сиёсат
САФАРИ КОРӢ БА ШАҲРИ ТОШКАНД
28 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
28 ноябр дар шаҳри Тошканд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ маҷмӯи васеи масоили ҳамкории ду кишвар мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Ҷонибҳо вазъ ва дурнамои равобити ҳамкориро дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманди тиҷорату иқтисод, нақлиёт, фарҳангию гуманитарӣ ва маориф баррасӣ намуданд
Аз сатҳи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия ва робитаҳои байниминтақавӣ, бахусус миёни пойтахтҳои ду кишвар, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки афзоиши минбаъдаи ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувори ҷонибҳо мусоидат хоҳад кард. Дар зимн, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти сармоягузорӣ ва саноати истеҳсолӣ низ муҳим арзёбӣ гардид.
Дар охири мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ дар назди муҷассамаи нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов
29 ноябр дар шаҳри Тошканд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҳошияи Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллати ӯзбек дар назди муҷассамаи нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов гулчанбар гузоштанд.
Дар шаҳри Тошканд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гулгашти меҳмонони фахрии қароргоҳи “Кӯксарой” бо ҳамроҳии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ниҳол шинонданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.11.2019 №: 227 Мутолиа карданд: 1159