иқтисод
БОХТАР. РӮЗГОР БАРТАРИЯТИ ТАНЗИМИ РАСМУ АНЪАНАРО СОБИТ СОХТ
Мушоҳидаю таҳлилҳо собит месозанд, ки амалӣ гардидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба беҳбудии ҳаёти мардум, тарбияи насли нав дар рӯҳияи худшиносию ватанпарварӣ ва боло гирифтани фарҳанги сарфакории мардум асос гузошта, сокинон бо дарки ҳақиқати ҳол роҳи дурусти зиндагиро пеш гирифтаанд. Чунин ҳолатҳои хушоянд дар шаҳри Бохтар бештар ба чашм мерасанд.
Фурқат Забиров, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии шаҳри Бохтар, гуфт, ки дар асоси баррасии муҳтавои қонунҳои мазкур имрӯзҳо байни кормандони 69 корхона, ташкилоту муассиса ва аҳолии шаҳр комиссияи алоҳида корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд, ки ин иқдомашон ҷиҳати пешгирии қонуншиканию баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат намуд. Дар зарфи 10 моҳи соли равон аз 1320 маъракаи баргузоршуда 4 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод назар ба солҳои қаблӣ хеле кам аст.
Сокинони шаҳр аз фарҳанги сарфакорӣ бархӯрдор буда, мехоҳанд бо дарки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъракаҳои хешро камхарҷ гузаронда, аз ҳисоби пасандозҳояшон ба ниёзмандон дасти ёрӣ расонанд. Ҳамин аст, ки дар арафаи идҳои миллию суннатӣ соҳибкорону шахсони саховатпеша ба оилаҳои камбизоату бепарастор дасти ёрӣ дароз менамоянд. Аз ҷумла, соли равон дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорону сокинони хайрхоҳи шаҳр ба муносибати иди саидти Фитр 39 сар чорвои калон ва 153 сар чорвои майдаро забҳ намуда, гӯшти онҳоро ба 3500 оилаи ниёзманд тақсим намуданд. Инчунин, ин ҷавонмардон ба як қатор аз чунин оилаҳо орду равған ва либосворӣ тақдим намуданд. Дар маҷмӯъ, дар ин рӯз аз ҷониби онҳо ба маблағи 911 ҳазору 580 сомонӣ чунин кори хайр сурат гирифт. Дар арафаи иди Қурбон низ ашхоси дорову саховатпешаи шаҳр бо сарфи 35200 сомонӣ ҳамин гуна корҳои хайр анҷом доданд. Дастгириву хайрхоҳии саховатпешагони шаҳри Бохтар дар иду ҷашнҳои дигар низ мушоҳида мешавад, ки аз баракати танзими ҷашну маросим дар кишвар сарчашма мегирад.
Имом - хатибони 35 иттиҳодияи динии шаҳри Бохтар якҷо бо намозгузорон талаботи қонунҳои амалкунандаро риоя карда, фаъолияташонро пеш мебаранд ва дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангии шаҳр фаъолона иштирок мекунанд. Дар остонаи идҳо ба аёдати пирони барҷомондаву ашхоси яккаву танҳо ва нафарони имконияташон маҳдуд рафта, барояшон маводи ғизоӣ медиҳанд.
- Сокинон аз ҳисоби сарфаи хароҷоти ҷашну маросими миллӣ дар корҳои ободонию созандагӣ низ саҳми бештар гузошта истодаанд. Масъулони бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим низ талош менамоянд, ки тариқи ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ нафарони саховатпешаро ба ҳиссагузорӣ дар ободонии маҳали зисташон бештар ҷалб намоянд. Онҳо азм доранд, ки то фарорасии Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар аз ҳисоби коҳиш додани маъракаю идҳои сермасраф ҳиссаи сокинони хайрхоҳро дар бунёди иншооти гуногун, махсусан роҳҳои маҳаллӣ, боз ҳам зиёдтар намоянд, - гуфт Ф. Забиров.
Анвар ҲАФИЗ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.12.2019 №: 230 Мутолиа карданд: 1833