ҳуқуқ
НОБОЛИҒОН. ТАКМИЛИ ҚОНУНГУЗОРӢ БАРОИ ПЕШГИРИИ ҶИНОЯТКОРӢ
Ба манзури муқаррар ва муайян намудани салоҳияти мақомот, идораҳои ваколатдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар таъмини огоҳонӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар кирдорҳои зиддиҷамъиятии ноболиғон дар қонунгузории мамлакат тағйирот ба амал омад.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» - ро баррасӣ ва қабул намуд, ки ба бовари коршиносон татбиқи босамари ин санад, ҷинояткорӣ дар байни ноболиғонро коҳиш хоҳад дод.
Санади мазкурро Икром Умарзода, муовини вазири корҳои дохилӣ, дар ҷаласаи порлумон муаррифӣ намуда, изҳор дошт, ки лоиҳаи қонун ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 23 апрели соли 2014 дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ доир ба масъалаҳои пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо аз тарафи ҷавонону наврасон баён гардиданд, таҳия шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ аз ҳисоби намояндагони Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои адлия, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ғайридавлатии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» такмил дода шудааст.
Қонуни мавриди назар, ки дар таҳияи он аз таҷрибаи давлатҳои Россия, Қазоқистон, Турк-манистон ва Ӯзбекистон истифода шудааст, имкон медиҳад, ки ба пуррагӣ ҳуқуқҳои ноболиғон аз рӯи уҳдадориҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак таъмин гарданд. Он асоси ҳуқуқии ҳамкории байнисоҳавии мақомоти давлатиро оид ба огоҳонии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон муқаррар намуда, ба мукаммалгардонӣ ва самаранокии фаъолияти онҳо, инчунин, ба баланд бардоштани масъулияти падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда мусоидат менамояд.
Ин дар ҳолест, ки назар ба гуфтаи муовини вазир, дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ аз тарафи ноболиғон 638 ҷиноят содир гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 дарсад коҳиш ёфтааст.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.12.2019 №: 238 Мутолиа карданд: 840