иқтисод
ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН БА МАБЛАҒИ 126,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РОҲУ ПУЛҲОРО НАВСОЗӢ КАРДАНД
Дар вилояти Хатлон дар самти таъмини инфрасохтори зарурӣ, шароити хуби кор, зиндагию истироҳат, зебоии симои меъморӣ дар даҳ моҳи соли равон тадбирҳои муассир андешида шуд.
Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ки дар ин давра аз ҳисоби азхудкунии маблағгузориҳои ҳамаи манбаъҳо корҳои сохтмону васлкунӣ ба андозаи 1 миллиарду 304,4 миллион сомонӣ ва пудратӣ 649,3 миллион сомонӣ иҷро гардида, бо харҷи 2 миллиарду 388,7 миллион сомонӣ иншоот ба истифода дода шуд.
Ба маблағи 2 миллиарду 65 миллион сомонӣ 1424 биною иншоот, аз ҷумла 61 мактаб бо беш аз 8 ҳазор ҷойи нишаст, 7 кӯдакистони дорои 190 ҷой, 82 муассисаи соҳаи тандурустӣ, 44 корхонаи саноатӣ, 7 иншооти фарҳангӣ ва 94 - то варзишию сайёҳӣ бунёд гардид.
Ҳамчунин, 118 километр роҳ таъмири асосӣ ва 892 километри дигар сангфарш шуд. Барқарорсозии 40 кӯпрук, 75,1 километр хати оби нӯшоӣ, бунёди 10 хонаи истиқоматии баландошёна, 1273 манзили истиқоматии шахсӣ ва 742 иншооти дигар анҷом ёфт.
- Бо ташаббуси соҳибкорони ватандӯст ба андозаи 126,2 миллион сомонӣ 287,6 километр роҳ таъмир ва 965,4 километри дигар сангфарш гардида, 76 кӯпрук бо дарозии 710 метр таъмиру барқарор шуданд, - гуфт Носирҷон Маъмурзода.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.11.2019 №: 222 - 223 Мутолиа карданд: 1469