сиёсат
ҚИСМАТИ ТАЛХИ ШИРИНШОҲ
Шириншоҳ соли 1899 дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнон (Помири ғарбӣ) дар оилаи деҳқони камбағал таваллуд шуда, дар мактаби русии шаҳри Хоруғ таҳсил намудааст.
Соли 1914 Шириншоҳ ба шаҳри Тошканд рафта, муддате дар завод баъдан дар истгоҳи роҳи оҳан кор мекунад. Аз соли 1918 то 1921 дар мактаби омӯзгории коргарӣ таҳсил менамояд. Соли 1921 ба сафи Партияи Коммунистӣ (б) дохил гашта, ҳамон сол барои мубориза ба муқобили босмачиён ба Фарғона сафарбар ва баъдан аз он ҷо ба ҳайси раиси кумитаи инқилобӣ ба Помир фиристода мешавад.
Соли 1922 дубора ба Тошканд даъват шуда, дар КМ Партияи Коммунистии (б) Туркистон дар вазифаи инструктори зершуъбаи ақаллиятҳои миллӣ ба фаъолият шурӯъ менамояд. Охири соли 1924 ҳангоми ташкили мухториятҳои миллӣ Шириншоҳ Шоҳтемур узви Кумитаи инқилобии Тоҷикистон ва узви бюрои ташкилии вилояти Тоҷикистон интихоб мешавад. Ба ҳайси ваколатдори КМ ПК (б) Ӯзбекистон доир ба Тоҷикистон кор карда, ҳамчунин, ба муқобили босмачиён дар Кӯлоб ва дигар районҳо мубориза бурдааст. Соли 1928 дар Университети коммунистии меҳнаткашони Шарқи шаҳри Москва таҳсил мекунад.
Дар конфронси дуюми ҳазбӣ Шириншоҳ Шоҳтемур котиби ҳизбии вилоятӣ ва дар съезди якуми Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон котиби Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии (б) Тоҷикистон интихоб мешавад. Шириншоҳ Шоҳтемур моҳи майи соли 1932 ба Москва барои таҳсил ба институти доир ба тайёр намудани кадрҳои профессураи сурх фиристода мешавад» (Рӯзномаи «Тоҷикистони сурх», №126, аз 6 июни соли 1934).
Дар сессияи IV Кумитаи Иҷроияи Марказии Советҳои РСС Тоҷикистон даъвати чорум аз 28 декабри соли 1933 Шириншоҳ Шоҳтемур раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Советҳои РСС Тоҷикистон интихоб мешавад. Ӯ дар тамоми ҷараёни корҳои ташкилӣ доир ба таъсиси аввал Вилояти мухтор ва баъдан Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати СССР иштирок дошта, аз аввалин роҳбарони ҳизбӣ ва давлатист.
Солҳои аввали ташкилёбии РСС Тоҷикистон иҷрои кори зиёде бар уҳдаи роҳбарияти ҷумҳурии ҷавон вогузор шуда буд. Маҳви бесаводӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ, бахусус пахтакорӣ, аз вазифаҳои муҳим дар ибтидои солҳои сиюми асри XX ба шумор мерафтанд. Аз шиносоӣ ба фаъолияти Шириншоҳ Шоҳтемур маълум мешавад, ки дар иҷрои ин вазифаҳо ӯ иштирок ва саҳми арзанда доштааст. Моҳи январи соли 1932 бо имзои раиси Ситоди марказӣ Шириншоҳ Шоҳтемур қарор «Дар бораи барҳам додани бесаводӣ миёни коммунистон ва комсомолон» ва Қарори КМ ПК (б) Тоҷикистон «Дар бораи рафти кишти пахтаи мисрӣ» аз 17 марти соли 1932 бо имзои котиби КМ ПК (б) Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур қабул мешаванд.
Вазифаи ташкилотҳои ҳизбӣ аз он иборат буд, ки соли 1932 киштро ба 41 ҳазор гектар расонда, ба давлат 135000 сентнер пахтаи мисрӣ супоранд. Ҷиҳати иҷрои ин қарор Шириншоҳ Шоҳтемур ба минтақаҳои пахтакор сафар кардааст, то ки худкифоии СССР дар истеҳсоли пахта таъмин гардад.
Дар пленуми V (соли 1936) КМ ПК (б) Тоҷикистон ӯ бо даъвати барзиёд иҷро намудани нақшаи пахта ва ба давлат супурдани 107 ҳазор тонна баромад кард. Корҳои саҳроиро дар ноҳияҳои Шаҳритуз ва Ёвон таҳлил намуда, камбудиҳои ҷиддии кори нигоҳубини пахта, махсусан обмониро ошкор сохт.
Дар вазифаи раиси Президиуми Кумитаи Иҷроияи Марказии Советҳои РСС Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи шӯроҳои маҳаллӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ кард. Қарори Президиуми Кумитаи Иҷроияи Марказии Советҳои РСС Тоҷикистон аз 9 майи соли 1935 «Дар бораи тасдиқи низомномаи сексияи советҳои ҷамоатҳо дар таҳрири нав» қабул шуд. Гуфта мешавад, ки сексияҳо дар советҳои ҷамоатҳо мақомоти асосии ҷалби оммаи васеи меҳнаткашон ба шумор мераванд. Ташкили 10 намуди сексияро дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ муқаррар намуд. Бо ин қарор ташкили гурӯҳҳои вакилон низ пешбинӣ мешуд. Ин сохтор то ҳол дар Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар шакли комиссияҳои доимӣ ва гурӯҳҳои вакилон фаъолият дорад.
Соли 1936 Конститутсияи СССР қабул гардид. 26 феврали соли 1937 Анҷумани VI фавқулодаи Советҳои РСС Тоҷикистон лоиҳаи Конститутсияи РСС Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод. Аз рӯйи ин масъала раиси Президиуми Кумитаи Иҷроияи Марказии Советҳои РСС Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур маърӯза кард. Ӯ оид ба ташкили давлати коргару деҳқони Тоҷикистон маълумот дода, баъдан ба шарҳи лоиҳаи Конститутсияи РСС Тоҷикистон шурӯъ намуд: «Дар охири моддаи 2 боби 1 лоиҳаи Конститутсия гуфта шудааст: «… муттаҳид намудани қисмҳои пора – пора кардашудаи халқи Тоҷикистон ба давлати коргару деҳқон».
Дар ин суханон тамоми таърихи халқи тоҷик ифода ёфтааст. Оммаи меҳнаткашони тоҷик пеш аз инқилоб худашонро ҳамчун миллат нашинохта буданд. Амалдорони Россияи подшоҳӣ, амир, феодалҳо ва рӯҳониён ба иттиҳоди миллат ба ҳар роҳ монеъ мешуданд, душмании миллиро ривоҷ медоданд, як миллатро ба муқобили миллати дигар шӯр медоданд, зеро ки фақат бо ҳамин шарт онҳо метавонистанд халқро бе мамониат истисмор намоянд ва дар зери итоат нигоҳ доранд.
Конститутсияи РСС Тоҷикистон, ки аз 12 боб ва 132 модда иборат буд, дар Анҷумани VI фавқулодаи Советҳои РСС Тоҷикистон аз 1 марти соли 1937 қабул шуд.
Амри тақдир ё вазъи фоҷиабори ҳокими вақт буд, ки баъди иҷрои чунин вазифаҳои муҳими сарнавиштсози давлату миллати тоҷик дар авҷи камолот Шириншоҳ ба шикаст дучор гашт.
Дар кишвари паҳновари давлати коргару деҳқони шӯравӣ маъракаи ҳавлангезу хеле махуф идома дошт, ки гирдоби он одамони зиёдро ба коми худ фурӯ мебурд. Чунин ба назар мерасид, ки он аз хуни одамон серӣ надорад. Қурбони ин амвоҷи хунин «душманони халқ» буданд, ки сар то сари кишвар «ошкор» ва ба ҷазо, бештар ба марг, маҳкум мешуданд.
Яке аз шахсиятҳои муборизу ҷасур, ки бо факту далели қотеона миллат ва соҳибдавлат будани халқи тоҷикро исбот кард, Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамчун «душмани халқ» гунаҳгор дониста шуд. Аз 21 то 23 июли соли 1937 пленуми КМ ПК (б) Тоҷикистон баргузор гардид. Пленум дар хусуси аз ҳайати КМ ПК (б) Тоҷикистон баровардан, инчунин, аз сафи ҳизб хориҷ кардани «душманони халқ» Шоҳтемур, Кактин, Ширинов, Герасимов қарор қабул намуд.
15 - 16 августи соли 1937 бо қарори сессияи V Кумитаи Иҷроияи Марказии Советҳои РСС Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур аз вазифаи раиси Президиуми Кумитаи Иҷроияи Марказии Советҳои РСС Тоҷикистон озод ва аз ҳайати Кумитаи Иҷроияи Марказии Советҳо ва Президиуми он хориҷ карда шуд.
Ба ӯ ҳамсафонаш гуноҳи зиёдеро бор мекарданд, ки ҳақиқат ва асоси воқеӣ надошта, туҳмати маҳз буданд. Дар сессияи VI Кумитаи Иҷроияи Марказии Советҳои РСС Тоҷикистон (13 -14 октябри соли 1937) муовини раиси Совети Комиссарони Халқии РСС Тоҷикистон Қурбонов нисбат ба «душманони миллат» туҳмату буҳтонро ба дараҷаи иғроқ расонда мегӯяд: «Вазифаи раиси Президиуми Кумитаи Иҷроияи Марказии Советҳои РСС Тоҷикистонро сарватманди калон, амалдори амири Бухоро, саркардаи дастаи босмачиён – Нусратулло Махсум ишғол мекунад. Баъд ӯро фарзанди бой ва рӯҳонии бузург- ҷосус Шоҳтемур иваз менамояд».
Нусратулло Махсуми «сарватманд» солҳои зиёд дар заводҳои пахтаи Ӯзбекистон мардикорӣ мекард, ҳеҷ гоҳ дар дарбори амир набуд ва ба Тоҷикистон бо артиши Шӯравӣ баргашт. Шириншоҳ Шоҳтемур на дар ягон мадраса, балки дар мактабҳои русии Хоруғ, Тошканд ва Москва маълумот гирифта буд.
Пайи ҳам дар рӯзномаҳо (масалан, мақолаи рӯзномаи «Правда», «Душманони халқи тоҷик», № 250, аз 10 сентябри соли 1937) хабару мақолаҳои пур аз ҳангомаю буҳтон чоп мешуданд. Дар як мақола омадааст, ки «душманони халқ» мехостанд заминро ба феодал, помешику кулак, бойҳо ва фабрикаю заводро ба капиталистҳо бахшанд. Аз ҷумла: «Муқаррар шуд, ки душманони халқ Раҳимбоев, Шоҳтемур, Ширинов, Имомов, Хоҷаев ва дигар ҳаммаслаконашон мехостанд Ватани моро тороҷ карда, онро ба мустамликаи империалистони немис ва япон табдил диҳанд» (рӯзномаи «Коммунист Таджикистана», № 251, аз 29 октябри соли 1937).
Ҳол он ки Шириншоҳ Шоҳтемур ҷасурона дар Бюрои сиёсии КМ ВКП (б) масъалаи ба Тоҷикистон ҳамроҳ кардани округи Хуҷанд, ба ҷумҳурии мустақил табдил додани Тоҷикистонро дар ҳайати СССР қотеона ба миён гузошта буд.
Бо чунин айбномаҳои умумию беасос ва қолабӣ дар тамоми гӯшаю канори Иттиҳоди Шӯравӣ бисёр шахсон, ки ба халқу Ватани худ содиқона, бо дилу нияти пок хизмат мекарданд, бегуноҳ қурбон мешуданд. Ин маърака дасти душманони миллати тоҷикро дароз намуд, ки бо ҳар восита роҳбарони ҷасуру кордон ва маҳбуби халқ чун Шириншоҳ Шоҳтемурро бо дасисаю туҳмат ба зиндон кашанд ва дар ниҳоят ба қатл расонанд. Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамагӣ 37 сол умр дид. Аммо хизмати ӯ барои миллат ва давлати тоҷикон арзиш ва қимати зиёд дорад. Зиндагӣ ва кори ӯ пур аз далерӣ, шуҷоату қаҳрамонӣ буд. Чунин фарзандони содиқ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд, ки Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи онҳост.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 27 июни соли 2006, № 1774 барои фаъолияти бунёдкоронаи давлатдорӣ ва хизматҳои бузург дар поягузории Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шириншоҳ Шоҳтемур унвони олӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.
Аъзам МӮСОЕВ, Корманди шоистаи Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.12.2019 №: 235 Мутолиа карданд: 1075