ҳуқуқ
"ИДГАРДАК, БИЁЕД БИАНДЕШЕМ!"
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мақолаи «Идгардак, биёед биандешем!» - ро, ки 19 августи соли 2019, таҳти № 158, дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудааст, дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки ҷиҳати иҷрои он дар ноҳия корҳои мушаххас ва мақсаднок ба иҷро расонда шуд.
Аз ҷумла, мақолаи мазкур дар ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия 2 сентябри соли 2019 бо иштироки раисон ва муовинон, сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеи ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Инчунин, ба масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва Комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим, имомони масҷидҳои панҷвақта ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва умумии ноҳия дастур дода шуд, ки мақоларо дар байни кормандон ва хонандагону намозгузорони масоҷид мавриди фаҳмондадиҳӣ қарор диҳанд. Ҳамзамон, раисони маҳаллаҳо бо фаъолони деҳаву кӯчаҳо назорати бехатарии шаҳрвандонро дар ҳудуди зисташон зери назорат қарор диҳанд.
Файзулло УБАЙДУЛЛО, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.12.2019 №: 230 Мутолиа карданд: 1044