иқтисод
КОНҲО.КАЙ АЗ НАЗАРИЯ БА АМАЛИЯ МЕГУЗАРЕМ?
Акнун бо рӯи кор омадани иқтидорҳои нави энергетикӣ барои истифода аз ганҷҳои нуҳуфтаи сарзамини кишварамон имконият фароҳам омад. Корхонаҳои соҳаи саноати кӯҳӣ домони фаъолияташонро васеътар менамоянд. Дар ин самт саҳми геологҳои мамлакат ҷиҳати дар истеҳсолот ҷорӣ намудани маъданҳои кӯҳию зеризаминӣ зиёд ба назар мерасад. Дар корҳои ҷустуҷӯӣ, иктишоф ва омода кардани кон барои истихроҷ онҳоро чӣ масъалаҳое дар пешанд, ба муносибати рӯзи касбии геологҳо рӯи коғаз меорем.
АКСБАРДОРӢ МУАЙЯНКУНАНДАИ ДАҚИҚИ КОН
Мувофиқи маълумоти омор, дар ҳудуди ҷумҳурӣ беш аз 600 кон бо захираи 60 намуди ашёи хоми маъдан мавҷуд мебошад. Қариб ҳамаи конҳо аҳамияти саноатӣ дошта, бо ташкили экспедитсияи калони Академияи илмҳои иттиҳоди ҷумҳуриҳои шӯрои сотсиалистӣ соли 1928 ва экспедитсияи комплексии Тоҷикистон (соли 1933 ба Экспедитсияи «Помир» табдил ёфт), кашф шуданд. Дар марҳилаи нави омӯзиши геологӣ низ конҳои нав иктишоф меёбанд. Натиҷаи ҷустуҷӯҳои солҳои охир муайян кард, ки имконияти кушодани конҳо зиёданд. Вале дар ин ҷо, геологҳо ба баъзе мушкилиҳои ҷузъӣ рӯ ба рӯянд. Дақиқ муайян кардани кон ба аксбардории босифати калонмиқёсу майдамиқёс будани он вобаста аст. Акси геологӣ бо миқёси хурд гирифта шавад, ҳамон қадар нуқтаи кон муайян ва мушаххас нишон дода мешавад. Сарзамини Тоҷикистон солҳои шӯравӣ аз рӯи миқёси 1 : 1000000 пурра аксбардорӣ шуда буд. Баъдан бо акси калонмиқёси 1 : 50000 баробари 68064 километри мураббаи ҳудуди ҷумҳурӣ, ки 41,5 дарсади майдони умумиро ташкил медиҳад, фаро гирифт. Алҳол дар ҳудуди мамлакат барои ҷустуҷӯи маъдан ва муайян кардани конҳои нав зарурати аксбардории майдамиқёс ва миёнамиқёси ҳудуди ҷумҳурӣ ба миён омадааст, ки хароҷоти зиёд дорад.
Иззатулло Хоҷаев, саргеологи Экспедитсияи ҷустуҷӯию аксбардории Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, иброз дошт, ки аз соли 2001 инҷониб дар қаламрави кишвар аз ҳисоби буҷети давлатӣ аксбардории калонмиқёсу майдамиқёс гузаронда нашудааст. Ин кор бештар тариқи шартнома миёни сармоягузорони хориҷӣ бо мақсади истихроҷи маъдан амалӣ мегардад.
– Барои гирифтани акси майдамиқёс мутахассисони геолог таҷрибаи кофӣ доранд, вале шароити моддию техникӣ ба иҷрои ин амал монеа гардидааст. Ҳоло гурӯҳи экспедитисияи ҷустуҷӯӣ бештар ба корҳои ҷустуҷӯӣ - геохимиявӣ машғуланд, - гуфт И. Хоҷаев.
НОРАСОИИ ТЕХНИКАЮ ТАҶҲИЗОТ
Сари вақт ва босифат иҷро намудани корҳои иктишофи геологӣ аз бисёр ҷиҳат ба техникаю таҷҳизоти муосир вобаста аст. Тавре маълум гардид, ба ҳисоби миёна 40 дарсади дастгоҳу таҷҳизоти мавҷуда дар соҳа, аз ҷумла таҷҳизоти пармагарӣ, ба навсозӣ ниёз дорад. Таҷҳизоти озмоишӣ ва геофизикӣ низ фарсуда шудаанд. Азбаски қисмҳои эҳтиётиашон дар фурӯш нест, онҳоро таъмир карда намешавад. Аз ин рӯ, хариди таҷҳизоти нави иктишофию ҷустуҷӯӣ, ҳамчунин, таҷҳизоти озмоишию геофизикӣ пайваста зарур мебошад. Аз ҷониби Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи амалисозии «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2020» ба маблағи 4206,1 ҳазор сомонӣ техникаю таҷҳизот харид шуд, вале ин нокифоя аст.
Ба андешаи мутахассисон, барои таъмиру барқарорсозии таҷҳизоти иктишофи геологӣ ва воситаҳои техникӣ 642180 сомонӣ ва хариди таҷҳизоти нав то соли оянда 16027000 сомонӣ зарур аст. Ин ҷо яке аз проблемаҳои асосӣ сол ба сол кам ҷудо гардидани маблағҳои буҷетӣ мувофиқи барнома мебошад.
ҚОНУНГУЗОРИИ СОҲА БА ТАКМИЛ НИЁЗ ДОРАД
Бо вуҷуди мушкилиҳои ҷойдошта геологҳои тоҷик ба ҷустуҷӯ, иктишоф ва омода кардани конҳо, аз ҷумла конҳои металлҳои ранга, сиёҳ, қиматбаҳо, ашёи радиоактивӣ, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, ҳамчунин, ашёи агросаноатӣ, маводи сохтмонӣ барои истифода дар саноат машғуланд.
Дар минтақаи Курговади ноҳияи Дарвоз варақсангҳои ставролитӣ ва мусковитӣ таҳти омӯзиш қарор дода шудаанд ва дар сурати ба ҳаҷми кофӣ сурат гирифтани маблағгузорӣ дар раванди корҳо, натиҷаҳои бештар ба даст хоҳанд омад.
Геологҳо, ҳамчунин, барои истеҳсоли креолит дар заводи электрохимиявии ноҳияи Ёвон дар зуҳуроти флюарити майдони Қазноқ, ноҳияи Айнӣ корҳои ҷустуҷӯӣ - арзёбӣ анҷом доданд ва муайян карданд, ки сифати флюорит дар майдон 54,77-69,71 дарсад мебошад. Дар ин ҷо гузарондани омӯзиши геологӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ қатъ гардида, давоми корҳо аз ҷониби ширкати иҷозатномадор бояд ба охир расанд.
Баробари ҷустуҷӯ ва иктишофи геологӣ алҳол ба истихроҷи маъдан аҳамияти бештар дода мешавад, - гуфт Собир Бобоев, сардори шуъбаи геологияи саридора.
Ба гуфтаи ӯ, барои истифода бурдани имкониятҳои фаровони табиӣ дар кишвар баъзе мушкилиҳо монеи истихроҷи бештари канданиҳои фоиданок гардидаанд. Соҳа, пеш аз ҳама, ба ислоҳоти ҷиддии қонунгузорӣ ниёз дорад. Зеро қонунгузории амалкунанда дар соҳаи геология ба талаботи муосир ҷавобгӯ намебошад. Он бо назардошти таҷрибаи пешрафта ва ҳимояи манфиатҳои кишвар дар соҳаи истифодаи қаъри замин бояд такмил дода шавад. Масъалаҳои ба таъхир гузоштани иҷозатномадиҳӣ, пардохти ҳаҷми зиёди маблағи пешпардохт ва кам будани тендерҳо низ ҳалталабанд, ки аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав, сохторҳои дигари дахлдор тадбирҳои мушаххасро тақозо доранд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕКЗОДА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.12.2019 №: 232 - 233 Мутолиа карданд: 1033