фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ДИЛИ МОДАР
Маҷаллаи бритонии «The Sun» дар бораи амали неки ниммуҳофизатгари турктабори тими миллии Олмон ва дастаи «Арсенал» (Англия) Месут Озил иттилоъ додааст, ки ниҳоят ҷолиб ва риққатовар аст. Худи Месут қисса мекунад, ки дар хона рӯзе номаи модараш, ки вақти аз «Реал» ба «Арсенал» гузаштани ӯ навишта буд, ба дасташ афтод. «Месут, писарам, - навиштааст модар, ҳеҷ гоҳ фаромӯш накун, ки ҳамаи мо дар ин дунё меҳмонем. Худованд барои он ба ту сарват додааст, ки ба дигарон ёрӣ расонӣ».
Бояд гуфт, ки Месут Озил дар овони хурдӣ рӯзҳои сахтеро аз сар гузарондааст. Модари ӯ Гулизор Озил дар хонаи сарватмандон фаррош шуда кор мекард.
Соли 2014, вақте ки Месут Озил дар ҳайати тими миллии Олмон қаҳрамони ҷаҳон шуд, маблағи ҷоизавиашро (240 ҳазор фунт) барои ҷарроҳии 23 кӯдаки маризи Бразилия ҳадия кард.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ
ҲАҚИҚАТ ОШКОР ШУД, АММО БАЪДИ 40 СОЛ
Эварист Галуа, донишҷӯи 20 – сола аз Фаронса, масъалаеро ҳал намуда буд, ки давоми се аср олимони беҳтарини ҷаҳон дар ҳалли он оҷизӣ мекашиданд. Ҳамагӣ дар чаҳор соли омӯзиши математика ӯ алгебраи муосирро асос гузошт, вале натавонист соҳиби маълумоти олӣ гардад ва миёни ҳамкорон шуҳрат пайдо намояд. Ӯ дар синне, ки бояд бо илм ҷиддӣ машғул мешуд, дунёро падруд гуфт.
Галуа ду сол пайи ҳам имтиҳони дохилшавӣ супурда, ҳар ду дафъа ноком монд. Дар ҳалли масъалаҳои амалӣ баҳои паст гирифт. Олимон мантиқи ҳалли масъалаҳои ӯро дарк накарданд ва ҷавонро, умуман, ноуҳдабаро ҳисобиданд. Ин Галуаро ба ғазаб овард. Танҳо дафъаи сеюм ба ӯ муяссар гашт, ки ба донишгоҳ шомил шавад…
Солҳо гузаштанд. Ба маҳсули заҳмати Галуа пас аз 15 соли маргаш мароқ зоҳир шуд. Кори аввалини ӯ соли 1846 чоп шуд, вале он барои олимон мутаассиркунанда набуд, зеро то охир онро нафаҳмиданд. Ба хотири он ки идеяи ҷавони 20 - сола қатъиян чун навоварӣ дар илми математика пазируфта шавад, боз 40 соли дигар лозим омад.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Рентген
Як донишҷӯе, ки дарсгурезӣ барояш одат шуда буд, бори дуюм назди профессор Рентген имтиҳонсупорӣ омад.
- Лутфан, бигӯед, ки кадом устодон ба шумо лексия хондаанд?
Вақте донишҷӯ азоб кашида, номи чанде аз устодонашро гуфт, Рентген қаноатмандона сар ҷунбонд:
- Ана дидед, писарам, нисбати бори аввал фаҳмишатон хеле пеш рафтааст, ҳатто номи профессоронеро медонед, ки дар лексияҳояшон умуман набудед.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалимаи ҚУРБОНАЛӢ
ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.
Тақсимоти зарфҳои асалдошта ва асал
Се шахс байни ҳам бояд 21 зарфро, ки аз 7 зарфи бо асал пуршуда, 7 зарфи то ним бо асал пуршуда ва 7 зарфи холӣ иборат буд, тақсим мекарданд. Оё онҳо метавонанд зарфҳои асалдор ва холиро тавре тақсим кунанд, ки ба ҳамаашон миқдори якхелаи асал ва миқдори якхелаи зарфҳо расад. (Зарфҳо якхелаанд ва асалро аз як зарф ба дигараш рехтан мумкин нест).
Масъули рубрика
Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
ПАДАР
АМАЛЕ, КИ ҚАҲРАМОНИСТ
Дар вилояти Пактикои Афғонистон марде бо исми Маёхон ҳар рӯз ду духтарашро болои дучарха нишонда, ба ягона мактаби духтаронаи вилоят, ки 12 километр дур аз иқоматгоҳашон аст, мебарад. Он ҷо чаҳор соат беруни мактаб мунтазир мешавад, то дарсҳо тамом шаванду духтаронашро гирифта, ба хона барад.
Дар шароит ва фазои Афғонистон, ки ҳар рӯз инфиҷор, куштор ва фишор болои мардуми бегуноҳ аст, ин амалкарди падар бешак, қаҳрамонист.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
ИОСИФ СТАЛИН ДОҲИИ ҲИНДУЁН
Пас аз ғалабаи Артиши шӯравӣ дар атрофи Москва соли 1941 афсонаи мағлубнопазирии Германияи фашистӣ моҳияташро гум кард ва Иосиф Сталин, доҳии халқҳои шӯравӣ, ҳамчунин, «Доҳии ифтихории ҳиндуҳо» низ интихоб гардид. Ҳамчун рамз ба доҳӣ сарпӯши миллии ҳиндуйӣ дода шуд.
Пешвои шӯравиро бо ин унвони баланд Конфедератсияи ҳиндуҳои Амрико, ки 27 қавми ИМА, Канада ва Амрикои Марказиро муттаҳид менамояд, сарфароз кард. Сарпӯш аз пари мурғи марҷон, тасмаҳои вижа, резамуҳраҳо ва чокдӯзиҳо омода гардида буд. Дар анъанаҳои халқҳои таҳҷоии нимкураи Ғарб ин муайянкунандаи ҳокимият, неруи рӯҳӣ ва муҳофизавиро низ мефаҳмонад.
Шахсан ба «доҳии халқҳо» тақдим намудани сарпӯш он замон имкон надошт, зеро анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳанӯз маълум набуд.
- Ба доҳиёни қавмҳо ҷиҳати дарёфти ин унвон номзадҳои зиёде пешниҳод гардиданд, вале дар ҷамъбаст сарфармондеҳи бузург Иосиф Сталин дар соли 1941 интихоб шуд, - навиштааст раиси амрикоии ҷамъияти ёрии ҳарбии Россия Эдвард Картер.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
МУЪҶИЗАИ ХОК
Ҳайкалтароши номдор Микеланҷело пайкараи яке аз шахсиятҳои маъруфи Юнони Қадимро нусхабардорӣ карда, ба рафиқи наздикаш нишон дод.
«Агар инро дар замин гӯронӣ, баъд аз чанд сол бо нусхаи асл баробар мегардад», - маслиҳат дод дӯсташ.
Ҳайкалтарош аввал ба тааҷҷуб афтоду баъдан чунин кард. Воқеан ҳам, бо гузашти солҳо ҳайкал дар зери хок манзалати хос пайдо карда, ҳамчун қадимтарин мероси ниёгон бо нархи хеле гарон ба савдо рафт.
Микеланҷело ба ин хулоса расид: «Аксар маврид мо дар бораи дастони муъҷизаофари ҳунармандон мегӯем, аммо фаромӯш мекунем, ки «муъҷизакор» - и асосӣ худи хок аст».
Таҳияи М. ҚОДИРОВА
1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
РЕГФУРӮШӢ ДАР РЕГИСТОН
Ширкати англисии «Тидко Крофт» аз Шептон Мэллет бо як корхонаи Арабистони Саудӣ шартномаи аҷиб баст: бритониҳо бояд ба биёбони регзори арабҳо барои сохтмони биноҳо рег мефурӯхтанд. Яъне англисҳо арабҳоро бовар кунонданд, ки реги бепули худро монда бо асъор реги англисӣ бихариданд, зеро реги баландсифати донакалон нисбат ба реги биёбонии заррагин, ки метавонад ба устувории хонаҳо халал ворид созад, барои партофтани таҳкурсии иншоот беҳтар аст. Ин фиреби корчаллонҳои англис буд ва ё воқеан ҳам таркиби регҳо аз ҳам фарқ дошт, ба касе аниқ нест.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
АСРОРИ НОКУШУДАИ АСР
Яке аз ҳодисаҳои ҳайратангез ва пурасрори асри XXI нопадид шудани «Boeing» - и Малайзия ҳангоми парвоз аз Куала - Лумпур ба Пекин мебошад. Дар соли 2014 системаҳои муайянкунии ҳавопаймо ногаҳон хомӯш шуданд, аммо пас аз 6 соат низ он ҳанӯз садои огоҳкунанда мебаровард.
Ин амал гувоҳӣ медод, ки Боинг дар ҳаво натаркидааст ва дар вақти нопадид шудан ба умқи уқёнус ҳам нарафтааст. Аҷиб ин буд, ки боқимондаҳои ҳавопаймо пайдо нашуданд.
Таҳияи Лутфия ҚОДИРОВА
НОБИНО КИСТ?
Фақире ба дари хонаи сарватманди бахиле омаду гуфт:
- Шунидем, ки миқдоре аз дороии худро хайр карданӣ ҳастед. Омадем, то чизе аз давлати шумо барему дуогӯятон бошем.
Марди доро бо як ғурури ноҷо посух дод:
- Ман боигарии хешро танҳо ба нобиноён садақа мекунам.
Марди фақир бо ханда гуфт:
- Ҳамон нобиное, ки меҷӯед, манам, вагарна то ба дари шумо намерасидам.
Таҳияи Зебунисо ҲАМИДЗОДА, донишҷӯи ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода
РАФТОРИ ҒАЙРИОДИИ БОНУИ МАШҲУР
Сара Бернар, ки беҳтарин актрисаи тамоми давру замонҳо эътироф шудааст, зиндагиномаи аҷиб дорад.
Ӯ дар хурдӣ гирифтори бемории шадид шуда, аз зиндагӣ ноумед мегардад. Барои аз дард раҳо ёфтан ва зудтар ҷон ба ҷонофарин супурдан ҳатто аз модараш хоҳиш менамояд, ки барояш тобут бисозанд, то даруни он оромиш ёбад. Ғайричашмдошт, субҳи дигар худро сабук эҳсос мекунад. Ҳамин тавр, тамоми умр тобуташро бо худ гирифта мегашт. Он як ҷузъи боғочи ҳунарпеша буд.
Таҳияи Гулистони ҚАДАМСАИД
КИТОБҲОЕ, КИ БОИСИ ТАҲАВВУЛОТИ ТАФАККУРИ ИНСОН ГАРДИДААНД
Эрнест Ҳэмингуэй: «Пеши «Ҷанг ва сулҳ» сар фуруд овардаам»
Барои ин адиби муваффақ романи «Ҷанг ва сулҳ» - и Лев Толстой дӯстдоштатарин асар маҳсуб мешуд. Ошкорбаёнии нависанда нисбат ба табақаҳои ҷамъият диққати адибро бештар ҷалб карда буд. Ҳэмингуэй арсаи адабиётро ба майдони бокс ташбеҳ дода, оид ба мартабаи баланди Лев Толстой гуфта буд: «Ман хоксорона ҷаноби Тургеневро мағлуб кардам, баъд аз заҳматҳои зиёде бар ҷаноби де Мопассан низ дастболо гардидам. Бо ҷаноби Стендал ду карат мусовӣ бозидам ва дар охир пирӯзӣ насибам гардид. Аммо чизе маро водор карда наметавонад ва ҷуръат ҳам даст намедиҳад, ки бар муқобили ҷаноби Толстой ба майдони бокс қадам гузорам».
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
ПУЛҲОИ АФСОНАВӢ
13. Пул аз решаи дарахтҳо, Ҳиндустон
500 сол қабл, қабилаҳои маҳаллии Ҳиндустон пай бурданд, ки як қисми решаҳои навъи муайяни дарахтҳо берун аз хок мерӯянд. Онҳо қарор доданд, ки ин хусусиятро барои мақсадҳои худ истифода баранд. Бо ёрии дастгоҳҳои махсус, онҳо решаи дарахтро ба самти зарурӣ равона карданд. Баъди гузашти чанд вақт пулҳои зиёди ғайриодӣ пайдо гаштанд, ки ҳар кадом вазни 50 нафарро мебардошт. Имрӯз низ чунин пулҳо соҳилҳоро ба ҳам мепайванданд ва сокинону сайёҳон аз онҳо истифода мебаранд.
Лола РИЗОӢ, тарҷума аз русӣ
ЧАРЛИ ЧАПЛИН
Аз нақлҳои Чарли Чаплин аст, ки мегӯяд:
-Боре савори метрои Ню-Йорк то хона омадам. Вақти палтоямро кашидан, ғайричашмдошт аз кисааш соати тилло ёфтам. Ақлам намегирифт, ки дар кисаи ман чӣ гуна ва аз куҷо соат пайдо шудааст. Худро ба даст гирифта, қарор додам, ки онро пагоҳ бурда ба полис месупорам. Рӯзи дигар ба номи ман як мактуби беимзо расид. Муаллифи беном чунин навишта буд: «Ҷаноби Чаплин! Ин номаро ман ҳамчун кисабури касбӣ ба шумо менависам. Дирӯз дар метро аз марди сарватманде ҳамин соати тиллоро дуздидам, вале чун шуморо дидам, онро ҳамчун туҳфа ба кисаатон гузоштам».
Аз байн як сол гузашт. Полис, ки на дуздро пайдо карду на соҳиби соатро ноилоҷ онро ба ман баргардонд. Маҷбур шудам дар ин бора дар газета нависам. Ниҳоят, баъди чанд рӯз ба номам мактуб омад:
«Ҷаноби Чаплин! Як сол пеш соати тиллоии маро дар метро дуздиданд. Дар рӯзнома хондам, ки як кисабур онро ба шумо туҳфа кардааст. Хурсанд шудам, бигзор соат дар дасти шумо бошад. Ман аз он кисабур дида, шуморо бештар дӯст медорам, барои ҳамин гарданбанди тиллоиямро низ фиристодам, ки бо соати тиллоӣ пӯшида гардед. Соату гарданбанди тилло зеби шумо дорад».
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
“ОЁ ДИЛИ ШУМО БА ЧУНИН ЗАН НАМЕСӮЗАД?”
Артур Шопенгауэр, файласуф ва нависандаи бузурги немис, ҳамеша барои ду кас хӯрок мефармуд. Ӯ мегуфт: “Ман на танҳо ба ҷои ду кас хӯрок мехӯрам, балки ба ҷои ду нафар низ фикр мекунам”. Рӯзе ҳангоми хӯрдани хӯроки нисфирӯзӣ зане омада наздаш нишаст ва шурӯъ кард ба шикоят аз зиндагии талхи бо шавҳараш дошта. Шопенгауэр ӯро босаброна гӯш карду ба саволи охиринаш “Оё дили шумо ба чунин зан намезӯзад?” чунин посух дод:
- Дили ман ба ҳамон шавҳаре месӯзад, ки чунин ҳамсар дорад.
Таҳияи Зикруллоҳ РАҶАБ
ЧЕМПИОНҲОИ ҶАҲОН ОИД БА ШОҲМОТ
Вишванатан АНАНД
Давраи чемпиониаш солҳои 2007 – 2013.
Намояндаи Ҳиндустон.
Нахустин гроссмейстери байналмилалӣ дар Ҳиндустон.
Вишванатан Ананд дар соли 2007 мусобиқаро барои унвони чемпиони ҷаҳон дар Мехико ба фоидаи худ анҷом дода, чемпиони ҷаҳон оид ба шоҳмот шуд.
Сипас, се маротиба унвони худро ҳимоя намуд. Чемпиони 15 – уми ҷаҳон аз дигарон бо фикрронии барқосои фавқулодааш фарқ мекунад ва дар шоҳмоти босуръату блитс ҳамчун устоди бозӣ шинохта шудааст.
Дар доираи шоҳмотбозон чун ҷавонмард шуҳрат дорад. Аз чеҳраи гарми Ананд симои меҳрубононаи Хосе Раул Капабланка ба чашм мерасад, дар ниҳодаш иродаи қавӣ ба ғалабаи Ботвинник, неру ва истеъдоди барҷастаи Каспаров ба ҳам омадаанд.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ
12 ТЕЗСУРЪАТТАРИН НАҚЛИЁТ ДАР ҶАҲОН
6. Қатора – Маглев MLX01 (581 км/соат)
Ширкати марказии «Роҳи оҳани Ҷопон» ва институти илмӣ – тадқиқотии роҳи оҳан яке аз охирин лоиҳаи қатора дар овезаи магнитиро кор карда баромаданд. Ин қатора моҳи декабри соли 2003 бо суръати 581 км/соат ҳаракат кард, ки тезсуръатттарин қатора дар хати роҳи оҳан ба шумор меравад.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
ПЕЛИКАН
Пеликан яке аз парандагони азимҷуссаи шиноварест, ки теъдодаш хеле кам шудааст. Дар миёнаҳои асри ХIХ шумораашон ба 2 миллион мерасид, аммо ҳоло номашон дар сархати «Китоби сурх» қарор дорад.
Дарозии қадаш то 190 сантиметр мерасад. Одатан дар назди ҳавзҳои обашон шаффофу таъмашон шӯр гаштузор менамояд. Сайёд ва нишонгири хуб аст, вале ба об ғӯта намезанад, туъмаашро аз болои об медорад. Шабонаву рӯзона истироҳат намуда, ҳангоми саҳар ва бегоҳӣ ба ҷустуҷӯи ризқу рӯзӣ мебарояд. Чӯҷаҳояш баъди 2,5 моҳ парончак мешаванд. Бинобар ин, модар - пеликан онҳоро аз ғизои дар халтумчаи гулӯяш захиранамуда мехӯронад.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
ЗЕБОТАРИН ДЕҲАҲОИ ҶАҲОН
Ивуар (Фаронса)
Деҳаи зебои асримиёнагии Ивуар дар соҳили кӯли Женеваи Фаронса ҷайгир буда, ҳамчун зеботарин деҳаи Фаронса шинохта шудааст. Ҳамаи биноҳои он дар асрҳои миёна бунёд шудаанд, аз ҳамин сабаб кӯчаҳояш танг мебошад. Мардуми деҳа асосан ба кишоварзиву гулпарварӣ ва сохтани армуғонҳо барои сайёҳон машғуланд. Боғҳо ва гулгаштҳои Ивуар хело зебоянд, махсусан дар фасли тобистон.
Дар деҳа панҷ меҳмонхона, тарабхона ва мағозаҳои армуғон мавҷуданд, ки сайёҳонро аз тамоми гӯшаву канори олам ҷалб кардаанд. Аҳолии деҳа ва сайёҳон бештар дар қалъаи асримиёнагии Шато д' Ивуар сайругашт мекунанд.
Таҳияи Комрон САФАР
НОДИРТАРИН ҲАЙВОНҲОИ ДУНЁ
7. САГЧАИ ХАРТУМДОРИ ПЕТЕРС
Ин ҳайвон ба саг шабоҳате надорад. Муштаракоти он бо саг қобилияти дарки бӯй мебошад, ки бо воситаи он худро аз душман нигоҳ дошта, инчунин, ҷуфташро пайдо мекунад. Сагча Петерс дар Кения, Танзания ва дар ҷазираҳои назди Танзания ба сар мебарад. Рӯзона ҳашарот шикор карда, шабона дар лонаи зеризаминиаш, ки аз шохчаҳо ва алаф сохта шудааст, истироҳат мекунад.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
ТАНГАҲО БО АКСИ ФЕДЕРЕР
Дар тангаҳои швейтсарӣ акси собиқ ракеткаи якуми ҷаҳон оид ба теннис Роҷер Федерер пайдо мегардад. Ғолиби 20 – каратаи мусобиқоти «Тоскулоҳи бузург» дар таърихи Швейтсария аввалин касе мешавад, ки ҳангоми зинда будан, бо аксаш танга сикка мезананд.
Дар оғози соли 2020 тангаи франкии нуқрагин мебарояд. Баъдан, тангаи 50 – франкаи тиллоӣ пайдо мешавад. Дар ҳар дуи тангаҳо акси Федерер инъикос мегардад.
Ҳукумати Швейтсария тасмим оид ба баровардани тангаро шарҳ дода, Федерерро аз ҳама маъруфтарин шаҳрванди мамлакат ва намояндаи идеалии миллат ном бурд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.12.2019 №: 237 Мутолиа карданд: 947