logo

маориф

Агар нерӯ мақсаднок равона гардад…

Рушду такомул ва андӯхтани дониш раванди беохирест, ки пайваста ҷустуҷӯи роҳу усулҳои навин, такмилу маҳорати донишандӯзиро тақозо менамояд. Чунин вақт ҳеҷ гоҳ фаро нахоҳад расид, ки инсон бо эътимод ҷавоби ҳама суолҳояшро пайдо намояд. Ҳамеша зарурияти зоҳиршавии майлу рағбат ба илми муосирро думболагир хоҳанд буд ва ин, табиатан, аз талаботи дастёбӣ ба зиндагии хубу осоишта сарчашма мегирад. Бинобар ҳамин ҳам ҳар як ҷомеа бо дарки  ин зарурат пайваста кӯшиши пайдо намудани роҳҳои афзалиятноку самарабахши андӯхтани донишро ба харҷ медиҳад. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаи маориф (22 декабри соли 2005) қайд намуданд, ки «Агар ба тарбияи ворисони соҳибмаърифату донишманд ва содиқи миллату ватани хеш имрӯз бомасъулият муносибат накунем, ифтихору ғурури миллии мо гирифтори зоҳирпарастӣ шуда, дар доираи ному дастовардҳои гузаштаамон маҳдуд мемонад».  Таърихи умумибашарӣ ба исбот расонидааст, ки роҳбарияти кулли мамолики мутамаддин фаъолияти созандаю бунёдкоронаи  хешро маъмулан аз пешбурди риштаи маориф оғоз намудаю тадриҷан  ба дастовардҳои азими илмию техникӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва нуфузи баланди  сиёсӣ ноил гаштаанд.
Аз ин рӯ, агар талаботи рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар пешрафти соҳаи маориф, нерӯи зеҳнии инсонро тақозо намояд, пас тараққиёти иқтисодию иҷтимоӣ метавонад барои пешрафти илму маориф заминаи боэътимод фароҳам орад.  Хушбахтона,  дар ҳаёти ҷомеаи муосири тоҷик низ пас аз истиқрори сулҳу суботи сиёсӣ раванди таваҷҷӯҳ ба дастгирии инкишофи соҳаи маориф равнақу сифати тоза касб намуда, зарурати дар фаъолияти муассисоти маорифи кишвар татбиқи як қатор навовариҳои эҷодкоронаро ба миён гузошт.
Қобили зикр аст, ки Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва идораю муассисаҳои дахлдор ҳамарӯза дар партави чунин дастуру супоришот ва нишондодҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ фаъолият намуда, то ба имрӯз дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом додаю пайи дарёфти роҳу усулҳои навини боло бурдани сатҳи дониш, маҳорату малака ва маърифати касбии ҷавононанд.
Сардори давлат дар суханрониашон ба муносибати 17-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иброз доштанд, ки «мо бояд ҳамаи имконияту захираҳои маънавию зеҳнии худро барои ислоҳот ва таҷдиди шуури насли наврас ва ҷавонон, инчунин соҳибмаърифату соҳибихтисос гардонидани онҳо сафарбар намоем». Ин маорифчиёни мамлакатро водор месозад, ки иқтидори зеҳнии хешро баҳри комилан бедор кардани шавқу завқи толибилмон ба донишандӯзӣ ва тайёр кардани мутахассисони баландпоя равона созанд. Ҷавҳари асосии ҳар тадбири андешидаи Президенти кишвар аз он иборат аст, ки бунёдгарони ояндаи ҷомеа бомаърифату бофарҳанг тарбия ёбанд. Бинобар ин барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии омӯзгорон, ки тарбиятгарони насли наврасу ҷавононанд, шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ 22 дар сади буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф ҷудо гашт.
Бедор кардани шавқу рағбати донишандӯзӣ дар қалби насли ҷавони имрӯза яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ба шумор меравад. Чӣ бояд кард, ки саводнокии ҷавонон - созандагони оянда ба талаботи давр ҷавобгӯ бошад?
Фаъолиятро дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ бояд ҷоннок намуд, зеро таҳкурсии савод дар ин ҷо гузошта мешавад. Алҳол нарасидани кадрҳои педагогӣ дар аксари мактабҳо ба назар мерасад. Ва мактаб мӯҳтоҷи дастгирии аҳли ҷомеа низ мебошад.
Яке аз дастовардҳои миллати мо дар давраи истиқлолият арҷгузорӣ ба забони модарӣ аст. Соли  бузургдошти забони тоҷикӣ эълон шудани соли 2008 гувоҳ аз ғамхории Ҳукумат дар бораи он аст. Забон поя ва ҳастии миллат мебошад. Аз ин рӯ Сардори давлат ба он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд, то ки дигарон низ баҳри покиза нигоҳ доштани ин забони ноб бикӯшанд. Аксари омӯзгорон ба ҳусни хату дуруст навиштани калимаву ҷумлаҳои шогирдон аҳамият намедиҳанд. Ин аст, ки дар навиштаҳои довталабони мактабҳои олии касбӣ ғалатҳои зиёди имлоию грамматикӣ ба назар мерасанд.
Аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намудани диктант ва иншо ҳангоми қабули имтиҳоноти дохилшавӣ ба мактабҳои олии касбӣ чораи саривақтӣ оид ба муайян намудани сатҳи савод буд ва дар ин ришта такони ҷиддиро дар беҳшавии ҳусни хату баёну имло ба амал овард.
Таҳлили се соли имтиҳонҳои қабул дар донишгоҳ нишон дод, ки 85 дар сади довталабони донишгоҳ аз деҳотанд. Сатҳи саводнокии онҳо сол ба сол баланд мегардад. Ин нишондод, агар дар соли 2006 83 дар сад, 2007 92 дар садро ташкил дода бошад, пас он дар соли 2008 ба 98 дар сад расидааст, аммо ҳусни хату баёни онҳо аз 45-50 дар сад боло нарафтааст. Сатҳи дониш аз фанҳои биология ва химия то 65 дар сад афзудааст. Аз фанҳои физикаю математика бошад, аз 55 то 45 дар сад поён фаромадааст.
Имрӯз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сардори давлат сулҳу суботи комил дар кишварамон пойдор аст ва ин, албатта, ба болоравии сатҳи некӯаҳволии ҳар як хонавода мусоидат мекунад. Барои тарбия ва омӯзиш дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ шароит фароҳам оварда шудааст. Мактаббача дар ғизо, либос, зист ва дигар омилҳои иҷтимоӣ ягон мушкилот надорад ва аз ёрию назорати бевоситаи падару модар, хешу ақрабо, муаллим ва аҳли деҳа бархурдор аст. Яъне ба ҷуз хондан дигар ҳеҷ масъулияте эҳсос намекунад. Пас сабаб чист, ки сатҳи саводу дониши довталабон ҳанӯз ҳам ҷавобгӯи талабот нест? Маълум аст, ки дар ду соли аввали хониш кӯдак навиштану хонданро азбар мекунад. Вале аз чӣ бошад, ки дар 9 соли боқимонда аксаран ҳусни хату баён қариб бетағйир мемонад. Оё назорати таълими ҳусни хату баён, донишандӯзӣ вазифаи муқаддаси падару модар нест? Омӯзгорони фанҳои гуногун низ нисбати сатҳи саводнокии шогирдон беэътиноӣ зоҳир мекунанд, ҳол он ки мутаносибии сатҳи саводнокӣ ва донишандӯзӣ ногузир аст. Ба ҳамин хотир бедор кардани завқи донишандӯзии мактаббачагон ва мақсаднок сафарбар намудани онҳо ба мактабҳои олии касбӣ вазифаи ҷонии ҳар як падару модар ва омӯзгорони мактаб мебошад.
Хурсандиовар аст, ки довталабони имрӯза дорои иқтидори зеҳнии солим ва тарбияи баланд мебошанд. Ин ду омили муҳими донишандӯзӣ аст ва мо бояд онҳоро самаранок истифода намоем. Дар ҳолати мақсаднок равона намудани ин нерӯи ҷавонӣ ба мо муяссар мегардад, ки пеши ҳар гуна рафторҳои номатлубро гирифта, мутахассиси баландпояи бофарҳангро ба камол расонем. Дар акси ҳол ин нерӯи ҷавонӣ дастраси истифодаи ҳар хел ҷараёнҳо мегардад.
Вазъи таълим дар мактабҳои олии касбӣ аз макотиби таҳсилоти умумӣ фарқ мекунад. Дар баробари ҳалли мустақилонаи масъалаҳои иҷтимоӣ донишҷӯро зарур аст, ки ҳам барномаи таълимии олии касбиро пурра азбар намояду ҳам баҳри рафъи камсаводӣ ва беҳшавии ҳусни хату баён бикӯшад. Таҷрибаи донишгоҳ оид ба ташкили озмуни ҳусни хату баён ба ҷорисозии дарсҳои иловагӣ натиҷаҳои дилхоҳ доданд. Танҳо бо хоҳишу завқ ва масъулияти баланд донишҷӯ метавонад, ки барномаи таълимию олии касбиро комилан аз худ намояд, ба корҳои беҳуда машғул нашавад.
Суханронии Сардори давлат дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (17 апрели соли 2007) оид ба таъмини шаффофияту воқеияти имтиҳонҳои қабул ва ҷараёни таҳсил барои ҳайати омӯзгорони ҳама мактабҳои олии касбӣ дастури барномавии таъмини сифати таълим мебошад. Амалӣ намудани ин вазифаи муҳим танҳо дар сурати самаранок истифода бурдани иқтидори илмӣ-педагогии омӯзгор, нерӯи зеҳнӣ ва фарҳангии донишҷӯ бо дарки баланди ифтихори миллӣ муяссар мегардад. Дар таъмини шаффофияту воқеъбинонаи қабули имтиҳонҳои ҷорӣ пеш аз ҳама умеди гирифтани баҳо ба воситаи шиносбозӣ ва рафторҳои номатлуб бояд куллан аз байн бардошта шаванд.
Таҷрибаи донишгоҳ оид ба таъмини шаффофияту воқеъбинонаи қабули имтиҳонҳо дар соли хониши 2007-2008 маълум намуд, ки завқу масъулияти донишандӯзии аксарияти донишҷӯён дар ҳолати набудани умеди гирифтани баҳо ба ҷуз дониш бамаротиб зиёд мегардад.
Бедории завқ ва масъулияти азбар намудани дониши касбии донишҷӯ аз эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҳар як омӯзгор вобастагӣ дорад. То даме, ки муносибати ғамхоронаи омӯзгор нисбати донишҷӯ, масъулияти ҳар як омӯзгор барои болоравии сатҳи дониши касбии хатмкунанда ва пойгоҳи боэътимоди моддӣ-техникии ихтисос таъмин нагардад, тайёр намудани мутахассисони баландпояи ба талаботи бозор ҷавобгӯ мушкил аст.
Вақти он расидааст, ки шавқу завқ, ҳисси баланди масъулиятшиносию ватандорӣ ва ҳувияти миллии шогирдон-мутахассисони ояндаро баланд бардошта, пешрафту шукуфоии дурахшони Ватанамонро таъмин намоем.
24 октябри соли равон ба муносибати 60-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон мулоқоти Сардори давлат бо маорифчиёни ҷумҳурӣ доир мегардад. Он ба болоравии сатҳи донишу маърифатнокӣ, хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ ва бедоршавии завқу дарки масъулияти донишандӯзии ҷавонон мусоидат хоҳад намуд.

Иззатулло Сатторӣ, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7530
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед