logo

фарҳанг

АЗ САРВАРИ ДАВЛАТ СИПОСГУЗОРЕМ

Ба василаи озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» ба намунаи ашъори эҷодкорони баркамолу маъруф ва хонандагони  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, инчунин, нафарони касбу корашон гуногун шинос шудам. Бештар маълумам гардид, ки дунёи кӯдакон зебову рангин ва софу покиза аст. Муаллифон ба инъикоси ҳамин дунёи нотакрору пур аз афсона муваффақ гардиданд. Ман аз ин ҳама илҳом гирифтам ва вориди ҷаҳони кӯдакон ва кӯдакии худ шудам. Пас аз он чанд шеър эҷод кардаму ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» фиристодам. Хостам, ки ман ҳам дар боло бурдани завқи шеъру дӯстдории адабиёт, андаке ҳам бошад, саҳм бигузорам.
Он се шеър ба табъ расид. Дар ҳеҷ як гӯшаи хаёлам набуд, ки ин эҷоди маро қадр мекунанду даъватам менамоянд, то дар ҷамъбасти озмун ҳамроҳи гурӯҳе раҳсипори шаҳри Хуҷанд бишавам. То он замон боре ҳам ба шоҳроҳи Душанбе-Чанак , ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷдиду бозсозӣ гардидааст, ошно набудам. Долонҳои зиддитармавӣ, пулҳо, нақбҳо ва худи роҳ бисёр хуб ва зебо бунёд ёфтаанд.
Дар ин сафар ба як гӯшаи диёри маҳбубамон шинос гардидаму бовар ҳосил кардам, ки кишвари мо дар ҳақиқат дилрабову биҳиштосо аст.
Ошноӣ бо кормандони рӯзномаи «Ҷумҳурият», шоирони маъруф  Гулназар, Камол Насрулло, Латофат, Ҷӯра Ҳошим, Абдусаттор Раҳмон, Юсуф Аҳмадзода, Атои Мирхоҷа, Раҷаби Мусулмониён, Озарахш, Аҳмадҷон Раҳматзода, Фарзона ба ман ҳам ифтихор бахшид ва низ ин таъсирро гузоштанд, ки ба омӯзиши адабиёт ва эҷод муносибати ҷиддитар дошта бошам.
Ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» ба иди бошукӯҳ табдил ёфт.
Барномаи ҳунарӣ дар сатҳи баланд омода шуда буд ва хотири моро болида гардонд.
Ғолибон эълон шуданд ва ба мукофотҳо сарфароз гардиданд. Фикр мекунам, ки ин лаҳзаҳо як умр дар хотири онҳо мемонад. Инчунин, ба Сарвари давлат, ки барои боло рафтани худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва шинохти фарҳанги аҷдодӣ баргузор намудани чунин озмунҳоро дастур медиҳанд, изҳори сипос менамоянд. Албатта, ман ҳам ифтихор мекунам, ки аз ин зумра маҳсуб мешавам.

Зебунисо ҲАМИДЗОДА, донишҷӯи ДДЗТ ба номи С. Улуғзода,
иштирокчии озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.11.2019    №: 226    Мутолиа карданд: 1996
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед