ҳуқуқ
"ҲАЛНОМАИ БАҲСБАРАНГЕЗ Ё ҲАҚ БА ҶОНИБИ КИСТ?"
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон матлаби шаҳрвандон Олимшо Ҳазараев ва Шодмон Ҳазараевро, ки таҳти унвони «Ҳалномаи баҳсбарангез ё ҳақ ба ҷониби кист?» 26 ноябри соли 2019 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудааст, дар якҷоягӣ бо маводи парвандаи гражданӣ мавриди омӯзиш қарор дод.
Дар натиҷа муайян гардид, ки бо ҳалномаи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 16 ноябри соли 2018 аризаи даъвогии Диловаршо Ҳазараев дар бораи барқарор намудани муҳлати даъво, беэътибор донистани шартномаи харидуфурӯши манзили истиқоматӣ аз 26 марти соли 1993, таҳти № 9Д-938, ки байни М. Я. Безродная ва Олимшо Ҳазараев баста шудааст, инчунин, беэътибор донистани шартномаи харидуфурӯши манзили истиқоматӣ аз 15 сентябри соли 2006, таҳти № 1111- 1174, ки байни Олимшо Ҳазараев ва Шодмон Ҳазараев ба расмият дароварда шудааст, эътирофи ҳуқуқи соҳибмулкии Диловаршо Ҳазараев ва кӯчондани Олимшо ва Шодмон аз манзили баҳсӣ бидуни додани хонаи дигари истиқоматӣ қонеъ шудааст. Зимнан, аризаи Шодмон Ҳазараев оид ба татбиқи муҳлати даъво нисбат ба парвандаи мазкур рад гардидааст.
Аз болои ҳалномаи суд О. Ҳазараев ва Ш. Ҳазараев шикояти кассатсионӣ пешниҳод намудаанд, ки бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе аз 17 апрели соли 2019 он бетағйир ва шикояти кассатсионӣ беқаноат мононда шудааст.
Аз ҳолатҳои кор бармеояд, ки Диловаршо Ҳазараев аз М. Я. Безродная манзили истиқоматии баҳсиро харидорӣ намуда, онро 26 марти соли 1993 ба номи бародараш Олимшо Ҳазараев ба расмият дароварда, маслиҳат кардаанд, ки баъдан манзили баҳсиро ба номи Диловаршо Ҳазараев ҳуҷҷатгузорӣ менамоянд.
Ҳангоми дар Федератсияи Россия қарор доштани Д. Ҳазараев бародараш Олимшо Ҳазараев, тибқи шартномаи хариду фурӯш аз 15 сентябри соли 2006, таҳти № 1111 - 1174, манзили истиқоматиро ба номи ҷиянаш Шодмон Ҳазараев гузарондаст. Сипас, Олимшо ва Шодмон Ҳазараевҳо манзили истиқоматиро ба мағоза табдил додаанд.
Бо ҳамин асосҳо байни Ҳазараевҳо баҳс пайдо шуда, Д. Ҳазараев 15 июли соли 2016 ба суд бо аризаи даъвогӣ дар бораи барқарор намудани муҳлати даъво, беэътибор донистани шартномаҳои харидуфурӯш ва эътирофи ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба хонаи истиқоматии баҳсӣ, инчунин, кӯчондани Олимшо ва Шодмон Ҳазараевҳо аз манзили мазкур муроҷиат кардааст.
Суди ноҳияи Шоҳмансур бо далелҳои боэътимод муайян кардааст, ки манзили истиқоматии баҳсиро Диловаршо Ҳазараев харида, муваққатан ба номи бародараш Олимшо Ҳазараев ва охирин онро бо мақсади барнагардондани манзили истиқоматӣ ба Диловаршо Ҳазараев ба номи ҷиянаш - Шодмон Ҳазараев гузарондааст.
Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 195 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳди рӯякӣ, яъне аҳде, ки танҳо рӯякӣ, бидуни нияти барои он бунёд намудани оқибати дахлдори ҳуқуқӣ баста шудааст, эътибор надорад. Бо назардошти ин муқаррарот суд аризаи даъвогии Д. Ҳазараевро қонеъ намуда, шартномаҳои харидуфурӯши байни М. Я. Безродная ва Олимшо Ҳазараев, Шодмон Ҳазараев барасмият даровардашударо беэътибор донистааст.
Ваҷҳи дар муроҷиати Олимшо ва Шодмон Ҳазараевҳо дарҷгардида оид ба он, ки суди марҳилаи якум муҳлати даъвои Д. Ҳазараевро ғайриқонунӣ барқарор кардааст, бо асосҳои зерин қобили қабул нест: Тибқи талаботи қисми 2 моддаи 224 Кодекси гражданӣ, ҷараёни муҳлати даъво аз рӯзе, ки шахс огоҳ гардидааст ё мебоист аз вайрон гардидани ҳуқуқаш огоҳӣ меёфт, оғоз мегардад. Мувофиқи моддаи 229 ҳамин кодекс, дар ҳолатҳое, ки суд сабаби гузарондани муҳлати даъворо узрнок эътироф кунад, ҳуқуқи вайронгардидаи шаҳрванд бояд ҳифз шавад.
Тавре аз далелҳои парванда бармеояд, Диловаршо Ҳазараев дар Федератсияи Россия қарор дошта, аз вайрон гардидани ҳуқуқҳояш соли 2016 огоҳ гардида, худи ҳамон сол, яъне 15 июли соли 2016 ба суд бо даъво муроҷиат кардааст.
Бояд зикр кард, ки Олимшо Ҳазараев ва Шодмон Ҳазараев нисбат ба санадҳои судии дар боло зикргардида ба марҳилаи назоратии суди шаҳри Душанбе ва Суди Олӣ шикоятҳои назоратӣ пешниҳод намудаанд. Бинобар беасос будан шикоятҳояшон беқаноат мононда шуда, ба онҳо ҷавобҳои муфассал ирсол гардидааст. Ҳангоми омӯзиши такрорӣ низ барои овардани эътирози назоратӣ ҷиҳати тағйир додан ва ё бекор кардани санадҳои судӣ асос дарёфт нагардид.
А. ИСҲОҚӢ, муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.12.2019 №: 241 - 242 Мутолиа карданд: 831