иқтисод
ЭҲТИРОМИ ОБ НИШОНЕ АЗ СИРИШТИ БУЗУРГИ МИЛЛАТ
Тағйирёбии иқлим ба қатори ҷиддитарин масъалаҳои глобалӣ дохил шуда, тамоми сокинони кураи Заминро ба ташвиш овард. Бино ба маълумоти ниҳодҳои соҳавии Созмони Милали Муттаҳид, то охири даҳсолаи ҷорӣ ҳудуди ду миллиард ва то соли 2030 зиёда аз 40 дарсади аҳолии рӯйи Замин ба мушкили камбуди об дучор хоҳад гардид, ки ин проблема бар асари тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он ба вуҷуд меояд.
Эҳтиёҷоти одамон ба об дар Осиёи Марказӣ аз ҳисоби афзоиши аҳолӣ нисбат ба солҳои 60 – уми қарни гузашта ду баробар афзуда, ҳамчунин, масоҳати заминҳои обёришавандаи минтақа аз 2 – 3 миллион гектари охири асри XX то ба 8,5 миллион расидааст. Агар ибтидои соли 1960 дар минтақа соле тақрибан 60 км мукааб об истифода мешуд, айни замон давоми як сол беш аз 110 км мукааб истифода мегардад, - изҳор медоранд мутахассисони соҳа.
Тибқи иттилои кормандони соҳа, аз ҷумла давоми 70 соли охир тақрибан 35 фоизи пиряхҳои хурдҳаҷми Тоҷикистон талаф ёфта, аз 13 ҳазор пиряхи дар кӯҳсори Тоҷикистон ҷойгирбуда то имрӯз як ҳазораш нобуд гардидааст. Инчунин, дар даҳсолаҳои охир коҳиши чашмраси масоҳати пиряхҳо, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ муҳиманд, ба мушоҳида мерасад. Ин дар ҳолест, ки то 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад. Бинобар ин, кишварҳои минтақа аз тағйирёбии даври гидрологӣ, ки метавонад боиси обхезиву хушксолиҳои шадид гардида, ба вазъи обу ҳаво, энергетика ва озуқаворӣ таъсири манфӣ расонад, ҷиддан нигарон мебошанд.
Тибқи назари мутахассисон, қабули қатъномаи нави Маҷмаи умумии СММ зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» бо ибтикори Тоҷикистон қадами навест дар ҷодаи ҳалли масъалаҳои соҳа, ки аҳамияти ҳазорсола дорад.
Ҳоло 768 миллион одам обро аз сарчашмаҳои барои саломатӣ хатарнок истеъмол менамояд ва тақрибан 2, 5 миллиард сокини сайёра ба шароити дурусти санитарии об дастрасӣ надорад. Ҳифзу истифодаи самараноки захираҳои об дар самти расидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар заминаи эъломияи мазкур аҳамияти хоса пайдо намуданд. Рафъи камбизоатию аз байн бурдани ҳолати осебпазири саломатии инсон ба рушду истифодаи оқилонаи захираҳои об алоқамандии зич дорад.
Матраҳ шудани масоили мавҷуда ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати дастрасӣ ба оби тозаю санитарӣ дар асоси ҳамкориҳои байналмилалӣ тавсеа ёфтанд. Ҳамчунин, дар ин ҳамоишҳои сатҳи баланд бори дигар Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешоҳанги ҳалли масъалаҳои марбут ба об муаррифӣ шуд.
Имрӯз масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои об, кам кардани талафоти он, беҳтар гардондани сифати об ва пешгирии ифлосшавии манбаъҳои он доимо дар маркази диққати Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд. Дар ин маврид Ҳукумати ҷумҳурӣ дар зарфи 5 соли охир ҷиҳати рафъи мушкилоти марбут ба захираҳои об бо маблағи зиёда аз 500 миллион доллари амрикоӣ қариб 20 барномаву нақшаҳои стратегиро роҳандозӣ намудааст. Инчунин, дар ин замина мавқеъгирии ҳамгироёна нисбати масъалаҳои вобаста ба об, ки метавонад заминаи расидан ба комёбиҳои нав шавад, дар Барномаи ислоҳоти бахши оби Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016 - 2025 пешбинӣ шудааст. Расидан ба мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ва дигар вазифаҳое, ки ба Ҳадафҳои Рушди Устувори марбут ба оби СММ ворид гардидаанд, ҳамчунин, ба Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дохил карда шуданд.
Баробари ин, кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ҳамкорӣ дар соҳаи об, бахусус дар сатҳи фаромарзӣ зикр кардан бамаврид аст. Возеҳ аст, ки имрӯз мушкилоти вобаста ба обро бе ҳамкории фарогир, бахусус дар сатҳи фаромарзӣ, ҳал кардан ғайриимкон аст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мавқеи қотеонаи Тоҷикистонро нисбат ба мушкилоти печидаи обию энергетикии минтақа борҳо эълон карда, таъкид менамоянд, ки танҳо ҳамкории ягона василаи оқилонаи ҳалли онҳо мебошад. Аз ҷумла, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми пешниҳод кардани ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” дар рафти Форуми 7 - уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея зикр карда буданд: “Таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, зуд - зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак, аз мо саъю талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд”. Дар ҳақиқат, дар сурати пешгирӣ накардани оқибатҳои гармшавии иқлим ва ҷиддан кор нагирифтан аз ҳамкорию ҳамгироиҳо дар масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ то соли 2050 мардуми сайёра бо мушкилоти шадиди норасоии об дучор мешавад.
Олуфтамо ҒАФФОРОВА, омӯзгори МТМУ № 49, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.12.2019 №: 229 Мутолиа карданд: 1261