фарҳанг
ХАТЛОН. РОҲХАТИ 40 НАФАР БА ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ..."
Ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ дар кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ҷараён дорад.
Чанде пеш дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илм, Кумитаи телевизион ва радио, чеҳраҳои саршиноси илму адаб даври вилоятии озмун дар сатҳи баланд ҷамъбаст гардид.
Лоиқи зикр аст, ки дар марҳалаи вилоятии ин озмуни пурнуфуз наздики 400 нафар ширкат варзида, аксарашон бо сухандониву суханварӣ ва маҳорати волои қироати порчаҳо аз осори шеъриву насрии шоирон ва нависандагони классику муосири тоҷик дили ҳакамон ва, дар умум, кулли иштирокдоронро тасхир намуданд. Баргузории озмун бори дигар собит месозад, ки миёни намояндагони гуногуни қишри ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон, нафарони бозаковату лаёқатманд зиёданд.
Тибқи муқаррароти озмун, ҳакамон ба донишу маҳорати довталабон аз рӯи меъёрҳои баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар, озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ, ҳунари ровигӣ ва наққолӣ, қобилияти луғатдонӣ ва тавзеҳи он, дарки дурусти мазмуну муҳтавои асар, таассурот аз хондани осор баҳо гузоштанд.
Пас аз баррасиву натиҷагириҳо, дар номинатсияҳои аз ёд кардану хондани осори адибони классики тоҷик, аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик, аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик, аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон мутаносибан Сафармоҳи Аҳмадбек (Ёвон), Маҳсумаи Маҳмурод (Ёвон), Нурбону Ятимова (Ёвон) ва Майсуна Муминова (Данғара) ғолиб дониста шуданд. Султон Каримов (Ёвон), Банда Талбакова (Кӯлоб), Ширини Мирбадал (Бохтар), Фарзона Темурова (Ёвон), Ҳумайнӣ Кароматзода (Данғара), Мадина Ҷабборова (Кӯшониён), Робия Қодирова (Кӯлоб) ва Файзулло Қадамов (Кӯшониён) сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.
Боиси тазаккур аст, ки ғолибон бо шаҳодатнома ва 5000 сомонӣ, шахсоне, ки ҷойҳои дувуму сеюмро гирифтанд, бо шаҳодатнома ва мутаносибан 3000 ва 2000 сомонӣ сарфароз гаштанд. Инчунин, 28 иштирокчии дигар, ки ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат ёфтанд, ҳар яке бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва 1000 сомонӣ мукофотпулӣ қадр шуданд. Ба 34 иштирокдори фаъол, ҳарчанд ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат наёфтанд, сипоснома ва 500 сомонӣ тақдим гардид.
Бояд гуфт, ки дар маҷмӯъ аз вилояти Хатлон барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...» 40 нафар роҳхат гирифт.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.12.2019 №: 232 - 233 Мутолиа карданд: 1272