logo

фарҳанг

ИМЛО. ҚОИДАҲОИ НАВ ТАҲИЯ МЕШАВАД

Имло  танзимкунандаи шакли хаттии  забони адабӣ буда, меъёри асосии муайянкунандаи навишти калимаҳо ва талаффузи калимаҳо маҳсуб ёфта, он ҳамчун муҳофизи забон хизмат мекунад. Агар ғалате дар хат пайдо шавад, он бо мурури замон ба гуфтор таъсири худро расонда, ба инкишофи минбаъдаи забон халал бунёд хоҳад кард. Аз ин рӯ, меъёрҳое, ки барои имло тарҳрезӣ мешаванд, чун гил ва сангрезаҳое ҳастанд, ки хиштҳои бунёди забонро мустаҳкам нигоҳ медоранд.  Ёдовар бояд шуд, ки бунёди қоидаҳои имлоро се меъёри асосӣ ташкил медиҳад: меъёри морфологӣ, меъёри фонетикӣ ва меъёри таърихӣ (анъанавӣ). Ғайр аз ин  меъёрҳо, баъзан, аз меъёрҳои фонематикӣ ва дифференсиалӣ (фарқкунанда) низ истифода мешаванд.
Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, № 458, тасдиқ шудааст, дар асоси меъёрҳои фонетикӣ, морфологӣ ва таърихӣ таҳия шуда, асолати забони тоҷикиро таъмин менамояд. Қоидаҳои имлои мазкур дар асоси меъёрҳои муқарраршудаи илмӣ мушкилоти навиштро дар корбурди забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ ва густариши он дар умури сиёсию иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва бахшҳои дигари фаъолияти ҳаррӯзаи кишварамон хеле осон гардонд. Ёдовар бояд шуд, ки дар Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ (соли 2011) тағйиру иловаҳои зиёд ворид гардида буд, аз он ҷумла, дар бахши алифбо ҳарфҳо мутобиқ ба меъёри алифбои кириллӣ номгузорӣ шуда, тартиб ва меъёри садонокҳо ва ҳамсадоҳо бар асоси равиши илмӣ ва таърихӣ таҳия гардидаанд. Имлои ҳиссаҳои нутқ пурра бознигарӣ шуда, мақоми муайяни худро касб намудаанд. Аммо мурури вақт нишон дод, ки ҳанӯз ҳам дар қоидаҳои муназзами  имлои амалкунанда, баъзе ҷузъиёти меъёрҳои муқарраршуда сарфи назар шуда, ҳатто дар баъзе маврид ҳолатҳои духӯра будани қоидаҳо ба назар мерасанд.
Ҳамин  камбудиҳо, духӯрагиҳо ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» - ро ба назар гирифта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 4 октябри соли 2019 бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанги кишвар баён доштанд, ба мақомотҳои дахлдор супориш доданд, ки то моҳи январи соли 2020 лоиҳаи нави Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро таҳия намуда, бо ислоҳи камбудиву мушкилоти ҷойдошта ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намоянд. 
Лоиҳаи нави Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ, ки аз ҳисоби мутахассисони забоншиноси Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъсис дода шудааст, таҳия гардида, барои мукаммал намудани он фикру андешаҳои  дигар мутахассисони забондон ва кафедраҳои тахассусиро интизоранд.
Як масъалаи бисёр мураккаб, ки тайи чанд сол роҳи дурусти истифодаи худро наёфтааст, ин мавриди навишти ҳарфҳои «у» ва «ӯ» мебошад. Дар иртибот ба имлои ҳарфҳои мазкур зикр бояд кард, ки дар бандҳои  2 ва 5 - и  Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ тарзи истифодаи онҳо оварда шудаанд, аммо ба таври дақиқ меъёрҳои навишти онҳо дода нашудаанд. Аз он ҷумла, дар банди 2 қайд мешавад, ки  «ҳарфҳои а, о, у  дар оғоз, байн ва анҷоми калима навишта мешаванд» ва дар ҳамин банд эзоҳе бо матни зер навишта шудааст: «дар анҷоми калимаҳои решагии зерин бо риояи меъёри таърихӣ у навишта мешавад».  Аз назари фонетикӣ ин ду овози алоҳидае мебошанд, ки ҷойи ҷудогонаи тавлиди худро дар дастгоҳи нутқ доранд. Ҳар ду овоз хоси забони тоҷикӣ буда, дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ пайдо шудаанд.
Доир ба ин масъала ҳатто дар байни мутахассисони таърихи забони тоҷикӣ ақидаи ягона мавҷуд нест. Бояд гуфт, ки инҳо масъалаҳои илмӣ буда, дар имло аз назари меъёри таърихӣ ба назар гирифта шудаанд. Вале барои омма фаҳмидани чунин шаклҳо душвор аст. Чунон ки Фердинанд де Соссюр гуфтааст: «Барои гӯяндагони забон танҳо як пешомад мавҷуд аст – ин истифодаи имрӯзаи забон, онҳо аз таърихи он чизе намедонанд ва дар бораи ояндаи он чизе фикр намекунанд». Аз ин рӯ, Қоидаҳои имло, ки барои хосу ом аст, бояд сода ва фаҳмо бошанд. Ин нуктаро Пешвои муаззами миллат низ дар суханронии худ зикр намудаанд.      
Иддае аз забоншиносон бар он ақидаанд, ки калимаҳои иқтибосии арабӣ, чӣ гунае ки дар хатти арабиасос навишта мешаванд, дар хатти имрӯзаи  тоҷикӣ низ бояд ҳамон тавр навишта шаванд. Яъне меъёрҳои навишт ва талаффузи забони арабиро бар забони тоҷикӣ мехоҳанд бор кунанд. Воқеан, барои мардум фарқ кардани калимаҳое, ки дар хатти арабиасос чӣ тавр навишта мешаванд, кори саҳл нест. Ҳатто мутахассисон дар ин масъала оҷизӣ мекашанд. Мушкилоти дигар дар фарқи калимаҳои арабӣ аз тоҷикӣ мебошад. Мисли: гуҳар, куҳан, куҳна, нуҳ, уҳу-уҳу, Суҳроб; ё кӯҳ, кӯҳон, кӯҳл, сӯҳон, ӯҳ(?). Дар ин калимаҳо такя бар меъёри таърихӣ мешавад, ки ин ҳам танҳо барои мутахассис фаҳмо аст.     
Муҳим он бояд бошад, ки калимаҳои иқтибосиро ба табиати забони миллӣ мувофиқ намоем, на ин ки забонамонро тобеи навишту талаффузи калимаҳои иқтибосӣ созем. Қонуни табиати забон низ ҳаминро талаб мекунад. 
Масъалаи дигаре, ки бисёр баҳсталаб аст, ин бо ҳарфи калон  навиштани исмҳо мебошад. 
Ҳамчунин, баҳси навишти калимаҳои иқтибосӣ, хусусан, аз забони русӣ, ки бо «а» талаффуз мешаванд ва бо «о» навишта мешаванд, мушкилиро дар имло ба бор овардааст.
Ҳамин тавр, ғалатҳои дигари ҷузъие низ дар имло ба назар мерасанд, ки онҳо, албатта, аз назари гурӯҳи корӣ дур нахоҳанд монд. Имрӯз ҳамаи мардум таҳияи як имлои мукаммалу устувор ва  фаҳмою осонро интизоранд, то дар навишт ба иштибоҳ набараду назарҳои гуногунро ба вуҷуд наоварад. Имло бояд миллӣ бошаду моли забони адабӣ.

С. МАТРОБИЁН,
номзади илмҳои филологӣ, дотсент,
муовини раиси Кумитаи забон
ва истилоҳоти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.12.2019    №: 230    Мутолиа карданд: 1770
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед