logo

иқтисод

МОҲӢ. ИСТЕҲСОЛИ ОН БА 100 ҲАЗОР ТОННА МЕРАСАД, АГАР...

Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022 ва шароитҳои дигари дар ин самт фароҳамомада имконият медиҳад, ки истеҳсоли моҳӣ дар ҷумҳурӣ ба маротиб афзун гардад. Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон» кӯшиш дорад истеҳсоли гӯшти моҳиро дучанд намуда, то охири сол  ба 4500 тонна расонад. Яъне, дастгириҳои Ҳукумати кишвар сабаб гардид, ки истеҳсоли маҳсулоти моҳӣ рӯ ба афзоиш оварад. Аммо боз кадом мушкилиҳое ҳастанд, ки ба рушди соҳа монеъ мегарданд?

- Озод гардидани хоҷагиҳои моҳидорӣ аз андоз ба рушди соҳа такон бахшид. Акнун, соҳибкорони ин ҷода маблағи аз ҳисоби андоз сарфакардаашонро барои васеъ намудани фаъолияти худ, аз ҷумла бунёди ҳавзҳои нави моҳипарварӣ, истифода мебаранд, - иброз дошт Саттор Хайруллоев, сардори КВД «Моҳии Тоҷикистон».
Агар соли 2016 истеҳсоли моҳӣ 2037,5 тонна буд, ин нишондиҳанда соли гузашта ба 2100 тонна расонда шуд. Теъдоди хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ 321 адад буда, масоҳати "оинаи обӣ" беш аз 3 ҳазор гектар мебошад, ки дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 1188,3 тонна моҳӣ истеҳсол карданд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 324,5 тонна зиёд мебошад, ки ба 137,6 дарсади иҷроиши нақша баробар аст. Барои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот соли равон дар арафаи Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар хоҷагии деҳқонии «Ҳабибамоҳ» - и шаҳри Кӯлоб коргоҳи тавлиди моҳича (инкубатсия) бо таҷҳизоти навтарин мавриди истифода қарор гирифт, ки барои рушди соҳа тадбири муҳим аст.
Айни ҳол дар ҳавз, кӯл ва обанборҳои мамлакат, дар маҷмӯъ 65 намуди моҳӣ парвариш меёбад. Аз моҳиҳои хушзоти ватанӣ ҳафт зот барои парвариш ва сездаҳ навъ сайдшаванда мебошанд. Таркиби гӯшти моҳӣ дорои витаминҳои барои инсон даркорӣ мебошад ва олимони Институти хӯроквории Академияи илмҳои тиббии ҷумҳурӣ, давоми як сол ба ҳар нафар истеъмоли 23 килограмм гӯшти моҳиро тавсия медиҳанд.
Хоҷагиҳои зотпарварии КВД «Моҳии Тоҷикистон» - ҶСК «Моҳии тоҷик» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва  ҶСК «Парваришгоҳи моҳии хушзот» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қариб тамоми хоҷагиҳои моҳипарварии мамлакатро бо моҳичаю кирминамоҳичаҳо таъмин менамоянд. Имсол бо ҷалби сармоягузории ватанӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Шаҳритуз, Дӯстӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ коргоҳҳои тавлиди кирминамоҳича бунёд ёфтанд, ки ҳоло нуҳ ададро ташкил медиҳанд. Ҳар сол дар ҷумҳурӣ 18 - 20 миллион кирминамоҳича гирифта мешуд, имсол ин шумора беш аз 100 миллионро ташкил дод, ки нишондоди хуб аст. Баробари ин, аз вилояти Краснодари Федератсияи Россия ба ҷумҳурӣ барои такрористеҳсолкунӣ, парвариш ва зиёд намудани шумора 25 миллион кирминамоҳичаи намудҳои амури сафед, карпи оинагӣ ва гибриди он, пешонапаҳни ало оварда, ба хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ тақсим шуд.
Хоҷагиҳои моҳидории «Аквапарк», «Форел» - и шаҳри Ваҳдат, «Абдураҳмон», «Исмоил», «Ҳабибамоҳ» - и шаҳри Кӯлоб, «Форел» - и шаҳри Турсунзода, «Суғд - моҳӣ» - и шаҳри Гулистон, «Парваришгоҳи моҳии хушзот» - и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, «Гули Сурх» - и ноҳияи Дӯстӣ, «Чубек» - и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва «Рухшона» - и ноҳияи Ашт дар зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ саҳми назаррас доранд.
Дар ҷумҳурӣ парвариши гулмоҳӣ хеле муфид буда, фурӯши гӯшти он даромади зиёд меорад. Парвариши онро ҳатто дар кӯлҳои сунъӣ ва дар макони обу ҳавои  хунук ба роҳ мондан имконпазир аст. Аз  масоҳати хурди як обанбор садҳо тонна гулмоҳӣ ба даст овардан мумкин аст. Дар Туркия аз як гектар ҳавз соле то 300 тонна моҳӣ тавлид мекунанд. Дар Россия ин нишондод 150 тоннаро ташкил медиҳад. Агар дар мамлакати мо аз масоҳати як гектар обанбор ҳадди ақал 50 тонна гулмоҳӣ ба даст ояд, дар ин ҳолат истеҳсоли моҳӣ ба таври назаррас афзун мегардад. Ғайр аз ин, ба роҳ мондани  парвариши амури сафеду сиёҳ, пешонағафси сафеду ало, гулмоҳии рангинкамон, сазан, буффалои амрикоӣ, сӯфимоҳӣ, карпи чармӣ, сафеди чашмсурх, гурбамоҳӣ, ширмоҳӣ, сагмоҳӣ (гомс), лақачаи туркистонӣ, зағорамоҳӣ дар шароити обу иқлими ҷумҳурии мо  маҳсулнокии баланд дорад. Моҳиҳои амури сафед, пешонағафси сафед ва карп давоми як сол аз 600 грамм то 1 кило ва ҳатто аз ин ҳам зиёд вазн мегиранд.
Новобаста ба пешравиҳои зикргардида, моҳипарварӣ дар кишвар ҳанӯз ҳам бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯст ва ҳалли саривақтии онҳо барои истеҳсоли бештари моҳӣ ва таҳким бахшидани амнияти озуқавории кишвар мусоидат мекунад. Арзиши аслии гӯшти моҳӣ гарон меафтад, ки баъзе қишрҳои аҳолӣ имконияти бо нархи баланд харидани онро надоранд. Ба мушоҳида мерасад, ки ҳатто дар хоҷагиҳои  пешқадами моҳипарварӣ дар як гектар ҳавз ҳамагӣ 15 - 20 сентнер моҳӣ истеҳсол  карда мешавад. Хоҷагиҳо технологияи анъанавии  моҳипарвариро аз даст додаанд, ҳол он ки захираҳои обӣ ва шароити мусоиди биологӣ барои парвариши зотҳои хеле сергӯшти моҳӣ зиёд аст.
Саттор Хайруллоев, ботаассуф иброз дошт, ки баъзе аз хоҷагиҳои моҳипарварии шаҳру ноҳияҳо, ҳарчанд масъулияти рушди моҳипарвариро ба уҳда гирифтаанд, ба таври зарурӣ фаъолият намекунанд ва самти кори худро дигар кардаанд. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд аз 53 хоҷагии моҳипарварӣ 26 адад ва дар шаҳри Турсунзода аз 22 хоҷагӣ ҳамагӣ 4 - то фаъолият мекунад. Дар шаҳри Ваҳдат низ чунин ҳолат ба назар мерасад.
- Яке аз сабабҳои асосӣ дар он аст, ки хӯроки моҳӣ бо нархи баланд аз хориҷи кишвар ворид мешавад. Барои ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии моҳӣ  пойгоҳи хӯроки он  нокифоя аст. Ин омилест, ки ҳавасмандии хоҷагиҳоро нисбат ба парвариши моҳӣ аз байн бурда истодааст. Ҳолати мазкур ба иҷро нагардидани нақшаи парваришу коҳиш ёфтани истеҳсоли он таъсир мерасонад. Дар ҷумҳурӣ корхонаи махсуси истеҳсоли хӯроки моҳӣ мавҷуд нест. Ҳоло бо дастгирии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶДММ «Аквопорс» ва соҳибкори ватандӯст Алиҷон Раҷабов дар шаҳри Ваҳдат сохтмони корхонаи истеҳсолии хӯроки моҳӣ идома дорад, ки соли оянда ба истифода супурда мешавад. Корхона дар як басти корӣ беш аз 1000 тонна маҳсулоти хӯроки моҳӣ тайёр мекунад.
Обанборҳои мо дар  мавзеъҳои обпартоӣ тӯрҳои муҳофизатӣ надоранд ва ҳангоми ба дарёҳо сар додани об миллионҳо моҳича ба водиҳо сарозер шуда, аз инкишоф  бозмемонанд ва қариб 80 - 90 дарсади онҳо талаф меёбад. Дар хоҷагиҳои алоҳида дар аксар  маврид бо иллати сатҳи пасти малакаи тахассусӣ барои пӯшондани хароҷот инкишофи биологии моҳиҳо ба эътибор гирифта  намешавад. Моҳиҳои ҳанӯз вазнногирифтаро шикор карда, ба бозор мебароранд, ки аз ин ҳисоб қариб 50 дарсади  хоҷагиҳои  моҳипарвар нишондоди пасти истеҳсолӣ доранд. Аз ин лиҳоз, рушди табиии моҳипарварӣ дар обанборҳо диққати ҷиддиро тақозо менамояд, - иброз дошт Саттор Хайруллоев.
Мушоҳидаю  таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъзе нафарон аз бепарвоии роҳбарони сохторҳои дахлдор суиистифода карда, ба шикори ғайриқонунии моҳӣ даст мезананд. Моҳидорӣ ба воситаи истифодаи таҷҳизоти худсохти барқӣ ва тӯрҳои калони моҳигирӣ боиси нестшавии  намудҳои нодири он гардидааст. Дар вилояти Суғд шумораи зиёди нуқтаҳои хӯроки умумӣ - ошхонаю тарабхонаҳо ба мардум намудҳои гуногуни моҳӣ пешниҳод менамоянд, ки фаъолияти ками онҳо дар омори расмӣ ба қайд гирифта мешаванд. Ғайр аз ин, ҳаҷми зиёди моҳӣ, ки аз вилоят ба шаҳри Душанбе (дар як ҳафта то 20 тонна) интиқол меёбад, ҳисоботи расмӣ надорад.
Ба андешаи мо, барои рушди парвариши моҳӣ дар ҷумҳурӣ бояд на кам аз 20 коргоҳи тавлиди моҳича (инкубатсия) зарур аст. Аз онҳо моҳичаҳоро парвариш намуда, ба ҳавз, кӯл ва обанборҳо барои захира сар медиҳем.
Мушкилоти дигари моҳипарварон нарасидани мутахассисони баландихтисос мебошад. Зеро аксари кормандони хоҷагиҳо дониши  хуби моҳипарварӣ надоранд.
Рушди соҳаи моҳидорӣ талаботи замон буда, ба буҷети кишвар даромади калон меорад. Мувофиқи маълумоти олимону мутахассисон, моҳиҳои истеҳсоли Тоҷикистон дар ҷаҳон аз ҷиҳати сифат серхаридоранд. Барои таъмини пурраи аҳолии ҷумҳурӣ бо гӯшти моҳӣ дар як сол 85 ҳазор тонна моҳӣ басанда аст. Агар қисме аз мушкилиҳои зикргардида бартараф ва имкониятҳои моҳипарварӣ дар мамлакат - обанборҳою заминҳои ғайрикишоварзӣ самаранок истифода шаванд, дар ҷумҳурӣ соле беш аз 100 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол мегардад.

Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.2019    №: 222 - 223    Мутолиа карданд: 2346
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед