logo

ҳуқуқ

КОРРУПСИЯ. МУБОРИЗА БО ИН ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР ДОРАД

Дар  равандҳои сиёсии ҷаҳони имрӯза коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби  иҷтимоӣ  мушкилоти гаронеро барои инсоният ба бор овардааст. Ҳарчанд  аҳли ҷомеа бар зидди  ин амалҳои ғайриқонунӣ доимо дар мубориза омода бошад ҳам, то ба ҳол, чи дар давлатҳои абарқудрат ва чи дар давлатҳои рӯ ба инкишоф, коррупсия арзи  ҳастӣ дорад.

Коррупсия таърихи хеле қадима дошта, дар ҳар давру замон садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа гашта, оромиву суботро халалдор менамояд, ки аз ин зуҳурот бовари мардум ба мақомоти давлатӣ коста мегардад.
Албатта, фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, зуҳури он дар ҳар шакле боиси заиф шудани механизмҳои давлатдорӣ ва низоми зиндагии инсонӣ мегардад ва муборизаю муқовимат алайҳи ин зуҳуроти зиддиарзишӣ вазифаи на танҳо мақомоти дахлдори давлатӣ, балки рисолати шаҳрвандӣ ва инсонии ҳар сокини солимақли ин марзу бум маҳсуб меёбад.
Хавфнокии коррупсия дар он зоҳир мегардад, ки устувории ахлоқи ҷомеаро коста гардонда, ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири манфии худро мерасонад. То имрӯз ба ҳеҷ як давлати дунё муяссар нагаштааст, ки коррупсияро пурра аз байн барад.
Дар ҷаҳони имрӯза дар санадҳои миллӣ ва байналмилалии ҳуқуқӣ мафҳумҳои гуногуни коррупсия истифода мешаванд, ки нисбатан серистеъмолашон дар айни замон чунин таърифи пешниҳодкардаи Конгресси нуҳуми СММ мебошад:                            «Коррупсия суистифода аз ҳокимияти давлатӣ барои гирифтани фоида ба мақсадҳои шахсӣ аст».
Табиист, ки дар натиҷаи омилҳои коррупсионӣ иқтисодиёти ниҳонӣ вусъат ёфта, қисми даромаднокии буҷет аз ҳисоби кам ворид гардидани андозҳо коҳиш меёбад, ки ин бинобар иҷро нагардидани уҳдадориҳои буҷетӣ ба тезутунд гаштани проблемаҳои иҷтимоӣ оварда мерасонад. Ба замми ин, самаранокии фаъолияти иқтисодиёт ва вайроншавии механизмҳои бозаргониро ба амал оварда, рақобати солимро аз байн мебарад ва ба пайдошавии тамоюлҳои инҳисорӣ мусоидат менамояд.
Проблемаҳои коррупсия имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Зеро он, пеш аз ҳама, ба пешрафти иқтисодиёт, некуаҳволии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, татбиқ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, болоравии обрую нуфузи давлат ва низоми сулҳу субот  халали ҷиддӣ ворид сохта, боиси косташавии ахлоқи ҷомеа мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намудаанд: “Яке аз хатарҳои асосии ҷомеа, ки ба рушди устувори давлат монеъ шуда, ба нуфузу обруи он дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад, коррупсия мебошад».
Мақомоти бо коррупсия олудагашта ба ҷинояткории муташаккил мусоидат намуда, ба ин васила ба қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада шароит фароҳам меоварад, дар шуури ҷамъиятӣ тасаввурот дар бораи беҳимоягии шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташаккул ёфта, оқибат ба косташавии минбаъдаи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ оварда мерасонад.
Мубориза бар зидди коррупсия дар сиёсати давлатии Тоҷикистон ҳамеша яке аз масъалаҳои асосӣ буда, муқовимат ва пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда сол ба сол ҷиддитар мешавад. Ин дар ҳолест, ки кишвари мо аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд.
Чунончи, соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» ба тасвиб расида, дар асоси он самтҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ муайян шуданд.
Имрӯз Тоҷикистон узви шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд буда, вобаста ба такмили қонунгузорӣ дар ин самт иқдомоти зиёдеро амалӣ намудааст. Ҳамзамон, дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ду Стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия қабул карда шуд, ки дар онҳо чораҳои маҷмӯии хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангӣ вобаста ба муқовимат ба коррупсия пешбинӣ гардидаанд. Мавҷудияти ҳамин санадҳо ва дар доираи он амалӣ намудани чорабиниҳои махсус доир ба мубориза бо коррупсия сиёсати давлатии зиддикоррупсиониро таҳким бахшида, боиси эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.
Ташкилоти бонуфузтарини байналмилалӣ - Созмони Милали Муттаҳид ҳамеша атрофи масъалаи мазкур  чорабиниҳои муфид тарҳрезӣ намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешкаш менамояд.
Аз ҷумла, 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул шуд, ки дар он принсипҳои асосии мубориза бо коррупсия, номгӯи чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ, чораҳои пешгирии коррупсия барои давлатҳои аъзо пешбинӣ шудаанд. То ба имрӯз 140 давлати дунё ба зери ин санади муҳими байналмилалӣ имзо гузоштааст. Тоҷикистон низ ба ҳуҷҷати мазкур 25 сентябри соли 2006 имзо гузошт, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16 апрели соли 2008 тасдиқ гардидааст.
Ҳамзамон, бо ташаббуси Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид 9 - уми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия эълон шудааст.
Бо назардошти пазируфта шудани конвенсияи мазкур аз тарафи Тоҷикистон ва тибқи муқаррароти моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар маҳсуб ёфтани он зарурати ба талаботи конвенсия мутобиқ намудани конунҳои амалкунанда ба миён омад, ки дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии кишвар ин иқдом пай дар пай амалӣ гашта, ба ҷараёни умумимиллии ислоҳоти конунгузорӣ ва муқовимат ба коррупсия табдил гардид.
Қобили зикр аст, ки баъд аз соҳибистиқлол гаштан, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар душвориҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию иқтисодӣ ба проблемаҳои коррупсия рӯ ба рӯ гашт. Бинобар ин, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ як қатор ислоҳоти ҳуқуқӣ дар самти танзими қонунгузорӣ ба роҳ монда шуданд.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» дар соли 2005, кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва дигар  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  бархе аз номгӯи зиёди он чорабиниҳоянд, ки ҷиҳати муқовимат ба коррупсия дар амал татбиқ шудаанд ва ин раванд идома дорад.
Дар таҳкурсии чунин иродаи устувори сиёсати зиддикоррупсионии Сарвари давлат баҳри пешгирии коррупсия ва мубориза бар зидди он тадбирҳои таъмини шаффофият ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ андешида шуда, уҳдадории ҳар хизматчии давлатӣ барои пешниҳоди эъломия дар бораи даромад ва амвол муқаррар гардид. Ҳамчунин, дар идомаи раванди устувор намудани кафолатҳои ислоҳоти ҳуқуқию институтсионалӣ охири соли 2006 баҳри бартараф намудани такрори вазифаҳои сохторҳо ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар низоми идоракунии давлатӣ теъдоди вазорату идораҳо дар ҷумҳурӣ кам карда шуданд.
Бо мақсади мубориза бо коррупсия дар мамлакат ва муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зиддикоррупсионии давлат, ба мубориза ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгардондашудаи зиддикоррупсионӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки вазифаҳои асосии он аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳои сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ иборат мебошад.
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати                    10 - солагии таъсисёбии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия барҳақ зикр намуданд: «Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонда, обруву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва, дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад».
Бешубҳа, маълумоти дарҷгардида нишонаи равшани мақсаду мароми қатъии андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти муқовимат ба коррупсия мебошанд.
Аз ин рӯ, кормандони мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ барои таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсионӣ ва, дар маҷмӯъ, ҳифзи манфиати давлат ва ҷомеа беш аз пеш ҷидду ҷаҳд  менамоянд.

Сулаймон СУЛТОНЗОДА, директори Агентии
назорати давлатии молиявӣ ва мубориза
бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
генерал-майори адлия


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.12.2019    №: 232 - 233    Мутолиа карданд: 1475
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед