сиёсат
ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ВОХӮРИИ ДУЮМИ МАШВАРАТИИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
29 ноябр дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар мулоқот Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ширкат доштанд.
Сарони давлатҳо аҳамияти вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро таъкид карда, маҷмӯи васеи масоили мубрами ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла дурнамои ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории кишварҳои минтақа, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, амнияти минтақавӣ, ҳамгироӣ дар бахши илмӣ - техникӣ ва фарҳангӣ - гуманитариро, баррасӣ карданд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои пазироии самимӣ ва ташкили сатҳи баланди вохӯрӣ изҳори сипос намуданд.
-Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷонибдори таҳким ва рушди муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии байни давлатҳо мебошад, - иброз доштанд Сарвари давлат.
Таъкид гардид, ки натиҷаи машварати созанда бори дигар мавқеи наздики давлатҳоро оид ба таъмиқи ҳамгироии минтақавӣ ва беҳсозии вазъи зиндагии мардумони кишварҳо муайян менамояд.
Президенти мамлакат соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, бахшҳои гуногуни саноат, рушди инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ, истифодаи оқилонаву самараноки захираҳои оби минтақаро аз самтҳои муҳими ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ карданд.
Ҳамзамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ба ҳалли масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиӣ ҷалб намуданд.
Дар Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ ва муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз рӯи натиҷаи Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Дастури корӣ оид ба ташкили вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ қабул гардид.
Дар охири вохӯрӣ раисӣ дар Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал бо таври гузариш ба муҳлати се сол, шурӯъ аз соли 2020, ба Тоҷикистон вогузор шуд. Дар зимн, сарони давлатҳо номзадии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карда, қарори Хазинаи байналмилалии наҷоти Аралро ба имзо расонданд. Бо ин қарор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал интихоб шуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.11.2019 №: 227 Мутолиа карданд: 1044