ҳуқуқ
ҲУКМИ СУД ИҶРО НАМЕШАВАД, ЧАРО?
АЗ ПАЙИ МАКТУБИ ШАҲРВАНД
«Моҳи августи соли 2017 бо сад орзуву ҳавас ҷавондухтареро келин карда, ба хонаам овардам. Вале орзуву умеди мо зуд барбод рафт. Арӯсу домод як моҳ нагузашта аз ҳам ҷудо шуданд. Рӯзе, ки арӯс ба хонаи модараш рафт, шоми моро тираву тор кард. Ҳамон шаб тахминан соати 23 ҳамроҳи аммаҳояш омада, хонаи моро оташ заданд. Дар натиҷаи сӯхтор хонаву айвон, кӯрпаву болишт, либос ва дигар ашёи рӯзгор пурра ба коми оташ рафт. Мақомот маблағи умумии зарарро зиёда аз 77 ҳазор сомонӣ муайян карданд».
Ин дарди дили Бибисоро Болтаева, модари 65 – сола, сокини ноҳияи Темурмалик аст, ки дар номае ба унвони «Ҷумҳурият» навиштааст. Ӯ номаро худ ба идораи рӯзнома овард ва дар суҳбат бо мо далели зуд аз ҳам пошидани оилаи писарашро қисса кард, ки ба мулоҳизаи ахлоқӣ онро нашр накардем.
- Мутаассифона, баъди ба хонаи модараш бурдан Шаҳноза шабона ҳамроҳи аммаҳояш қасдан манзили истиқоматии моро оташ заданд. Дар натиҷа хонаи иборат аз се ҳуҷра, пешайвон ва таҳхона бо амволи дар хона буда, аз ҷумла ду яхдон, ду телевизор, 7 қолин, 4 мошинаи ҷомашӯӣ, 3 телефони мобилӣ, 1 компютер, як миқдор пул, даҳҳо номгӯи дигари ҷиҳози рӯзгор, сарулибоси аҳли хонавода сӯхта хокистар шуд. Ҳамчунин, дар натиҷаи сӯхтор як қисми хонаи ҳамсояамон- Илёси Умратулло низ ба маблағи беш аз 27 ҳазор сомонӣ зарар дид. Баъди ин ҳодиса шавҳарам ба бемории рӯҳӣ гирифтор шуд, - нақл кард Бибисоро Болтаева.
Нисбат ба ин амали Шаҳноза Сафарова тибқи моддаи 255, қисми 2, бандҳои «а, в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.
Суди ноҳияи Темурмалик баъди баррасии парвандаи ҷиноятӣ ӯро дар содир намудани ҷиноят пурра гунаҳкор ҳисобида, ҳукм кард, ки нисбат ба Шаҳноза Сафарова ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати ду сол таъйин карда шавад. Сипас, суд бо дастрасии моддаи 71 - и Кодекси ҷиноятӣ ӯро шартан аз адои ҷазо озод карда, ба номбурда 1 сол муҳлати санҷишӣ таъйин кард. Ҳамчунин, дар асоси ҳалномаи суд аз Шаҳноза Сафарова бояд ба фоидаи собиқ шавҳараш Суҳроб Давлатов маблағи зарар ба андозаи 77 ҳазору 465 сомонӣ рӯёнда шавад, ки то кунун ҳамагӣ 5 ҳазор сомонӣ барқарор гардидаасту халос.
- Баъди ин ҳодиса шароити зиндагиамон хеле сангин шуд. Зеро сӯхтор ҳама лавозимоти рӯзгорро аз мо рабуд. Барои дастгирӣ борҳо ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат кардем, аммо ягон дастгирӣ нашуд. Дар давоми ин ду сол ба мақомоти дигари дахлдор низ муроҷиат кардем, натиҷае ба бор наовард. Дар асоси иҷроварақаи суд иҷрочиёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик вазифадор шудаанд, ки маблағи зарарро рӯёнда, ба мо диҳанд. Аммо то кунун ҳукми суд, ки аз он ду сол гузашт иҷро нашудааст, - мегӯяд Бибисоро Болтаева.
Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.12.2019 №: 235 Мутолиа карданд: 941