logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ТЕРРОРИЗМ
Боз як ҷангҷӯи «Давлати исломӣ» ба 15 сол ҳабс шуд
Суди ноҳияи Спитамен Шуҳратҷон Сатимов, сокини Ҷамоати деҳоти Истиқлолро бо ҷурми иштироки ғайриқонунӣ дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо 15 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, Ш. Сатимов замони дар хориҷи кишвар қарор доштанаш, ба гурӯҳҳои ифротгаро пайваста, дар ҳайати иттиҳоди ҷиноятии ба ном «Давлати исломӣ» дар ҷангҳои қаламрави Сурияву Ироқ иштирок намудааст.
Дар ин робита моҳи августи соли 2015 прокуратураи ноҳияи Спитамен алайҳи ӯ бо моддаи 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, нисбат ба номбурда кофтуков эълон намуд. Шуҳратҷон Сатимов тобистони соли ҷорӣ дастгир гардида, бо ҳукми суд ба зиндон маҳкум гашт. Вай муҳлати ҷазои таъйиншударо дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт сипарӣ хоҳад кард.

АВБОШӢ
Милитсия амали кордбадастонро тафтиш мекунад
Кормандони ШВКД - 1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе нафареро ба гумони авбошӣ дастгир намуданд, ки як сокини ноҳияи Рӯдакиро бо зарби корд маҷрӯҳ кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, ҳодиса шаби 13 ба 14 декабр дар кӯчаи Гипроземи шаҳри Душанбе рух дода, марди 24 - солаи сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир шудааст. Ошкор гаштани ин ҷинояти авбошӣ дар пайи аризаи марди ҷабрдида ба мақомоти милитсия муяссар гардидааст.
Ҳамчунин, кормандони милитсия дар шаҳри Ҳисор ҳодисаеро ошкор намуданд, ки марди 45 – сола дар ҳолати мастӣ як сокини деҳаи Мортеппаро бо корд захмӣ ва ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расондааст.
Ба таъкиди манбаъ, ҳоло аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2019    №: 240    Мутолиа карданд: 736
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед