фарҳанг
ДАР СОҲИЛИ ДАРЁИ СИР
Он рӯз базми зебои сухан буд. Базми сухани шево, равон, фаҳмо ва ҷаззоби кӯдаки тоҷик, сухане, ки ба тароват шеър асту барои кӯдакон эҷод гашта.
Он рӯз шодмонӣ буду тантанаи қадри сухан, фараҳмандӣ буду ифтихор. Ифтихор аз истиқлолият, неру ва тавоноии Тоҷикистони биҳиштмаъвои мо, ки барои насли фардои хеш ҳадяи пурбаҳо эҳдо намуда буд.
Ин ҳадя зиёда аз 300 шеъри беҳтарин барои хурдсолони тоҷик буд, ки озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» - и таъсисдодаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба самар овард. Беш аз 100 нафар иштирокчии озмун онро эҷод кардаву ғолибонаш дар соҳили дарёи Сир соҳиби дипломҳо ва туҳфаҳои қиматбаҳо гаштанд.
Ин озмунро дастгирӣ намудани мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рамзе буд ғамхорӣ ба савод ва фарҳанги насли ҷавон, намое буд бозгӯи сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, ки кӯдакони тоҷикро бо эътимоди том фардои миллат, фардои Тоҷикистони шукуфо донистааст.
Ҳамчунин, аз такопӯй ва ташвишҳои фараҳноки сардабири рӯзнома Қурбоналӣ Раҳмонзода аён буд, ки ташкили чунин як озмуни бонуфуз, дар таърихи истиқлолияти тоҷик бори нахуст оғоз гашту ба анҷумани шеъри кӯдак табдил ёфт, кори саҳлу сода набуд. Бартарии озмун дар иштироки фаъолонаи хурду калон зоҳир гашт. Шоирони касбӣ ҳам шеърҳои нави худро пешкаш намуданду хонандагон, одамони касбу кори гуногун ҳам. Мақсади асосӣ, ки озмун ба он муваффақ гашт, дарёфти шеъри нав, шеъри хуб, шеъри беҳтарини бачагона буд.
Ҳар иқдоми нек ниҳоли сабзу навбарро мемонад, ки боғҳои зебо ва босамар дар домон дорад. Озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» ҳам боғҳои шукуфо ва хушрангу хушмеваи фарҳанги тоҷикро ба ҳусну шамими тоза ба бар хоҳад овард. Зеро дӯстдори Ватан нахуст дӯстдори сухан, адаб ва забону фарҳанги миллат аст. Кӯдакони босавод бошанд, шаҳсутуни ин миллатанд.
ЛАТОФАТ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.11.2019 №: 226 Мутолиа карданд: 1476