фарҳанг
БУНЁД РАҲНАМО САЗОВОРИ ШОҲҶОИЗАИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ..."
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …», ки аз 11 то 14 декабри соли ҷорӣ аз рӯи чор номинатсия ва рақобат барои шоҳҷоиза идома дошт, натиҷагирӣ гардид.
Чорабиниро раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ифтитоҳ бахшида, иброз дошт: «Озмун аввали соли ҷорӣ бо Амр ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Ҷашни умумимиллии 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа эълон гашта буд. Он аз ноҳияҳо оғоз гардида, то сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ гузаронда шуд. Ҳадафи асосии баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, ҷаҳони маънавӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардондани захираи луғавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои ҷомеа буд. Имрӯз натиҷаи он исбот намуд, ки ҳақиқатан мардуми тоҷик мисли гузаштаи хеш китобдору китобхон мебошад”.
Ғолибони чор номинатсияи озмун ва соҳиби шоҳҷоиза муаррифӣ гардиданд. Аз номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони классики тоҷик» ҷои якум бо 30 ҳазор сомонӣ ба Имрониддин Сарфарозиддин, ҷои дуюм ва 25 ҳазор сомонӣ ба Сафармоҳи Аҳмадбек ва ҷои сеюм бо 20 ҳазор сомонӣ ба Шабеҳа Раҳнамо насиб гардид.
Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик» ҷои якум ва 30 000 сомонӣ ба Шукрона Хоҷамқулова, ҷои дуюм бо 20 000 сомонӣ ба Рухшона Нурова, ҷои сеюм ва 15 000 сомонӣ ба Мосума Шоҳмуродзода муносиб дониста шуд.
Аз рӯи номинатсияи «Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик» ҷои якумро бо 25 ҳазор сомонӣ Муҳаммад Раҳнамо, ҷои дуюм ва 17 ҳазор сомониро Зебонисои Азизиён ва ҷои сеюмро бо 13 ҳазор сомонӣ Бинямони Илҳом соҳиб гаштанд.
Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон» ҷои якум ва 30 000 сомонӣ ба Шабнам Одинаева, ҷои дуюм бо 20 000 сомонӣ ба Насиба Ҳафизова, ҷои сеюм ва 15 000 сомонӣ ба Шобегим Маликшоева насиб шуд.
Бунёд Раҳнамо, хонандаи муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо», бо гирифтани 225,5 хол ғолиби мутлақи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» гардида, соҳиби шоҳҷоизаи озмун ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 50 000 сомонӣ шуд.
Инчунин, хонандаи синфи 6 – и МТМУ № 44 ноҳияи Ишкошим Азизмо Пайшанбеева барои маҳорату дониши хуб нишон додан, аз ҷониби ҳакамон барои гирифтани 10 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ пешниҳод гашт.
Ҳамзамон, чанд нафар ятимон ва хурдсолон Озодаи Саид, Ҷӯрахон Тошов, Лайло Рӯзибоева, Ҳумайнӣ Кароматуллоҳ, Аҷикуллоҳ Ҳусейнов ва Сайрам Файзова, ки дар озмун донишу маҳорати хуб нишон доданд, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар бо 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадр гардиданд. Ғолибони дигари озмун соҳиби диплому ифтихорнома шуданд.
Ёдовар мешавем, ки маросими тантанавии ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» супурдани ҷоизаву мукофотпулиҳо дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ охири моҳи декабри соли ҷорӣ бо баргузории як барномаи бошукӯҳи консертӣ доир мегардад.
Б. КАРИМЗОДА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.12.2019 №: 239 Мутолиа карданд: 835