фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ЯК ПАНД. САНГИ ВАЗНИНРО ОБ НАМЕБАРАД
Ҷавони зиштрӯе дар назди омма ҳакимеро бисёр талх таҳқир намуд, вале, ғайриинтизори ҳама, мӯйсафед чизе нагуфт, баръакс, лабханде заду хост роҳашро идома диҳад. Яке аз шоҳидони ҳол бо тааҷҷуб пурсид:
- Чаро ин гуна рафтор кардӣ? Магар лоиқи ҳақорат будӣ?
Пирамард, ҳамчунон, оромона гуфт:
- Бо ман биё!
Баъди чанд фурсат ҳар ду ба вайронае расиданд. Ҳаким шамъ фурӯзон карду аз кадом як ҷиҳози сандуқмонанде либоси ҷанда берун овард ва ба ҷавон пешниҳод кард, ки бипӯшад.
Ҷавон якбора ба ғазаб омада гуфт:
- Чаро ман бояд ин либосро ба бар кунам? Магар намебинӣ, ки куҳнаву бӯйгин ва ҳам фарсуда аст?
- Ана дидӣ, писарам! - гуфт ҳаким, - ту нахостӣ либоси даридаву куҳнаро бипӯшӣ. Ҳарфҳое, ки аз он ҷавони сархуш шунидам, барои ман мисли ҳамин ҷандаи бӯйгине буданд, ки пӯшиданашро лоиқ надонистам.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА
ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.
Муаммои калимасозӣ
Ҳарферо интихоб намуда, аз паси он ҳарфи дигареро нависед, ки маънояш калимаи шакли ҷамъдоштаро ифода кунад. Аз паси калимаи ҳосилшуда ҳарферо нависед, ки калимаи нави ҳосилшуда, номи яке аз ҷисмҳои осмонии дар атрофи Замин даврзанандаро ифода созад. Агар ба охири калимаи ҳосилшуда ҳарфи дигареро илова намоед, калимае ҳосил мешавад, ки номи яке аз ҷонварҳои обиро ифода мекунад. Лекин агар ба ин калима ҳарфи навро илова карда нависед, калимаеро ҳосил мекунед, ки он сифати одами ҳунармандро муайян мекунад, ки касби худро хеле хуб медонад. Агар ба охири калимаи нави ҳосилшуда ҳарфи охиринро нависед, номи одамро ҳосил мекунед.
Ҳарфи аввала ва калимаҳои ҳосилшаванда кадомҳоянд?
Масъули рубрика
Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
КӮДАКОН
ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ
1. Аз рӯи ҳуҷҷат кӯдакони кореягӣ нисбат ба ҳамсолони худ аз дигар кишварҳо як сол калонанд. Барои он ки дар ин кишвар 9 моҳи дар батни модар буданро низ ба ҳисоб мегиранд.
2. Мувофиқи тадқиқот кӯдакони 3 - 4 – сола рӯзе то 900 суол дода, 12 ҳазор калимаро ба забон меоранд.
3. Хурдсолони Олмон аз нигоҳи истифодаи технологияи компютерӣ пешрафтаанд. Ҳар кӯдаки олмонӣ то нуҳсолагӣ ҳадди ақал сохтори кори ду телефони мобилиро тағйир дода, кор бо компютерро пурра аз худ мекунад.
4. Ба гуфтаи олимон кӯдаконе, ки бо хазидан роҳравон мешаванд, нисбат ба онҳое, ки якбора роҳ мераванд, дар таҳсил муваффақтар мегарданд.
Таҳияи М. ҚОДИРОВА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Маслиҳати Шоу
Аз Бернард Шоу пурсиданд:
- Аз ноомади кор ва мушкили рӯзгор ба дӯст бояд гуфт ё ба душман?
- Дар ин бора беҳтар аст ба душман роз гӯед. Аввал ин ки шумо як лаҳза нафареро хурсанд месозед, дувум танҳо душман қиссаи шикасти шуморо то охир ва бодиққат гӯш карда метавонад.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалимаи ҚУРБОНАЛӢ
ЕВГЕНИЙ ПЕТРОВ
САРГУЗАШТЕ, КИ БОЯД ШУНИД
Нависандаи маъруфи рус Евгений Петров ба ҷамъоварии маркаҳо барои лифофаи мактубҳо машғул буд. Ӯ номаҳояшро бо нишонаҳои тахминӣ ва номҳои тахайюлӣ ба мамлакатҳо, шаҳрҳо ва кӯчаҳои гуногун мефиристод. Номаҳои тахминӣ ба суроғае нарасида баъди як моҳ боз мегаштанд. Ҳамин тариқ, ӯ маркаҳои мамлакатҳои дигарро ҷамъ меовард. Соли 1939 Петров ба Зеландияи Нав ҳам як номаи тахминӣ навишт ва дар он ба Мериллу ном шахси номаълум барои даргузашти бобояш Питя изҳори таслият намуд. Вале, ғайричашмдошт аз байн як моҳ гузашта бошад ҳам, номааш барнагашт. Нависанда номаро аз ёд баровард, вале баъди 3 моҳ ба мактуби худ ҷавоб гирифт. Нависандаи нома бо изҳори сипос аз рӯзҳои дар хонаашон будаи Петров ёдовар шуда буд. Ғайр аз ин, дар лифофа боз акси марде буд, ки Петровро дар оғӯш мегирифт. Дар пушти акс таърихи 9 октябри соли 1938 сабт шуда буд. Петров таърихи рӯзро дида, ба ёд овард, ки дар он замон дар ҳолати беҳушӣ ба бемористон афтида буд. Вай хост, ки таърихи ин ҳодисаи аҷибро ошкор кунад. Аз ин рӯ, ба Зеландияи Нав боз нома навишт, лекин ин дафъа бинобар оғоз шудани ҷанг ҷавоби нома барнагашт...
Таҳияи Нигина РАҲМОН
1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
СОПРАНО ВА САГЧА
Фестивали мусиқии Монпелеи Франсияро барномаи охирин - сопрано (сопрано – овози баландтарини занона) бояд ҳусни анҷом мебахшид. Дар саҳни дохилии кӯшки куҳна, ки махсусан садо хуб акс медод, сароянда суруди оҳангсоз Клод Дебюссиро иҷро мекард. Суруд дорои бисёр нотаҳои баланди пуравҷ буд. Сароянда иҷрои нотаҳои баландро хеле дӯст медошт, аз ин рӯ, ба ҳангоми расидан ба нотаҳои баланд, аз ҳад зиёд авҷ мегирифт. Нотаҳои баланд дар ҳотае, ки садоро ба таври аъло акс мекунонд, дар иҷрои сопрано муҳити пурғулғуларо ба вуҷуд оварданд. Аз таъсири акси садои сопрано сигнализатсияҳои мағозаҳои атроф якбора ба кор даромада, ба дили мардуми ба хоби ширин рафта даҳшат афканданд. Вақте ки суруд бо садои паст хонда мешуд, бонги хатар қатъ мегашт, ҳамин ки ба авҷи аъло мерасид, аз нав бонг ба самоъ мехест. Масъулони консерт мудирони мағозаҳоро аз ҷойгаҳ хезонда, ба берун бароварданд, то ки сигнализатсияҳоро хомӯш намоянд, барои ин амал 2 соат вақт рафт, сароянда дар толор то иҷрои ин кор сабурона мунтазир истод, аммо тамошобинон аз интизорӣ хобро маъқул дониста, кӯшкро тарк намуданд. Вақте ки ӯ банди охирро месуруд, кӯшк куллан холӣ буд. Танҳо муғанниҳо ӯро мешуниданд, вале ба вақти авҷ гирифтани суруд дар нотаҳои баланд, аз бинои ҳамсоя садои саге ба гӯш мерасид. Саг, эҳтимол, мехост вазифаи сигнализатсияро иҷро намояд, аз ин рӯ, бо уллосаш ба сопрано ҳамовозӣ мекард
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
РОҲИ ОСОНИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛА
Солҳои бистуми асри гузашта дар театри Ню-Йорк "Гилд" намоиши "Сент Ҷон" - и Бернард Шоу мерафт. Тамошобинон нахустнамоишро хуб пазироӣ карданд, аммо дере нагузашта сафи тамошогарон кам гашт. Сабаб дар он буд, ки намоиш панҷ дақиқа баъд аз пӯшида шудани метро ба охир мерасид. Тамошогарон маҷбур буданд, ки пиёда ба хона раванд. Намоишро кӯтоҳ кардан лозим омад. Аз Шоу тавассути телеграмма пурсиданд: «Чӣ бояд кард?» Ӯ ҷавоб дод:
- Намоишро барвақттар оғоз кунед, ё метро кори худро то охири спектакл идома диҳад!
Таҳияи Наргис АТОЕВА
АЗ ХӮРОК МАРВОРИД БАРОМАД
Зану шавҳар Энтон ва Шерил Шермер дар Ню-Ҷерси ба тарабхонае, ки аз гӯшти ҷонварони баҳрӣ хӯрок тайёр мекарданд, омада фармоиш доданд. Ҳангоми хӯрдан Энтон дар луқмааш ҷисми сахтеро ҳис карду онро берун овард. Зану шавҳар аввал хостанд ба хизматгор шикоят баранд, вале чун диданд, ки аз даруни хӯрок марвориди ҳақиқӣ баромадааст, аз ҳайрат дам ба дарун заданд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
ПУЛҲОИ АФСОНАВӢ
12. Пули анкабут дар шаҳри Сан - Сити, ҶАҶ
Ин чист? Майдончаи банаворгирии филми даҳшатнок дар бораи тортанак ҳаюло, ки ба тори он қаҳрамонҳои филм меафтанд?
Не! Ин "Тортанакпул» аст дар шаҳри Сан - Сити дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ. Дар як вақт ҳам метарсонад ва ҳам бо тарҳи зебои худ дилҳоро тасхир месозад.
Лола РИЗОӢ, тарҷума аз русӣ
ГРАСА МАШЕЛ
ТАҚДИРИ ҒАЙРИОДИИ ЯК ЗАНИ ОДӢ
Граса Машел ягона зан дар таърихи ҷаҳон аст, ки шаҳбонуи аввали ду давлати гуногун (Мозамбик дар солҳои 1975 - 1986 ва Африқои Ҷанубӣ дар солҳои 1998 - 1999) интихоб шудааст. Муддати 11 сол ӯ завҷаи Президенти Мозамбик Самор Машел буд. Соли 1986 баъди ба садама дучор шуда вафот кардани ҳамсараш соли 1998 Граса зани аввалин Президенти сиёҳпӯсти Африқои Ҷанубӣ Нелсон Мандел гардид. Дар Мозамбик Граса дар раёсати Ҳаракат барои озодии Мозамбик фаъолият мекард, ҳамчунин, дар мансаби вазири маориф ва фарҳанг фаъолият намудааст. Қобилияти донистани забонҳои хориҷӣ ӯро дар арсаи байналмилалӣ машҳур кард. Граса ҳоло ҳам бо созмонҳои аврупоӣ ва байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунад, ҳимоятгари ҳуқуқи занону кӯдакон мебошад.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
ГРИФИ СИЁҲ
Баландии қадаш ба 115 сантиметр ва болҳояш ҳини кушодан ба 2,8 метр расида, вазнаш 12 килограммро ташкил медиҳад. Шумораашон дар ҳудуди Аврупо 900 ҷуфт, дар Россия ва Қафқоз бошад, ҳамагӣ 30 ҷуфт мебошад.
Биноии чашмонаш басо хуб буда, туъмаи худро аз як километр ҳам мушоҳида карда метавонад. Бо нӯлзании хеле шиддатноку қавияш «туъмаи бузурге» - ро метавонад аз пой афтонад. Азбаски чанголҳояш заифанд, туъмаашро бурда наметавонад.
Давоми як рӯз барои ба даст овардани ғизо масофаи то 400 километрро тай мекунад.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
КРИЛОВ
Вақте масалгӯи бузурги рус Иван Крилов ба хонаи нави иҷора кӯчид, соҳибхона шартномаеро барои имзо пешниҳод сохт. Аҷиб, дар яке аз бандҳои он ишора шуда буд, ки агар аз беаҳамиятии иҷоранишин мабодо хона даргирад, ӯ вазифадор аст, то шаст ҳазор рубл ҷубронпулӣ диҳад.
Пеш аз он ки Крилов ба ҳуҷҷат имзо гузорад, дар давоми 60 000 боз ду сифри дигар (00) илова намуд.
- Ин корро ба хотири он кардам, ки барои шумо гуворо бошад. Аз ду сар Худо накардаву хона сӯзад, ман ҳеҷ гоҳ зарари онро ҷуброн карда наметавонам, зеро на 60 ҳазор дораму на 6 миллион,- гуфт нависанда тааҷҷуби соҳибхонаро дида.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
КИТОБҲОЕ, КИ БОИСИ ТАҲАВВУЛОТИ ТАФАККУРИ ИНСОН ГАРДИДААНД
Михаил Булгаков ва «Дуредгари Саардамӣ»
«Дуредгари Саардамӣ» китобест, ки ба қалами Пётр Фурман тааллуқ дошта, дар замони муосир фаромӯшшуда ба ҳисоб меравад. Китоби мазкур, ки дар бораи даврони ҷавонии шоҳ Пётри I қисса мекунад, дӯстдоштатарин асари нависандаи барҷастаи рус Михаил Булгаков буд. Дар китоби «Гвардияи сафед» - аш адиб чанд маротиба аз эҷодиёти Фурман ёдовар шуда, осудагӣ ва муваффақияташро дар мутолиаи ин китоб медонад. «Дуредгари Саардамӣ» асари безавол буда, таъсири онро дар эҷодиётам зиёд эҳсос менамоям», - гуфтааст Михаил Булгаков.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
ЧЕМПИОНҲОИ ҶАҲОН ОИД БА ШОҲМОТ
Владимир КРАМНИК
Чемпиони ҷаҳон дар солҳои 2000 – 2007.
Намояндаи Россия.
Соли 2006 Владимир Крамник вохӯриро бо Веселин Топалов (Булғористон) ба фоидаи худ анҷом дода, чемпиони 14-уми ҷаҳон оид ба шоҳмот шуд. Ин воқеа тасодуфӣ набуд. Пеш аз он ки барои дарёфти унвони олитарин мубориза барад, Крамник ду маротиба унвони чемпиони ҷаҳонро байни ҷавонон соҳиб гардид.
Тақрибан, пас аз як сол Крамник унвони чемпиониро ба Ананд бохт.
Услуби бозии Владимир Крамник тарзи муҳраронии Карповро ба ёд меорад. Крамник, шоҳмотбози дорои неруи шигифтовар ва услуби хосса, имрӯз низ дар сафи элитаи шатранҷбозони ҷаҳон ҷой гирифтааст.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ
НОДИРТАРИН ҲАЙВОНҲОИ ДУНЁ
6. ГАВДАРАИ ПОЙСУРХ
Дарозии ин паранда, ки лаклакмонанд мебошад, 78 см аст. Гавдара рӯзро дар соҳили дарёҳо, шолизор ва шабро болои дарахтони баланд сипарӣ мекунад. Пештар ин парандаи зеборо дар гӯшаву канори гуногуни ҷаҳон бо шумораи зиёд дидан мумкин буд. Ҳоло бошад, саршумори онҳо 20 - тост.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
5 ШОИРИ МУОСИРЕ, КИ ОНҲОРО БОЯД ШИНОХТ
Мегӯянд, ки асри тиллоии назм гузаштааст ва адабиёти ҳозира мисли гузашта маъруф нест. Аммо байни адибон, бавижа шоирони муосир, соҳибқаламони ҳунарманду аҷиб бисёранд. «Шоми шанбе» ба шумо беҳтарини онҳоро муаррифӣ хоҳад кард.
АТТИКОС
Ӯ яке аз шоирони пурасрори муосир ба ҳисоб меравад. Симояшро ҳеҷ кас надидааст, ҳеҷ кас дар бораи тарҷумаи ҳоли ӯ ва зиндагии шахсиаш чизе намедонад. Ҳатто дар суҳбатҳои озод ӯ бо ниқоби нуқрагин иштирок мекунад. Симои ӯро аз ашъораш пайдо кардан мумкин аст. Ҳоло обуначиёни нашрияҳое, ки бори аввал шеърҳои ӯро интишор медиҳанд, то миллионҳо кас расидаанд.
Дар эҷодиёти Аттикос шеърҳо шаклашонро ҳамеша иваз карда меистанд. Онҳо баъзан иқтибосро ба ёд меоранд. Яке аз шеърҳои маъруфи шоир «Ӯро девонавор дӯст дор!» мебошад.
Таҳияи Мавлуда ОДИНАЕВА
12 ТЕЗСУРЪАТТАРИН НАҚЛИЁТ ДАР ҶАҲОН
5. Заврақ бо муҳаррики реактивӣ
Суръати рекордиро дар болои об 8 октябри соли 1978 Кен Уорб гузоштааст. Заврақи чӯбини ӯ ба воситаи муҳаррики реактивии Westingjouse j 34 (асосан дар тайёраҳои бомбаандоз истифода мешавад) ба ҳаракат медарояд. Заврақи мавсуф суръаташро то 511 км/соат расонд, ки ин натиҷаи рекордӣ маҳсуб шуда, зиёда аз 40 сол аст, ки дар сархати рейтинг қарор дорад.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
ҶАВОҲИРОТ
МОЛИ КАДОМ ШИРКАТ ГАРОНТАРИН ДАР ҶАҲОН АСТ?
1. Ҳарри Уинстон (Harry Winston) соли 1923 ширкатеро таъсис дода, туфайли маҳсулоти худ бениҳоят машҳур гардид. Ҳамаи маҳсулоти ин ширкат бренди ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Ширкат маҳсулоти худро аз сангҳои нодиртарини сифаташон баланд ва дастӣ истеҳсол мекунад. Аз ҳамин сабаб, маҳсулоташ байни хонаводаҳои шоҳӣ ва ситораҳои Ҳолливуд писандида мебошад.
2. Ширкати «Cartier» соли 1860 шуҳрати худро ба шарофати маҳсулоти баландсифаташ пайдо намуд. Дастпонаи ин ширкат бо нархи 12,4 миллион доллар фурӯхта шуд, ки аз ҳама гаронтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
3. Алфред Ван Клиф ва амакаш Соломон Арпелс ширкати «Van Cleef & Arpels» - ро ташкил намуданд, ки маҳсулоташон бо тарҳ ва зебоии худ ҳамто надошт. Аксари ҷавоҳирот дар шакли парандаҳо, гулҳо, ҳайвонот ва қаҳрамонҳои афсонавӣ сохта шудаанд, ки ҳаракат, зебоӣ ва саёҳатро таҷассум мекунанд. Ширкат соат низ истеҳсол мекунад.
4. Маҳсулоти ширкати «Граф Даймонд» (Graff Diamonds) байни муштариёни сарватманд хеле маъмул аст. Ҷавоҳироти он аз сангҳои калони қиматбаҳо иборат мебошад. Бино ба гуфтаи соҳиби ширкат Лоурен Графф алмосҳои калон манбаи асосии даромади онҳо ба ҳисоб мераванд.
5. Ширкати итолиёвии Буччелати бо тарҳу зебоии маҳсулоти худ фарқ мекунад. Шакли асосии онҳо торнамо буда, бо алмосҳо оро дода шудаанд. Корпуси телефони мобилии iPhone-ро, ки ширкати Буччелати ба маблағи 208 000 доллар оро додааст, қиматтарин дар ҷаҳон маҳсуб мегардад.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
ЧАНД АМАЛИ АҶИБИ ДУЧАРХАСАВОРОНИ ДАНИЯГӢ
7. Даниягиҳо дар болои дучарха ҳам худро оро медиҳанд
“Агар шумо ба ҳама ҷо бо велосипед равед, пас, чаро ҳангоми ба вохӯрии корӣ ё шабнишинӣ рафтан аз он истифода набаред?”, - чунин андеша доранд сокинони ин кишвар. Даниягиҳо мӯдпарастони ашадианд ва дар ин кор завқи олӣ доранд. Баъзеҳо тавре ба назар менамоянд, ки гӯё навакак аз саҳифаи маҷаллаҳои ҷилодор берун омада бошанд, вале дар асл чунин нест ва ҳамин ҳоло аз дучарха пиёда шудаанд. Даниягиҳо худро дар болои дучарха ҳам оро медиҳанд.
Дар пой пойафзоли каблукдор ва сафар бо дучарха – дар ин ҷо кори маъмулист.
Дар Дания аксари пиронсолон низ велосипедсаворӣ мекунанд ва баъзе маврид дар рондани дучарха аз ҷавонҳо ҳам пеш мегузаранд.
Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ, тарҷума аз русӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.12.2019 №: 231 Мутолиа карданд: 1837