logo

иқтисод

БМТ. МАРКАЗИ МИЛЛИИ ПРОТСЕССИНГИИ ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒҲО БЕ КУШОДАНИ СУРАТҲИСОБҲО БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

3 декабри соли 2019 Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо дар назди Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуд. Аз ин рӯ, тамоми интиқолҳои фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Маркази миллии протсесcингии интиқоли маблағҳо (ММПИМ) роҳандозӣ шуда, амалиёти мазкур дар навбати аввал тавассути низомҳои пардохтие, ки ба ММПИМ пайваст шудаанд,  анҷом дода мешаванд.

Солҳои охир низоми интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоюли рушди босуръатро касб карда, тадриҷан чун дар дигар кишварҳои минтақа, ҳиссаи он ва нақши он дар миёнаравии молиявӣ ба таври назаррас зиёд шуд. Дар асоси таҷрибаи солҳои тӯлонӣ ва бо назардошти рӯйдодҳои охири марбут ба пардохтнопазирии як қатор низомҳои байналмилалии интиқоли маблағ, Бонки миллии Тоҷикистон таҳлили вазъи муосири бозори интиқоли маблағҳои пулиро бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ дар Тоҷикистон гузаронда, дар натиҷа як қатор мушкилиҳоеро ошкор намуд, ки ба устувории низоми бонкӣ таъсири манфӣ расонда, боиси коҳиш ёфтани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ гардиданд. Ин омилҳо бевосита ба рушди низоми интиқоли маблағҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонии интиқоли маблағҳо ба муштариён халал мерасонад, аз он ҷумла, қабл аз ҳама, мавҷуд набудани маркази ягонаи протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ, ки ба ҳимояи манфиатҳо мусоидат намуда, талаботи истифодабарандагони хизматрасонии интиқоли маблағҳоро қонеъ мекунад, мавҷуд набудани имконияти аз ҷониби шаҳрванд гирифтани маблағи интиқолшуда аз дилхоҳ ташкилоти қарзӣ, бинобар надоштани шартномаи ҳамкорӣ бо ҳама низомҳои интиқолӣ ва нобаробар ҷойгир шудани онҳо аз рӯи мавқеи ҷуғрофии кишвар. Дар ин ҳолат муштарӣ маҷбур аст, ки вақти худро ба ҷустуҷӯи ташкилоти қарзие, ки бо низоми интиқолии ба вай зарурбуда шартнома дорад, сарф намояд, ташкилотҳои қарзии ватаниро зарур аст, ки барои ҳамкорӣ намудан бо ҳар як низоми интиқолии байналмилалӣ дар бонкҳои хизматрасони ин низомҳо суратҳисобҳои муросилотӣ кушоянд, ки ин боиси хароҷоти иловагии ташкилотҳои қарзӣ, сарфи зиёди вақт гашта, хавфҳои иловагиро ба миён меорад, ташкилотҳои қарзӣ ҳамарӯза маблағҳои пулии интиқолшавандаро ба муштариён аз ҳисоби худ пардохт намуда, баъд аз як ё ду рӯз ин маблағҳоро аз бонки хизматрасони низоми интиқолӣ мегиранд, ки ин раванд хавфи напардохтани маблағҳоро ҳангоми ғайрибозоргир будани низоми интиқолии байналмилалӣ зиёд мекунад. Бо назардошти он ки ҳамарӯза маблағи зиёд ба ҷумҳурӣ интиқол мешавад, бевосита ин раванд ба низоми бонкӣ хавфи калон дорад. Таҷриба нишон дод, ки чунин ҳолатҳо боиси ба миён омадани мушкилии молиявии ташкилотҳои қарзӣ гардида,  ҳадди ақал бо муфлисшавии ду низоми интиқоли маблағҳо (Лидер ва Мигом) уҳдадориҳои онҳо дар назди ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 20 миллион рубли русиро ташкил дод, мавҷуд набудани интерфейси ягонаи кор бо низомҳои пардохтӣ  сабаби мушкилӣ ҳангоми азхудкунии малакаи корӣ бо интерфейсҳои гуногуни низомҳои пардохтӣ мегардад, ки ин боиси зиёд шудани хатоиҳо аз ҷониби кормандони ташкилотҳои қарзӣ ҳангоми хизматрасонии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ мегардад, мавҷуд набудани механизми онлайн мониторинги вуруди маблағҳо ҳамчун фишанги муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом. Таҷрибаи амалкунандаи интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ ҳолатҳои хусусияти байналмилалӣ доштаро нишон дод, ки ба нуфузу эътибори кишвар таъсири манфӣ расонд ва ин амал дар навбати худ метавонад ба ҳавасмандӣ аз фазои сармоягузории мамлакат таъсир расонад, мавҷуд набудани маълумоти дақиқ оид ба ҳаҷми интиқолҳои пулӣ ва имконияти таҳлили хавфҳои он, амнияти иқтисодии давлатро зери хатар мегузорад, мавҷуд набудани қурби ягонаи мубодилавӣ оид ба интиқоли маблағҳо, ки ба манипулятсияи сунъии интиқоли маблағҳо дар бозори интиқоли маблағҳо оварда мерасонад.
Бо назардошти камбудиҳои ошкоршуда дар низоми амалкунандаи интиқоли маблағҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи татбиқи сиёсати ислоҳотии худ иқдом гирифт, ки Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳоро бе кушодани суратҳисобҳо (ММП) таъсис диҳад.
Мақсади асосии таъсиси Маркази миллии протсессингӣ аз баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми интиқоли маблағҳо, таъмин намудани шаффофияти амалиётҳо ва коҳиш додани хавфҳои транзаксионӣ бо мақсади таъмин намудани устувории низоми бонкию молиявӣ дар кишвар ва ба амал овардани заминаи мусоид барои амалиётҳои бехавф иборат мебошад.
Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо – маҷмааи барномавию техникии Бонки миллии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳисоббаробаркуниҳоро аз рӯи интиқолҳои фаромарзии маблағҳо бе кушодани суратҳисоб тавассути суратҳисобҳои муросилотии иштирокдорон, ки дар асоси шартнома дар Бонки миллии Тоҷикистон кушода шудаанд, бо истифода аз воситаҳои электронии қабул, коркард, интиқол ва ҳифзи иттилоот таъмин менамояд.
Маркази миллии протсессингӣ имкон фароҳам меорад, ки интиқоли фаромарзии маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ дар шакли ғайринақдӣ ба таври зуд, боэътимод ва бехатар анҷом дода шаванд. Марказ имкониятҳои навро баҳри рушди бозори интиқолҳои пулӣ таъмин намуда, барои баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ мусоидат мекунад, сифати хизматрасониро барои интиқолгирандагон беҳтар намуда, имкони назоратро дар заминаи ҳуқуқӣ дар сатҳи давлатӣ ва таъминнокии молиявии ҳар як амалиёти фаромарзии интиқоли маблағҳо таъмин менамояд. 
Бо пайваст шудани низомҳои интиқолӣ ва ташкилотҳои қарзӣ ба Маркази миллии протсессингӣ кори бизнес - протсес бо интиқоли маблағҳои фаромарзӣ бетағйир мемонад ва Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳайси бонки ҳисоббаробаркунанда ба муштариён ва иштирокдороне, ки амалиётҳоро бо интиқоли маблағҳо иҷро мекунанд,  кафолат медиҳад ва хизматрасонии интиқоли маблағҳоро бетаъхир ва бе расондани зарар ба онҳо таъмин менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки барои иштирокдорони Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо барои иштирок  ва ё анҷом додани амалиёт дар доираи ММП ягон намуди маблағ барои пардохт талаб карда намешавад. Дар баробари таъмини хароҷот барои таҳия, татбиқ ва дастгирии  ММП, Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳайси мақоми танзимгар дар оянда низ тамоми хароҷоти марбут ба татбиқи лоиҳаи мазкурро ба зиммаи худ гирифта, бо ин амал хавфи зиёд шудани ҳаққи хизматрасониро (комиссия) барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозори интиқоли маблағҳо аз байн мебарад.
Бонки миллии Тоҷикистон тамоми иштирокдорони бозори интиқоли маблағҳоро бовар мекунонад, ки дар доираи ислоҳоти ниҳодӣ оид ба таъсиси Маркази миллии протсессингӣ тамоми манфиатҳои гирандагон ва фиристандагони маблағҳои интиқолӣ ба инобат гирифта шуданд, аз ҷумла ҷонибҳои манфиатдор низ ҳимоя мешаванд.
Бо дарназардошти тамоюли ҷаҳонии ҳамгироии технологияҳои молиявӣ бо технологияҳои танзимгар, ки дар асоси онҳо модели Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо таҳия шудааст, дар оянда он ба ташаккули доираи васеи имкониятҳои технологӣ ва инноватсионӣ  ҷиҳати пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ мусоидат хоҳад кард.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.12.2019    №: 229    Мутолиа карданд: 1038
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед