иқтисод
ХАТЛОН. ҶАНГАЛЗОР ДОМАН МЕЗАНАД
Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон” соҳаи ҷангалпарвариро ривоҷ дода, барои васеъ кардани майдони пистазорҳо 163 ҳазор бех ниҳол омода кардааст.
Ба гуфтаи Сафаралӣ Атовуллоев, сардори муассисаи мазкур, барои парвариши 360 - 420 бех ниҳоли писта як гектар замин лозим аст. Ҳоло дар мавсими ниҳолшинонӣ муассиса ба 4 - 4,5 ҳазор гектар замини теппаю доманакӯҳҳо ниёз дорад. Пистапарварӣ аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб рафта, васеъ кардани масоҳати боғоти он дар мавзеъҳои кӯҳӣ бобати таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад. Дар заминҳои минтақаҳои кӯҳии вилоят пистаи равғаннокиаш 67 дарсад парвариш меёбад, ҳол он ки тибқи таҳлилу санҷиши мутахассисон, равғаннокии аз ҳама баланди пистаи аз хориҷи кишвар воридшаванда ҳамагӣ 47 дарсад аст.
Ҷангалпарварон тӯли 10 моҳи соли равон дар ҳудуди вилоят 228 гектар ҷангалзори нав бунёд карда, 449 гектар ҷангалҳои куҳнаро барқарор карданд. Аз ҷамъи умумии ҷангалҳои навбунёд дар 17 гектар чормағз, 112,3 гектар писта, 11,86 гектар бодом, 10 гектар хуч, 4,5 гектар анор, 10 гектар саксаул ва дар 62,14 гектар навъҳои дигари дарахтони мевадиҳанда шинонда шудаанд. Барои васеътар гардондани ҷангалзор ва ба ин васила қонеъ сохтани талаботи бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти ҷангалзори мамлакат заминҳои муассиса бояд пурра истифода шаванд.
Анвар ҲАФИЗ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.12.2019 №: 240 Мутолиа карданд: 1110