сиёсат
ТАЪРИХ. ВАҚТЕ САРНАВИШТРО БО ДАСТИ ХУД МЕНАВИСЕМ...
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маъруфтарин шахсиятҳои сиёсии ҷаҳони имрӯз шинохта шудаанд. Ба ҳайси Сарвари Тоҷикистон дар сарнавишти миллати бостонӣ ва мутамаддини тоҷик гардиши куллӣ ба миён оварданд.
Таърихи башарият шахсиятҳоеро ёд дорад, ки рӯзгору корномаашон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд. Онҳо дар марҳилаҳои муайяни таърихӣ бо назару диди фарох амал карда, корномаҳои тақдирсоз анҷом дода, дар сарнавишти мардуми сайёра нақши бориз доранд. Дар қатори ин фарзонагон, барҳақ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи сазовор доранд. Агар ба фаъолияти Пешвои миллат назар андозем, на танҳо миллату давлати моро ба рӯзи саодату некӣ расонданд, балки дар сарнавишти мардуми сайёра дар самти мубориза алайҳи терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, муаммоҳои глобалии марбут ба ҳифзи муҳити зист, дастрасии инсоният ба оби ошомиданӣ нақши мондагор доранд.
Ногуфта намонад, ки дар ин муваффақиятҳои беназир, ки Ҷаноби Олӣ дар олам ба маъруфият расонданд, ҳама вақт дар сиришташон ду сифати нодир – ҷасорати фикр ва ҷасорати амал ба ҳам тавъам буданд ва ҳастанд. Пешвои муаззами миллати тоҷик қотеона иброз дошта буданд: «Таърих он вақт омӯзанда ва сабақ шуда метавонад, ки аз гузашта ибрат гирифта тавонем, хатоҳои худро ислоҳ намоем ва дар фикри оянда бошем». Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устувории ба худ хос, иродаи матин, пешвоии худодод ва дилсӯзиву хирадсолории худ тавонистанд мардуми тоҷикро ҳамчун миллати сулҳпарвар сарҷамъ ва ба ҷаҳониён волохирад муаррифӣ созанд. Ҳарчанд хидматҳои бемислашон ниёз ба таблиғ надоранд, кам иттифоқ меафтад, ки касе мисли ӯ барои сарҷамъию осудагии миллати худ ин қадар талош карда бошад.
Абдулҳамид МАҶИДЗОДА, сармуҳаррири рӯзномаи «Гулистон» - и ноҳияи Фархор,
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.12.2019 №: 229 Мутолиа карданд: 1181