба мо кумак расонад». Ба қавли собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан: «Тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар армуғон оварданд».
Боиси шарафмандӣ ва сарбаландии миллати тоҷик аст, ки 26 июли соли 2011 Кумитаи академикии Шӯрои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои хизматҳои шоиста ва арзандааш дар таъмину таҳкими сулҳ, тамаддунсозию фарҳангпарварӣ, мусоидат ба ваҳдати миллӣ ва ҳифзи муҳити зист, рушди пояҳои иҷтимоӣ ва таъмини эҳтироми манзалати инсонӣ ба унвони олии фарҳангию сиёсӣ «Пешвои асри XXI» мушарраф гардонд.
Талошҳои фарҳангсолоронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замина гузошт, то миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва этнофарҳангӣ эҳё гашта, ба худшиносии миллӣ ва истиқлолияти фикрӣ бирасад. Дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, тақвияти худшиносии миллӣ ва ташаккули рӯҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузошта шуд. Ба роҳбарияти давлат муяссар гашт, ки забони тоҷикиро ҳамчун яке аз рукнҳои асосии мавҷудияти миллат пурра эҳё намуда, корбурди идорию сиёсӣ ва илмию ҷамъиятии онро таъмин намояд. Ҷиҳати ривоҷи худшиносии миллӣ, ташаккули эътимоди қавии мардум ба фарҳанг ва арзишҳои миллии худ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур омад, ки бо барномарезиҳои ҳадафманд хотираи таърихии миллатро эҳё ва барқарор намояд.
Дар ҳамин росто шоёни зикр аст, ки баргузории Симпозиуми байналмилалии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» дар Китобхонаи миллӣ 22 октябри соли 2019 бо иштирок ва суханронии фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсули татбиқи маромҳои созандаи фарҳангӣ буда, намунаи барҷастаи саҳми Тоҷикистон дар ҳифз ва густариши фарҳанги оламшумули ориёист. Меҳмонон, донишмандони фарҳангшинос, ки аз ақсои олам барои иштирок дар симпозиум ба Душанбешаҳри гулрез, ба қалби Тоҷикистон омада буданд, аз зебоиву шукуфоии пойтахти кишвар мафтун гашта, иқдоми фарҳангии Тоҷикистонро ҷиҳати роҳандозии корҳои тадқиқотӣ оид ба фарҳанги бостон корнамоии беназири таърихӣ ва Пешвои муаззами миллатро фарзанди шоистаи давру замон, аз дудаи Куруши Кабир, фарҳангсолору бунёдкор, аз «чеҳраҳои мондагор» - и таърихи ориётаборон донистанд.
Таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва фарҳанг, аз ҷумла ба соҳаи китобдорӣ, бунёди китобхонаҳои илмӣ-оммавии давлативу ҷамъиятӣ дар саросари кишвар, аз ҷумла эъмори бинои хуштарҳу замонавӣ ва пурҷилои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ҷалби бештари оммаи васеи мардум ба китобу китобхона, шоёни таҳсину офаринҳост. Таҳти сарпарастии ӯ ҷараён доштани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” воқеан тамоми қишрҳои ҷомеаро ба мутолиаву азхудкунии бештари осори адабӣ ҳавасманд намуда, дар самти рушди фарҳангу маънавиёти ҷомеа судманд ва таҷрибаи беназир аст.
Бинобар ин, пос доштани хидматҳои таърихии ин абармарди дунёи сиёсат ва фарзанди шоистаи давру замон, пайравӣ аз сиёсати бунёдкоронаву хирадмандона ва фарҳангсолоронаву инсонгароёнаи ин Пешвои асри XXI кафолати пойдории Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдати сартосарӣ, ҳифзи асолати миллӣ ва ояндаи боз ҳам дурахшони мост.
Абдусалом МИРАЛИЗОДА, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.11.2019 №: 222 - 223 Мутолиа карданд: 1004