сиёсат
ИФРОТГАРОӢ ВА ДУРНАМОИ МУБОРИЗА БО ИН ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ
Терроризму экстремизм аз зуҳуроти номатлубест, ки дар нимаи дуюми асри XX мавриди омӯзиш ва таҳлили ҳарчи бештари коршиносони соҳа қарор гирифт. Зеро он мудҳиштарин ҷиноят дар ҳаёти инсонӣ буда, ҷомеаи ҷаҳониро дар ҳоли ташвишу изтироб қарор додааст.
Агар ба таърихи терроризм, ки маънои «ваҳм ва тарс» - ро дорад, назар афканем, дар ҳама форматсияҳои ҷамъиятӣ мушоҳида мешавад. Аммо мудҳиштарин амали террористӣ бори аввал 37 сол пеш, яъне соли 1981 дар Сафорати Ироқ дар Бейрут (Ливан) рух дод, ки дар он 27 нафар одами бегуноҳ ба ҳалокат расид. Масъулини ин ваҳшоният ташкилоти навтаъсиси он замон «Ҳизбуллоҳ» буд, ки нахустин татбиқкунандаи амали террор дар ҷаҳон гаштааст.
Албатта, саволе ба миён меояд, ки кадом омилҳо сабаб мешаванд то одамон ба ин амали мудҳиш даст мезананд? Тибқи таҳлили коршиносон заъфи маърифати ҳуқуқӣ, надоштани донишҳои амиқи диниву дунявӣ яке аз омилҳои асосии гаравидан ба ин раванди хатарнок аст. Дар ин миён зуҳуроти аз ҳама хатарноктар ин экстремизми динӣ мебошад, ки феълан ҷомеаи ҷаҳониро гирифтори фалокатҳои зиёд намудааст. Бешубҳа, имрӯз як қатор гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ бо истифода аз номи поки дини мубини Ислом ба ҳар гуна амалҳои даҳшатноку зишт даст мезананд, ки ба паҳншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон боис гардидааст. Амалҳои онҳо дар минтақаҳои гуногуни олам миллионҳо нафарро гирифтори хавфу хатар карда, зиёда аз 100 кишвари дунёро зери ҳадаф қарор додааст, ки аз ин садҳо ҳазор аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар макони зисташонро тарк кардаанд.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ талошҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар амри ба роҳ мондани муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ дарк менамоянд ва ташаббусҳои кишвари моро дар ин самт дорои аҳамияти муҳим медонанд. То кунун Тоҷикистони соҳибистиқлол мизбони чандин нишасту ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ вобаста ба тақвияти муқовимат бо терроризму ифротгароӣ шудааст, ки баргузории Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузори он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” намунаи барҷастаи он аст. Ин нишаст, ки бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҳамкорӣ ва ҳамдастии Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо моҳи майи соли ҷорӣ доир шуд, барои ҷомеаи башар дорои аҳамияти хеле муҳиму саривақтист.
Дар шароити феълӣ мо - омӯзгоронро зарур аст, ки дар партави сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумат ҷавононро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намоем то аз равияҳои номатлуби ҷомеа дур бошанд. Зеро душманони дохиливу хориҷии мо, ки як маротиба дар оғози истиқлолият мамлакатро ба хоку хун кашиданд, ҳанӯз ҳам бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ талош доранд, вазъи осудаи кишварро халалдор созанд ва ҷавонони ноогоҳро ба сафи худ ҷалб намоянд.
Аз ин рӯ, салоҳи кор аст, дар ниҳоди ҷавонону хонандагон ва насли наврас тавре зеҳниятсозӣ намоем, ки дар муқобили муборизаҳои идеологии гурӯҳҳои тундрави ифротгаро дастболо шаванд. Дар ин сурат мо муваффақ мешавем, ки сулҳу амнияти пойдори давлати худро аз ҳар гуна хатарҳои эҳтимолӣ эмин нигоҳ дошта, таҳти сарварии оқилонаи Пешвои муаззами миллат ба сӯи уфуқҳои тозаи рушд ҳаракат намоем.
Дилбар ҶОМИЕВА, омӯзгори МТМУ № 93, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.11.2019 №: 225 Мутолиа карданд: 1017