ҳуқуқ
НАҲЗАТ ВА ТАЛОШИ МАҒЗШӮӢ. БОЗ ЯК ТИРЕ, КИ ХОК ХОҲАД ХӮРД
Раванди воқеоти гузаштаву имрӯза дар пасманзари амалҳои ҷинояткоронаи наҳзатиён нишон медиҳад, ки барои ин гурӯҳи худбохтаву ифротипеша ба ҷуз манофеи гурӯҳиву шахсиашон дигар арзишҳои инсонӣ комилан бегонаанд. Зеро дер боз аъзои фирории ТТЭ ҲНИ ҳамчун абзори бозиҳои сиёсӣ истифода шуда, ягона талоши онҳо бо роҳи таъсиргузорӣ ба мафкураи мардум бесубот кардани вазъи осудаи Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибном дар ҷаҳон аст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дастовардҳои бесобиқаи давлату миллати тоҷик ва касби ҷойгоҳи баланди кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ аз файзи шоҳкориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша боиси нороҳатии наҳзатиёни террорист ва думравони давру бари онҳо мегардад. Ин ҳақиқатро ҳар нафари огоҳ метавонад аз матолиби ғаразноку иғвобарангези қаламбадастони хоин, ки таҳти фармони роҳбарияти ТТЭ ҲНИ қарор доранд, дарёбад.
Бо наздик шудани маъракаҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон, душманони миллат аз тавтеасозии бештар кор гирифта, дар фазои маҷозӣ ҳар гуна матолиби ғаразнокро мунташир месозанд. Агар ба ёд орем, дар оғози Истиқлолияти давлатӣ саркардагони наҳзат барои расидан ба қудрат мардуми ноогоҳро ба майдонҳо кашида буданд, ки оқибат мунҷар ба ҷанги шаҳрвандӣ шуда, беш аз 150 ҳазор нафар ҳалок гардид. Дар ҳамон давра на танҳо истиқлолияти тозанафас, балки вуҷуди давлат зери хатар қарор гирифта буд.
Хушбахтона, чунин вазъияти тақдирсӯз дар партави сиёсати оқилонаву ояндасози Пешвои муаззами миллат бартараф шуда, Тоҷикистони соҳибистиқлол аз вартаи ҳалокат раҳо гардид ва дар фурсати кӯтоҳе ҳамчун кишвари сулҳхоҳу ташаббускор дар сатҳи байналмилалӣ мавқеи устувор касб кард. Имрӯз давлат ва Пешвои мардумсолори тоҷикон дар масоили ҳалли мушкилоти норасоии об дар ҷаҳон ҳарфи аввалро мегӯянд ва дар соири кишварҳои сайёра татбиқи ташаббуси чоруми байналмилалии Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» идома дорад.
Гузашта аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабақҳои андӯхта аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки тарҳи онро ифротгароёни наҳзатӣ амалӣ карда буданд, дар амри мубориза бо терроризму ифротгароӣ низ пешоҳанг аст. Баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки моҳи майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушорикати Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе анҷом шуд, далели ин гуфтаҳост. Кишвари мо бо мизбонии ин ҳамоиши байналмилалӣ, ки дар он беш аз 400 намоянда аз 48 кишвари ҷаҳон ва 31 созмони байналмилаливу минтақавӣ иштирок доштанд, бори дигар аз худ ҳамчун мамлакати ҷонибдори сулҳу субот дар саросари олам мужда дод.
Воқеан, мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон натиҷаҳои дилхоҳ дода, солҳои охир шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ кам ё қариб аз байн рафтааст. Вале бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам намешавад аз таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ сарфи назар кард. Зеро наҳзатиёни худбохта бо тамоми неру ва пуштибонии молии хоҷагони хориҷиашон талош доранд, ки вазъи ороми кишварро ба ҳам зананд ва бо ин роҳ рисолати хешро дар назди сарпарастонашон анҷомшуда рақам зананд.
Аммо мардуми шарафманди тоҷик аллакай ба чеҳраи аслии душманони худ ошност ва идеологияи ғаразноку тафриқасози онҳоро қабул надорад. Зеро исботи дурӯғпардозиву тавтеасозии ин гурӯҳи харобкор кори чандон мураккабе набуда, бо як нигоҳ ба таърихи бебунёд ва роҳи тайкардаи ТТЭ ҲНИ ҳамаи дасисаҳо пеши назар меоянд.
Бо вуҷуди ин, мо аҳли ҷомеа, бахусус омӯзгоронро зарур аст, ки дар муқовимат бо терроризму ифротгароӣ байни шогирдон корҳои бештари фаҳмондадиҳиро анҷом диҳем. Дар ин самт беҳтарин нишондоду тавсияҳои муҳимро метавон аз паёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфт ва онро сармашқи кор қарор дод.
Ҷониқул АЗИМОВ,
директори муассисаи таҳсилоти миёнаи
умумии №41, ноҳияи Айнӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.12.2019 №: 235 Мутолиа карданд: 962