иқтисод
ДОРУСОЗӢ. СОҲА РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД
Тайи ду соли охир бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ҷумҳурӣ садҳо муассисаҳои нави тиббии дорои таҷҳизоти муосир бунёд ва сатҳу сифати хизматрасонӣ беҳтар гардидааст. Аммо бештари беморхонаҳо аз доруворӣ ва маводи дармонбахши босифат ҳанӯз ҳам танқисӣ мекашанд. Бо ин сабаб, қариб 65 дарсади харҷи соҳаи тандурустӣ ба сарфи маблағҳои худи беморон дар раванди ташхису табобат, махсусан барои хариди дору, марбут аст.
Ҳалли ин масъалаи ҳаётан муҳим пайваста зери назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сарвари давлат, аз ҷумла зимни Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба ҳалли масоили вобаста ба тандурустии аҳолӣ, хусусан норасоии доруворӣ, сифати пасти он ва рушд накардани саноати дорусозӣ бо нигаронӣ изҳори андеша намуда, ба мақомоти дахлдори соҳа барои рафъи мушкилот супоришҳои мушаххас доданд.
Султон Бекмуродзода, сардори хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, гуфт, ки ҳоло кӯшишҳои давлату Ҳукумат дар роҳи беҳбудӣ бахшидани вазъи тандурустии аҳолӣ ба коҳиш додани хароҷоти аҳолӣ ҷиҳати дастрасӣ ба дору равона шудааст. - Ҳоло дар ҷумҳурӣ беш аз 30 коргоҳу корхонаҳои дорусозӣ ба истеҳсоли 250 номгӯи дору ва молҳои таъйиноти тиббӣ машғул аст. Бо вуҷуди ин дар дорухонаҳо маҳсулоти истеҳсоли маҳаллӣ кам ба назар мерасад. Бештари доруҳо воридотианд. Корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ иқтидори пурра таъмин кардани талаботи бозори истеъмолии ватаниро бо дору надоранд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ наздики 20 миллион сомонӣ мерасад, ки дар қиёс бо маблағи ҳаҷми воридот – беш аз 270 миллион сомонӣ ба маротиб кам аст. Ҳол он ки дар кишвари мо зиёда аз 3500 навъ гиёҳи шифобахш, садҳо кони маъдану обҳои табобатӣ ҳамчун манбаи ашёи хоми истеҳсоли дору мавҷуданд.
- Хадамот дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ҳама тадбирҳои заруриро андешида, ба онҳо шароити беҳтари фаъолиятро фароҳам овардааст. Дар ин ҷода иқдоми пешгирифтаи давлату Ҳукумат аз соли 2018 барои аз андози аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод кардани воридоти технологияи нав барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат ба рушди соҳа замина гузошт. Ба ин васила баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии коргоҳу корхонаҳои мавҷуда ва ташкили корхонаҳои нав имконпазир гардид. Соҳибкорон аз ин шароитҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат босамар истифода намуда, мувофиқи талаботи бозори истеъмолӣ имконияту иқтидори худро вусъат мебахшанд, - гуфт С. Бекмуродзода.
Ба гуфтаи Маҳмадалӣ Давлатов, сардори сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии хадамот, соҳаи дорусозии мамлакат ба нақша ё низоми муайяни коркарду истеҳсоли дору ниёз дорад.
- Тариқи роҳандозӣ кардани нақшаи мушаххаси дорусозӣ монеаҳои мавҷуда базудӣ бартараф ва натиҷаҳои кор бештар мегарданд. Барои пешрафти соҳа барқарор кардани корхонаҳои истеҳсолӣ ва дорухонаҳои онҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат зарур аст. Аз ҷумла, дар заминаи озмоишгоҳҳои тиббии мавҷуда бунёд кардани озмоишгоҳи истеҳсолии маводи синтезӣ ҳамчун ашёи хом барои истеҳсоли дору аз қадамҳои аввалин аст. Дар ин маврид ҳамкории зичи дорушиносҳо ва дорусозҳо нақши муҳим мебозад. Пурзӯр кардани ташхису таҳқиқи сифат ва кафолат додан ба бехатарии дору метавонад воридоти доруи бесифатро коҳиш диҳад, - гуфт ӯ.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.11.2019 №: 222 - 223 Мутолиа карданд: 919