маориф
ЗАБОНДОНӢ. РОҲ БА СӮИ МАЪРИФАТРО КӮТОҲ МЕКУНАД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2018 зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро муҳим арзёбӣ карда, таваҷҷуҳи бештарро ба ин самти фаъолият зарур ҳисобиданд.
Дар ҳамин радиф, Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи илмҳо супориш доданд, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд.
Забони русӣ яке аз шаш забони расмии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад, ки ба омӯзиши он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Ман ҳамчун омӯзгор, пешниҳоди Пешвои муаззамро ҳаматарафа ҷонибдорӣ мекунам. Ҷонибдори он ҳастам, ки ҷавонон бояд ҳадди ақал як забони муоширати байналмилалиро донанд. Имрӯзҳо қисме аз онҳо орзуи дар мамлакатҳои хориҷ таҳсилу кор карданро доранд, аз ин рӯ, забони ин кишварҳоро донистан барояшон ҳатмӣ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавон, аз ҷумла омӯзиши забони русиро, муҳим мешуморанд. Ин нуктаро Пешвои миллат дар ҳар суханрониву вохӯриашон бо аҳли зиё ва донишҷӯёну устодони макотиби олӣ таъкид менамоянд. Ба вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ баҳои воқеъбинона додани Сарвари давлат мо - омӯзгоронро водор мекунад, ки ба ин масъала бештар эътибор диҳем.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, дар сатҳи қонунгузорӣ Барномаи давлатии такмили таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русиро, тасдиқ кардааст. Дар меъёрҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба забони русӣ мақоми фанни ҳатмӣ дода шудааст. Забони русиро дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат, шурӯъ аз синфи дуюм меомӯзанд.
Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, забони русӣ барои тоҷикон забони дуюми модарӣ аст ва он барои ҷомеаи мо аҳамияти бузурги на шиорӣ, балки воқеӣ дорад.
Мавриди зикр аст, ки дар назди Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон ташкил намудани Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои педагогӣ барои муассисаҳои таълимӣ аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ ва кушодани шуъбаҳо доир ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи тарҷумонӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои омӯзгорони фанни забони русӣ шароити хубро фароҳам овардааст.
Анна ДАВЛАТОВА, омӯзгори гимназияи № 74, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.12.2019 №: 240 Мутолиа карданд: 2388