фарҳанг
"ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…" АЗ ВМКБ БА ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ 10 НАФАР РОҲХАТ ГИРИФТ
Дар мактаби президентии шаҳри Хоруғ даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...”, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару эҷодкор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фарҳангӣ дар саросари мамлакат роҳандозӣ гардид, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон натиҷагирӣ шуд.
Тавре Гулдаста Орумбекова, директори китобхонаи вилоятии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, иттилоъ дод, аз аввалҳои соли равон кормандони китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ВМКБ ба маҳалҳо баромада, моҳияти озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...”, аҳамияти китобхонӣ ва фазилатҳои неки онро ба аҳолӣ фаҳмонданд. Ин буд, ки даврҳои якуму дуюми озмун дар шаҳру деҳоти вилоят бо иштироки ҳазорон нафар довталабон дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардид.
Мувофиқи талабот, ба даври сеюми озмун 83 нафар намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла омӯзгорон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯён, роҳ ёфта буд. Иштирокдорони ин давр аз рӯи 4 номинатсия маҳорату истеъдоди худро нишон доданд.
Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва, ҳамзамон, раиси ҳакамони даври вилоятии озмун, ба омодагии довталабони даври вилоятӣ баҳои баланд дода, изҳори хушнудӣ намуд, ки аксари иштирокчиён бо тайёрии пухта ва савияи баланд ҳозир гардиданд. Инчунин, баъзе довталабоне буданд, ки мувофиқи талаботи номинатсияҳо омодагӣ нагирифта, таваккалӣ ширкат варзиданд. "Вале, озмун дар вилоят ба ҳадафҳои асосии худ комёб гардид. Мо аз байни довталабон чеҳраҳои нави суханвару эҷодкор, онҳоеро, ки ҳақиқатан завқи баланди китобхонӣ доранд, пайдо карда тавонистем. Онҳо ганҷинаи пурарзиши миллату кишвари маҳбубамон мебошанд”, - афзуд мавсуф.
Дар рафти озмун тибқи низомнома ба маҳорати суханварӣ, ровигӣ, миқдори осори азёдкарда, тарзи баррасии онҳо ва риояи дурусти имлои забони тоҷикӣ диққати асосӣ дода шуд. Ҳамин тариқ, дар ҷамъбасти даври сеюм тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон 10 нафар ҳуқуқи иштирок дар даври ҷумҳуриявии озмунро пайдо кард. Аз рӯи номинатсияи якум – “Аз ёд кардану хондани осори адибони классики тоҷик” Азизмо Пайшанбеева, хонандаи синфи 6, МТМУ № 44, ноҳияи Ишкошим, Сувайлои Ёдовар, хонандаи синфи 11, МТМУ № 4, ноҳияи Ванҷ, Дилангези Ҷумъахон, хонандаи МТМУ № 24, ноҳияи Рӯшон; аз рӯи номинатсияи дуюм – “Аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик” Шаҳбоз Саломатшоев, хонандаи синфи 10, МТМУ № 12, ноҳияи Дарвоз, Қурбондавлати Ориф, хонандаи синфи 8, МТМУ № 7, ноҳияи Рӯшон; аз рӯи номинатсияи сеюм – “Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик” Нуриддин Давлатбеков, хонандаи синфи 9, МТМУ № 10, ноҳияи Рӯшон, Дилрабо Парвонаева, хонандаи синфи 10, МТМУ № 2, ноҳияи Роштқалъа ва аз рӯи номинатсияи чорум – “Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон” Аслишо Иброҳимов, хонандаи синфи 11, МТМУ № 10, ноҳияи Ишкошим, Дилнозаи Нуриддин, хонандаи синфи 11, МТМУ № 10, ноҳияи Рӯшон ва Сарвиноз Файзуллобекова, хонандаи синфи 9, МТМУ № 19, ноҳияи Шуғнон натиҷаҳои беҳтарин нишон доданд.
Назира Амирбекзода, муовини раиси вилоят, ғолибони даври вилоятиро дар вазъияти тантанавӣ бо ифтихорномаҳои раиси вилоят ва мукофотпулӣ қадр намуда, барояшон ҷиҳати иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ барору комёбӣ таманно кард.
Инчунин, ба дигар иштирокдорони фаъоли даври сеюми озмун ифтихорномаву сипосномаҳои шуъбаи фарҳанг, идораи телевизион ва радио, раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи кор бо занон ва оилаи вилоят тақдим шуд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.12.2019 №: 237 Мутолиа карданд: 871