logo

иқтисод

ОМОР. АНДЕШАҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ

Омори дақиқу боэътимод омили асосии рушди иқтисоди давлатҳост. Кишварҳои пешрафта маҳз тавассути низоми мукаммали оморӣ тавонистанд ба иҷрои дурнамои рушд муваффақ шаванд. Мутаассифона, ин раванд дар кишвари мо ҳанӯз мушкилиҳоеро дунбол дорад, ки дар роҳи расидан ба натиҷаҳои дилхоҳ монеаҳо эҷод мекунанд. Яке аз чунин муаммоҳои сарбаста номувозинатӣ дар рақамҳои оморист. Солҳост, ки ниҳодҳои масъул факту рақамҳоеро интишор медиҳанд,  ки ба ҷойи ба масъала рӯшанӣ андохтан шубҳа бармеангезанд. Фарзи мисол, ба суоли рӯзнома дар бораи талаботи солонаи аҳолии кишвар ба равғани рустанӣ аз се ниҳоди давлатӣ се хел посух доданд. Аз КВД «Саноати хӯрокворӣ» гуфтанд, ки 80 ҳазор тонна, Вазорати саноат ва технологияҳои нав бошад, 97 ҳазор тонна, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рақами дигар пеш овард - 123,5 ҳазор тонна. Кадоме аз ин маълумот қобили эътимод аст?

АГЕНТИИ ОМОР ВА КУМИТАИ АНДОЗ «АЙБ» МЕҶӮЯНД?!
Ин ҳолат дар ҳисоботи оморӣ оид ба саҳми истеҳсоли саноатӣ дар маҷмӯи маҳсулоти миллӣ аз ҷониби вазорату идораҳо низ ба мушоҳида мерасад. Масалан, дар ҳисоботи нимсолаи Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 38 дарсад муайян шудааст. Ҳол он ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳиссаи соҳаи саноат дар ҳаҷми умумии ММД 18,7 дарсадро ташкил дода буд. Ин нуктаро Фирдавс Асматбекзода, сардори раёсати омори саноати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқ намуда, чанд омили таҳияи ҳисобу китоби носаҳеҳро гуфт. Аз ҷумла, баланд нишон додани суръати афзоиши ҳиссаи саноатро дар ММД ба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва андозбандӣ рабт дод. Зеро, суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар сатҳи  минтақаҳо бо дарназардошти истеҳсол ва хизматрасонии неруи барқ, газ, буғ ва об ҳисоб карда мешавад, ки пардохти андозӣ надошта, барои нақшабандии андоз омӯзиши иловагиро талаб менамояд.
Кумита дар навбати худ “санг ба полиз”- и Агентии омор мепартояд, ки аксари нишондиҳандаҳои ҳисоботи оморӣ дар асоси таҳқиқот ҷамъоваришуда нодурустанд ва боиси таҳия гардидани рақамҳои носаҳеҳ дар нақшаю дурнамо мегарданд.
Фирдавс Асматбекзода иброз дошт, ки аз рӯйи таҳқиқоти оморӣ дар асоси маълумоти “Равзанаи ягона” – и кумита доир ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва шахсони хуқуқӣ, маълум гардид, ки ҳиссаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар  саноати кишвар аз 19,9 дарсади соли 2015 соли гузашта то 14,4 дарсад коҳиш ёфтааст. Ин нишондиҳанда дар моҳҳои январ – августи соли 2018 ба 16,7 ва моҳҳои январ – августи соли 2019 ба 15,8 дарсад баробар гардид. Рақамҳо гӯёи онанд, ки ҳиссаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дарвоқеъ пойин меравад. Сабаб он аст, ки ҳангоми таҳияи ҳисоботи мақомоти андоз ва омор, масалан, ҳаҷми истеҳсоли хишт, маснуоти чӯбӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ пурра нишон дода намешавад. Чаро нишон намедиҳанд?  Муаммо.

НИГАРОНӢ АЗ ОМОРИ СОҲАИ САНОАТ
Тавре аён гардид, маълумоти ниҳодҳои давлатӣ аз якдигар ҷиддан фарқ мекунанд, тарзи ҷамъоварии онҳо низ. Ҳол он ки маҳз дар асоси нишондиҳандаҳои сохтори иқтисодӣ барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддати давлатӣ тарҳрезӣ ва пиёда карда мешаванд. Сарчашмаи асосии расмии маълумот барои Агентии омор низ маҳз ҳамин ниҳодҳоянд. Мисолҳои боло нишон медиҳанд, ки иртиботу ҳамкории ин ниҳодҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Гузашта аз ин, дар баъзе маврид ба рақобат табдил меёбад. Дар натиҷа аз ин “бархӯрдҳо” ва “айбҷӯиҳо” раванди  корҳои давлатӣ дар умури иқтисодӣ халал меёбанд, рақамҳои шубҳаовар пайдо мешаванд.
Маблағи 22 миллион сомонӣ кам ҳисоб шудани андоз аз ҳисоби 105 корхонаи калони саноатӣ, ки дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ 300 миллион сомонӣ даромад овардааст, низ ба шубҳанок будани омори соҳаи саноат рабт дорад, ки аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо саноатчиёни кишвар мавриди интиқод қарор гирифт.

ЧАРО МОҲӢ АЗ ҲИСОБУ КИТОБ БЕРУН МОНД?
Ба андешаи мутахассисон, ба таҳияи рақамҳои оморӣ тарзи бақайдгирии маълумот, аз ҷумла фурӯш ва истеҳсоли маҳсулот низ, таъсир мерасонад. Аз ҷумла, нишондиҳандаи воқеии фурӯши моҳӣ дар бисёр маврид, аз ҳисобу китоби оморӣ берун мемонад. 
Аз рӯйи маълумоти КВД “Моҳии тоҷик”, дар шаҳри Норак дар 20 нуқтаи сарироҳии хӯроки умум рӯзе то 50 кило моҳӣ ба мизоҷон пешниҳод мегардад. Дар ҳар нуқта, агар ба ҳисоби миёна рӯзе 40 кило моҳӣ фурӯхта шавад, давоми сол қариб 300 тоннаро ташкил медиҳад. Аммо дар методологияи ҳисоботи оморӣ, ки фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба қайд гирифта мешавад, баҳисобгирии нишондиҳандаи фурӯши маҳсулот дуруст ҷой наёфтааст. Дар вилояти Суғд низ шумораи зиёди нуқтаҳои хӯроки умумӣ - ошхонаю тарабхонаҳо ба мардум намудҳои гуногуни моҳӣ пешниҳод менамоянд, аммо дар омори расмӣ дар феҳристи савдо, ки муайянкунандаи ҳиссаи савдо ва хизматрасонӣ дар ММД маҳсуб меёбад, фаъолияти ками онҳо ба қайд гирифта мешавад ё, умуман, ҳисоботи оморӣ надорад.Чунин мисолҳо, ки вазъи воқеии истеҳсол ва фурӯши маҳсулот, ҳамчунин, хизматрасониҳо аз доираи назорату бақайдгирӣ берун мемонанду дар ҳисоботи оморӣ инъикос намеёбанд, кам нестанд. Яъне, дар ҳисоботи мақомоти маҳаллӣ ба ниҳоди оморӣ, аз ҷумла маълумот доир ба фурӯши моҳӣ, ки даромад ва истеҳсоли онро муайян мекунад, зикр намегардад.Бо ин сабаб ҳисоботи ниҳодҳои давлатӣ аз ҳам фарқ мекунанд, ки бозгӯи ғайривоқеӣ будани онҳост.

МУШКИЛИ АСОСӢ – НОРАСОИИ КАДР
Дигаргуниҳои куллӣ дар иқтисодиёт, ки бо гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ алоқаманданд, дар назди низоми омор низ талаботи нав гузоштанд. Ин ҳам бошад, мутобиқ сохтани омори миллӣ ба стандартҳои байналмилалист. Аз ин рӯ, аз ҷониби Агентии омор бо дастгирии Ҳукумати мамлакат усулҳои нави баҳисобгирӣ, ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти оморӣ роҳандозӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла, меъёрҳои байналмилалии риояи талаботи таснифоти умумии намуди фаъолияти иқтисодии (ТУНФИ) субъектҳои хоҷагидор ва Низоми ҳисоботи миллӣ – 2008 (СҲМ – 2008) ҷорӣ гардид. Маҳз риояи қатъии онҳо аз ҷониби сохторҳои давлатӣ ва хусусӣ дарҳам-барҳамии зикршударо аз байн мебарад. Аммо фориғболӣ ҳамоно болонишин аст. Вагарна Низоми ҳисоботи миллӣ – 2008 (СҲМ - 2008), ки ҳанӯз соли 2012 бояд амалӣ карда мешуд, то ҳол пурра фарогир нест.
Ва як сабаби асосии дар нимароҳ мондани татбиқи лоиҳаю барномаҳои муҳими оморӣ мушкили ҷиддии кадрист.  
-Яке аз проблемаҳои умдаи мо он аст, ки дар сохтори марказӣ ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоату деҳот мутахассисони касбӣ намерасанд, - бо таассуф иброз дошт Ф. Асматбекзода.
Модоме ки кормандони ғайрикасбӣ дар ҷойҳо дуруст ҳисобот тайёр карда наметавонанд ва вазорату идораҳо низ маълумоти дақиқ пешниҳод намекунанд, оё рақамҳои ҷамъовардашуда боэътимоданд?

НИЗОМИ ҒАЙРИНАҚДӢ ЧӢ ГУНОҲ КАРД?
Мутаассифона, чунин саҳлангорӣ дар дигар сохторҳо низ ба назар мерасад. Ин бояд, пеш аз ҳама, Вазорати рушди иқтисод ва савдоро ба андеша орад. Зеро инъикоси нишондиҳандаҳои микро/макроиқтисодии кишвар, таҳияи нақшаю барномаҳои миёна ва дарозмуҳлати рушди иқтисоди миллӣ бояд маҳз дар заминаи рақамҳои воқеӣ, шаффоф ва боварибахш сурат гиранд.
Ба андешаи коршиносон, муфидтарин омили таъминсозандаи боэътимодии ҳисоботи оморӣ гузариш ба низоми пардохти ғайринақдӣ дар ҳама намуди хизматрасониҳо мебошад. Ин пешниҳод дер боз садо диҳад ҳам, то ҳол дар сатҳи ҷумҳурӣ низоми ғайринақдӣ ҳамагӣ 6 дарсади пардохтҳоро фаро мегирад. Шояд Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Бонки миллии Тоҷикистон ва вазоратҳои бахши иқтисодӣ ба ин масъалаи муҳим, ки теша ба решаи коррупсия занад, таваҷҷуҳи ҷиддӣ медоданд, он ҳатто метавонад на 6, балки ҳеҷ набошад, 40 ё 60 дарсад мешуд.
Дар ибтидо, ки зикри се рақами гуногун оид ба андозаи талаботи истеъмоли равғани рустанӣ рафт, шарҳи аз куҷо пайдо шудани чунин ихтилофи рақамиро ба масъулони ниҳодҳои номбурда ҳавола мекунем.

Оҳистамоҳи ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.12.2019    №: 234    Мутолиа карданд: 1467
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед