ҳуқуқ
ХУҶАНД. 31 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ ОШКОР ШУД
Ҳадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, ки дар партовгоҳи шаҳр 31 тонна маҳсулоти доруворӣ, хӯрокворӣ, ширинӣ, шустушӯйии пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиқат маҳв карда шуд.
Инчунин, давоми ду моҳи охири соли равон аз анборхонаву марказҳои тиҷоратӣ 1094 кило маводи хӯрокворӣ ва 2400 кило маводи шустушӯйӣ дарёфт карда шуданд, ки ба воситаи қочоқ ба ҷумҳурӣ ворид гардиданд.
Дар зарфи 11 моҳи соли равон 24 ҳазор кило маводи хӯроквории пастсифат ва муҳлати истеъмолаш гузашта аз марказҳои савдою нигоҳдории маҳсулот мусодира гардид. Ин ҳама маҳсулоти пастсифатро баъди хулосаи судӣ ва мақомоти дахлдор бо таҳияи санадҳои даркорӣ дар минтақаи партовҷамъкунии шаҳр бо роҳи сӯзондан нобуд карданд.
Дар ҷараёни корҳои санҷишию тафтишотӣ масъулон таъкид намуданд, ки ширкатҳои воридкунандаи маҳсулот ва фурӯшандагон бояд саломатии миллатро аз ҳар гуна манфиат боло донанд ва аз ворид намудани маводи пастсифат ва фурӯши он худдорӣ намоянд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.12.2019 №: 234 Мутолиа карданд: 982