ҳуқуқ
ДУЗДӢ. ҶАВОНИ ЯК БОР АВФШУДАРО 7 СОЛ ПАСИ ПАНҶАРА БУРД
Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Эҳсони Рустам, сокини 19 - солаи пойтахтро барои содир намудани силсилаҷинояти дуздӣ ва ҷалб намудани ноболиғ ба ҷиноят бо дастрасии се моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дуздӣ, тайёрӣ ба ҷиноят, суиқасди ҷиноят ва ғоратгарӣ) ба муддати 7 сол равонаи зиндон кард.
Тафтишот муайян кард, ки Эҳсони Рустам 7 августи соли равон дар шаҳри Душанбе аз гардани шаҳрванди Федератсияи Россия Александра Кириллова гарданбанди тиллоиро (арзишаш 3000 сомонӣ) ошкоро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Ӯ такроран шаби 27 августи соли ҷорӣ бо маслиҳати пешакӣ ҳамроҳи ноболиғ М. Саидҷаъфар бо мақсади дуздии молу мулки ғайр шишаи тирезаи автомашинаи шаҳрванд Қурбоналӣ Чӯпоновро шикаста, аз дохили он як адад телевизор ва дигар ашёро дуздида, бо ин кирдор ба ҷабрдида 1014 сомонӣ зарари моддӣ расондаанд. Аз ин қонеъ нашуда, бо ҳамин роҳ дохили чанд автомашинаи дигар шуда, ба шаҳрвандон зарари моддӣ расондаанд. Вале амалҳои Эҳсони Рустам дер давом накарда, шаби 2 сентябр ӯ ва ноболиғ М. Саидҷаъфар ҳангоми шикастани тирези автомашинаи шаҳрванд Атовулло Саидов аз тарафи кормандони милитсия дастгир шуданд.
Эҳсони Рустам барои содир намудани ҷинояти дар моддаҳои 244 қисми 2 бандҳои «а,б,в,», 32 қисми 3-244 қисми 2 бандҳои “а,б” ва 248 қисми 2 бандҳои “а,в” - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда гунаҳкор ҳисобида шуд. Суд нисбат ба ӯ бо дастрасии моддаи 67 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо ба ӯ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати ҳафт сол бо адо намудани ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш пурзӯр, таъйин кард.
Ин дар ҳолест, ки судшаванда Эҳсони Рустам қаблан соли 2016 аз ҷониби суди ноҳияи Фирдавсӣ, бо моддаҳои 244 қисми 2 бандҳои «а,б,в,г,», 32 қисми 3, 244 қисми 2 бандҳои «а,б,в,г,» ва 252 қисми 2 банди «б» Кодекси ҷиноятӣ гунаҳгор дониста шуда, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» (2016) парвандаи ҷиноятӣ нисбаташ қатъ шудааст. Вале номбурда аз ин ба худ хулосаи лозимӣ набароварда боз такроран ҷиноят содир кардааст.
Хуршед МАҲМАДЗОДА,
судяи суди ноҳияи Сино,
Маҳмуд БАҲРОМ,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.12.2019 №: 238 Мутолиа карданд: 802