logo

сиёсат

СУДЯ ҲУҚУҚИ ХАТО КАРДАН НАДОРАД

Дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ, 21 ноябри соли 2019
Баргузории мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мо - кормандони соҳаро вазифадор мекунад, ки дар  иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ бештару беҳтар масъулиятшинос бошем. Пешвои муаззами миллат дар суханрониашон бо мақсади беҳтар кардани мақом ва  фаъолияти ҳокимияти судӣ пойдории адолатро омили муҳим дониста, изҳор доштанд, ки бояд санадҳои судӣ бо риояи талаботи қонунгузорӣ қабул гардида, дар онҳо таъмини адолату баробарӣ пурра ҳифз карда шавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паҳлуҳои гуногуни  фаъолияти мақомоти судиро дар мулоқоти мазкур мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои ислоҳи камбудиҳо, таъмини волоияти қонун, баамалбарории адолати судӣ ва дигар самтҳои асосии фаъолияти соҳа дастуру супоришҳои мушаххасро баён намуда, иброз доштанд: «Ҳангоми баррасии парвандаҳо, махсусан вобаста ба ҷиноятҳои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, таъйини табобати маҷбурӣ нисбат ба гирифторони нашъамандӣ риояи қатъии қонунгузории мурофиавии ҷиноятиро ба роҳ монда, ҳангоми ошкор шудани ҳолатҳои ғайриқонунӣ боздоштан ва қатъ кардани парвандаҳои ҷиноятӣ, ғайриқонунӣ дастгир намудани шаҳрвандон, вайрон кардани муҳлати тафтишоти пешакӣ, истифодаи зӯроварӣ ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона ё пасткунандаи шаъну шарафи инсонӣ тамоми чораҳои дар қонун пешбинишударо андешида, адолати судиро бо назардошти принсипҳои қонуният, адолат ва инсондӯстӣ таъмин намоянд».
Пешвои миллат барои бартараф намудани камбудиву норасоиҳои дар фаъолияти судяҳо ва кормандони дастгоҳи судяҳо ҷойдошта, зарур шумориданд, ки дар мақомоти судӣ тадбирҳои зерин андешида шаванд:
- омӯзиши натиҷаи фаъолияти кории ҳар як судя дар алоҳидагӣ ва андишидани чораҳои дахлдор ҳангоми ошкор гардидани чунин камбудиҳо;
- аз ҷониби Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил намудани сабабҳои тағйир ёфтан, бекоршавии қарорҳои судӣ ва баланд бардоштани масъулияти судяҳо ҷиҳати қабули қарорҳои қонуниву асоснок;
- беҳтар намудани сифати баррасии парвандаҳо ва ба кашолкорӣ роҳ надодан;
- бурдани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ байни аҳолӣ ҷиҳати иҷрои «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2030»;
- андешидани тадбирҳои муосир барои пешгирӣ намудани кирдорҳои коррупсионӣ дар судҳои кишвар ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020»;
- ба роҳ мондани қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти мақомоти судӣ дар рӯзҳои шанбе ва сари вақт ҳал намудани муроҷиати шаҳрвандон;
- масъалаи баланд бардоштани сатҳу савияи донишҳои касбии судяҳо, роҳандозӣ намудани барномаҳои омӯзишӣ, диққати махсус додан ҳангоми масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ҳангоми пешниҳоди номзадҳо ба вазифаи судягӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати дар доираи талаботи қонун сари вақт ва босифат таъмин намудани иҷрои санадҳои судӣ, андешида шаванд.
Мулоқоти Пешвои муаззами миллат бо кормандони мақомоти судӣ раҳнамо ва дастуру ҳидояти созанда барои мо - кормандони суди шаҳри Ҳисор маҳсуб ёфта, водор менамояд, ки ба хотири таъмини адолати қонунӣ, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва пиёдасозии ормонҳои давлатдорӣ дар роҳи татбиқи сиёсати адолатпарваронаи Президенти маҳбуби кишвар кору фаъолият намуда, ҳангоми иҷрои вазифа шаъну шарафи судяро нигоҳ дошта, ваколатҳои худро бо маҳорати баланди касбӣ анҷом дода, ба халқу Ватан содиқонаву беғаразона хизмат намоем.

Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА, муовини якуми раиси суди шаҳри Ҳисор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2019    №: 240    Мутолиа карданд: 1281
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед