иқтисод
САНОАТ ДАР МАДДИ АВВАЛ. БАРДОШТ АЗ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Бо мақсади муҳайё кардани шароити беҳтар барои кору зиндагии шаҳрвандон то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди 232 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Соли 2018 - ум 74 корхонаву коргоҳ ва тайи даҳ моҳи соли равон бошад, 73 иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, ба «Ҷумҳурият» хабар дод, ки тайи даҳ моҳи соли равон дар вилоят ба маблағи 437,7 миллион сомонӣ 93 лоиҳаи қарзӣ таҳия ва барои дарёфти сарчашмаи сармоягузорӣ ба Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардид. Аз аввали фаъолияти муассиса то кунун 69 лоиҳаи соҳибкорони вилоят ба маблағи 89,9 миллион сомонӣ дастгирӣ ёфт.
Соҳибкорон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 6 миллиарду 687,6 миллион сомонӣ расонданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 710,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Истихроҷи нафту гази табиӣ, канданиҳои фоиданок, истеҳсоли маводи ғизоӣ, нӯшокиҳои ташнашикану спиртӣ, маҳсулоти дӯзандагӣ, кимиёӣ, резинӣ, пластмассӣ, ғайрифилизии маъданӣ, мебел, неруи барқ, коркарди чӯбу тахта, маснуоти чӯбин ва чанд намунаи дигар мутаносибан аз 101 то 158 дарсади нақша иҷро шуданд.
Ҳоло дар вилоят 90 номгӯйи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешавад, ки нишондиҳандаи баландтарин дар вилоят дар замони соҳибистиқлолии мамлакат мебошад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.12.2019 №: 229 Мутолиа карданд: 2419