иқтисод
КӮШОНИЁН. БАЪЗЕҲО АЗ СУПОРИДАНИ АНДОЗ САРКАШӢ МЕКУНАНД, ЧАРО?
Муддати тӯлонӣ насупоридани андозҳои чанд корхона, кооперативи истеҳсолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Кӯшониён боиси наздик ба 20 миллион сомонӣ расидани ҳаҷми бақияи қарз шудааст. Ин фориғболӣ роҳбарону маъмурони соҳаи андози ноҳияро нигарон кардааст.
Дақиқан, то 28 ноябри соли 2019 қарздорӣ аз андоз ба 20 миллиону 160 ҳазору 274 сомонӣ расидааст. Кооперативҳои тиҷоратии “Чапаев” (роҳбараш А. Сайфуллоев) ба андозаи беш аз 1 миллиону 160 ҳазор, “Партсъезд” (И. Саъдуллоев) 444 ҳазор, “Серғайрат” (Х. Зиёев) 173 ҳазор, “Гулистони Ғайрат” (Қ. Валиев) 335 ҳазор, “Крупская” (О. Розиқов) 85 ҳазор, “Диловариён” (М. Кабиров) 27 ҳазор, “Ҳалими Қаландар” (М. Зиёев) 124 ҳазор, “Киров – Бохтар” (У. Назаров) 103 ҳазор, “Сарват - 2011” (И. Яъқубов) 363 ҳазор, “Саховат - 2011” (Р. Миразизов) 503 ҳазор, “Фирӯз” (Ш. Аббосов) 202 ҳазор, “Мансур - 1” (Х. Давлатов) 109 ҳазор, хоҷагиҳои деҳқонии “Алимардон” (роҳбараш О. Кабутов) 49 ҳазор, “Абдулло” (А. Маҳмудов) 87 ҳазор ва “Акмал - Аҳтам” (Қ. Ҷобиров) уҳдадориҳои худро ҳамчун андозсупор дар назди давлат иҷро накардаанд.
Бо таъкиди масъулони соҳаи кишоварзӣ, ин кооперативу хоҷагиҳо дар ҷодаи истеҳсолот қафомонда набуда, ҳамасола бо истифода аз шароити мусоиди деҳқонию бозаргонӣ даромади хуб ба даст меоранд. Бо вуҷуди ин, аз чанд моҳ то чор сол инҷониб аз ҳисоби андоз қарздоранд.
“Тоҷиксодиротбонк” беш аз 118 ҳазор, корхонаи “Ресандаи Хатлон” (роҳбараш Ф. Валиев) 354 ҳазор, хоҷагии оби ноҳия 5 миллиону 470 ҳазор, КВД “Шабакаи обёрӣ” 614 ҳазор, корхонаи истифодабарандагони оби нӯшокии деҳот 158 ҳазор, корхонаи фаръии “Об ва канализатсия” 30 ҳазор сомонӣ бақияи қарз доранд.
Мутахассисон сари вақт насупурдани ҳаққи хизматрасонӣ аз ҷониби муштариёнро яке аз сабабҳои асосии ин ноҷӯрии молиявӣ дар ниҳодҳои давлатии болозикр арзёбӣ мекунанд.
Мутасаддиёни нозироти андози ноҳия бо мақсади марҳила ба марҳила кам кардани бақияи қарзҳо роҳбарони ҳамаи ин хоҷагиҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳоро муваззаф карданд, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ аз 15 то 100 - ҳазорӣ маблағи қарзашонро пардохт кунанд. Мутаассифона, ин дастур ҳам натиҷае надод.
Ҳарчанд кашолкории беасоси ин андозсупорон ба иҷрои нақшаи андозҳо таъсири манфӣ мерасонад, дар натиҷаи хуб ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби масъулони риштаи иқтисоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нақшаи андозҳои маҳаллӣ моҳҳои октябру ноябр 100,8 ва дар муддати ёздаҳ моҳи соли 2019 - ум 100,4 дарсад иҷро шудааст.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.12.2019 №: 238 Мутолиа карданд: 971