logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ЁЗДАҲ СОЛИ ЗИНДОН БАРОИ ТАСАРРУФИ 870 484 СОМОНӢ
Суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, сардори раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳия Олимҷон Мамадбоқирзодаро дар содир намудани ҷиноятӣ азонихудкунӣ, қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон ва сохтакорӣ гунаҳкор дониста, 11 сол равонаи зиндон кард.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, маҳкумшуда солҳои 2017 - 2018 молу маҳсулоти ҷамъияти матлуботи ноҳияро, ки аз рӯи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо қарорҳои судӣ ба манфиати давлат мусодира гардидаанд, тасарруф намудааст. Ӯ амволи мусодирашударо, ки барои фурӯш тариқи музояда дар ихтиёр гирифтааст, ба тавозуни ҷамъияти матлубот ворид накарда, бо ин роҳ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ дар ҳаҷми 870 484 сомонӣ расондааст.
Бо ҳукми суд Олимҷон Мамадбоқирзода муҳлати адои ҷазоро дар муассисаҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр сипарӣ карда, ҳамзамон аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои давлатӣ ба муҳлати 5 сол маҳрум шудааст.

САВДОИ ОДАМ
Боздошти зане, ки фарзандашро 1000 сомонӣ фурӯхтааст
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ошкор шудани ҳодисаи харидуфурӯши тифли навзод ва боздошти гумонбари ин ҳодиса хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, кормандони милитсия дар робита ба ин амал як сокини шаҳри Душанберо, ки аз ӯ зани 22 – сола ном бурда мешавад, дастгир намудаанд. Номбурда, ҳангоми дар шаҳри Ҳисор қарор доштанаш тифли навзоди худ, ки 5 сентябри соли ҷорӣ дар ҳамин шаҳр таваллуд шудааст, ба зани 32 - солаи сокини Ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи 1000 сомонӣ фурӯхтааст.
Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

МАВОДИ ТАРФГАРӢ
Гумонбарон ба даст афтоданд
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд ду ҷавони 19 – соларо бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) дастгир намуданд.
Боздоштшудаҳо сокинони шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Зафаробод буда, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи онҳо 5000 дона маводи тарфгарии намуди «трения» дарёфт ва мусодира шудааст.
Сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ бо нашри ин хабар навиштааст, ки ҳоло нисбат ба гумонбарон бо моддаи 199 иловаи 1 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.12.2019    №: 234    Мутолиа карданд: 881
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед