энергетика
НУРИ РАҲМОНӢ БА "РОҒУН" ҲАМ РАСИД
Неругоҳи барқи обии “Роғун” самараи истиқлолу озодии Ватани маҳбуби мо буда, ба кор оғоз кардани агрегати дуюми он дар рӯзи таҷлили Ҷашни бузурги миллӣ - Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин туҳфа ба мардуми шарифи Тоҷикистон буд.
“Роғун” ҳамчун иншооти тақдирсоз натиҷаи орзуву омоли нек, азму иродаи қавӣ, дастгириву пуштибонии самимӣ ва саҳми ватандӯстонаи халқи шарафманди кишвар мебошад, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бунёд гашта истодааст.
Мегӯянд, миллатеро, ки Худо дӯст дорад, роҳбари оқилу доноро насибаш мегардонад. Маҳз ақлу заковат, ҷасорату ҷуръат, фидокориву ҷоннисорӣ, меҳандӯстиву раиятпарварии Сардори давлат буд, ки мо - мардуми волофарҳанги тоҷик ба чунин рӯзҳои хуш расидем.
Воқеан ҳам, Пешвои муаззами миллат, ҳамчун шахсияти таърихсоз дар марҳилаи кунунии дар ташаккул ва рушди давлатдории миллии мо тавонист ҳар қавлеро, ки ба мардумаш дода буд, сарбаландона иҷро намояд. Тоҷикистонро аз харобаҳои баъдиҷангӣ бурун сохта, ба кишвари чароғону обод табдил дода, роҳ ба сӯйи рушди устуворро пеш гирифт. Ҷавонии худро фидои ҳамеша ҷавон мондани Тоҷикистон ва мардуми тоҷик намуд. Сидқан дӯст доштани Ватану миллатро ба ҳамагон бо амалашон омӯхт. Устуворӣ дар роҳи ба даст овардани мақсад, иродаи матин ва рӯҳафтода нашудан дар назди мушкилиҳо аз накутарин хислатҳое ҳастанд, ки тавассути онҳо Пешвои муаззами миллат дар шароити пурталотуми ҷомеаи ҷаҳонӣ давлатдории миллии моро беосеб пеш бурда истодаанд.
Ба василаи мушкилнописандӣ ва рӯҳи қавию иродаи устувори ӯ мо имрӯзҳо шоҳиди ба воқеият мубаддал гаштани афсона ва орзую ормони миллат гашта истодаем. Кору пайкор ва фаъолияти таърихсозиаш аз корномаи як шахсияти бузурги таърихӣ дар масири бунёди давлатдории миллӣ дарак медиҳад, ки аз ин метавон ифтихор кард. Бо пурра бунёд гаштани Неругоҳи барқи обии «Роғун» оғози боз як марҳилаи нави таърихӣ моро дар пеш аст, ки имкониятҳои бештареро баҳри таҳкими истиқлолияти энергетикӣ ва рушди устувор фароҳам оварда, халқро дар роҳи бунёдкорию созандагӣ раҳнамун ва рӯҳбаланд месозад. «Роғун» шаҳодати ҳамдилии Пешвои миллат бо ҷомеа аст, ки имрӯз муваффақиятро дар самти амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ таъмин намуда истодааст.
Пешвои миллат, барҳақ таъкид мекунанд:
«Он рӯз дур нест, ки дар партави нури "Роғун" Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тозае хоҳад гирифт». Воқеан он рӯз расид, ки ба воситаи нури Раҳмонӣ партави нури «Роғун» Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷиконро ҷилои тозае бахшид.
Бешубҳа, тақдири сохтмони ин иншооти азими аср ба Пешвои миллат тааллуқ дорад ва аз ин лиҳоз, месазад, ки ба хотири хизматҳои шоён ва нотакрораш НБО «Роғун» ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номгузорӣ шавад!
Исфандиёр БАДАЛОВ, докторанти PhD-и Донишгоҳи
давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.12.2019 №: 229 Мутолиа карданд: 13599