logo

порлумон

ИНТИХОБОТ ВА ТАЪМИНИ ШАФФОФИЯТ. КМИР ТАРТИБИ ИСТИФОДАИ ВАО - РО БАРОИ ТАШВИҚОТ МУҚАРРАР КАРД

Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР), ки 16 декабр баргузор шуд, бо мақсади таъмини шаффофият, инъикоси пурраву ҳамаҷонибаи раванди омодагӣ ва баргузории интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ маркази матбуоти муваққатии КМИР таъсис ва ҳайати он тасдиқ гардид.
Дар ҷаласаи навбатӣ, ки таҳти раёсати Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, доир шуд, як зумра масъалаҳои вобаста ба омодагӣ ва баргузории интихобот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, тартиби истифодаи воситаҳои ахбори омма дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ аз ҷониби номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ муқаррар гардида, тибқи он барои ҳар як ҳизби сиёсӣ дар шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ то 40 дақиқа ва барои номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихобот то 20 дақиқа вақти эфири ройгон пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҳуқуқ доранд дар матбуоти давлатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба таври ройгон то ҳашт саҳифаи дуинтервалии компютерӣ бо ҳуруфи 14 маводи ташвиқотӣ чоп намоянд.
Бо мақсади баррасӣ ва ҳаллу фасли саривақтии арзу шикоятҳои эҳтимолӣ, ки метавонанд дар давраи омодагӣ ва баргузории интихобот аз ҷониби иштирокчиёни раванди интихобот ба КМИР ворид гарданд, гурӯҳи корӣ таъсис ёфт. Гузашта аз ин, ҷиҳати расондани ёрии амалӣ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ин давра, ҳуқуқшиносон ва мутахассисони дигар касбу кор ба сифати коршинос ҷалб гардиданд.
Дар идомаи кори ҷаласа «Роҳнамо» - и таҳиякардаи КМИР барои кормандони милитсия, ки расман дар таҷрибаҳои интихоботӣ иқдоми нав аст, қабул гардид. Зимни қабули қарори дахлдор дар ин бора зикр шуд, ки лоиҳаи он бо Вазорати корҳои дохилӣ мувофиқа гардида, пешниҳодҳои вазорат низ дар таҳияи он ба инобат гирифта шудаанд. Роҳнамо ё дастурамали мавриди назар тартиби мусоидати кормандони милитсия ба комиссияҳои дахлдори интихоботӣ дар раванди интихоботро муайян намуда, муносибатҳои ҳуқуқӣ дар мавриди дахолат накардан ба ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандонро танзим менамояд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.12.2019    №: 239    Мутолиа карданд: 843
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед