logo

фарҳанг

СОЗҲОИ МУСИҚИИ ХАЛҚӢ. АЗ МУШКИЛОТИ ҶАМЪОВАРӢ ТО ОМӮЗИШ ВА ОММАВИГАРДОНӢ

Санъати миллӣ, махсусан созҳои мусиқӣ, яке аз боигариҳои маънавии тоҷикон буда, ҳамчун муаррифгари миллати бофарҳанг дарки зебоӣ ва рукнҳои меҳанпарастиро инъикос менамоянд. Омӯзиш нишон медиҳад, ки дар баробари мавҷудияти коллексияи созҳои мусиқӣ дар осорхонаҳои таърихӣ – кишваршиносӣ, инчунин, осорхонаҳои махсуси мусиқӣ дар ҷамъоварӣ, ҳифз, муаррифӣ ва оммавигардонии созҳо нақши калон мебозанд. Вале, дар баробари ин, камбудиву норасоиҳои зиёде дар фаъолияти онҳо ба назар мерасад, ки бартараф намуданашон ба манфиати кор аст.
Бояд гуфт, ки дар бисёр осорхонаҳои кишвар ҳангоми ҷамъоварии созҳои мусиқӣ соҳибони созҳо дар китобҳои фонди осорхонаҳо ба қайд гирифта нашудаанд. Аз ҷониби дигар, сари вақт мавриди омӯзиш қарор нагирифтани созҳои мусиқии бемуаллиф торафт доираи омӯзиши онҳоро мушкил гардондааст.
Тартиб додани шиноснома ва тавсифи илмии созҳои мусиқӣ аввалин марҳилаи омӯзиши созҳои мусиқии фонди осорхонаҳо мебошад. Имрӯз танҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи мардумшиносӣ, Осорхонаи 2700 - солагии шаҳри Кӯлоб ва Осорхонаи таърихии шаҳри Ҳисор барои созҳои мусиқӣ шиносномаҳои илмӣ ташкил шудаанд. Вале дар аксар осорхонаҳои кишвар созҳои мусиқӣ шиноснома надоранд.
Шакли дигари омӯзиши созҳои мусиқӣ таҳқиқоти васеи илмиро дарбар мегирад. Аз рӯи ин нишондод созҳои мусиқии фонди осорхонаҳои Тоҷикистон ба таври комил ба риштаи таҳқиқ кашида нашудаанд. Танҳо баъзе созҳо дар асару мақолаҳои ҷудогонаи муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ тавсиф шудаанд, ки дар онҳо ҳам иштибоҳоти зиёд ба назар мерасанд. Иштибоҳи якум ғалат шарҳ додани номи созҳои мусиқии фонди осорхонаҳост. Дуюм, акси созҳои мусиқии фонди осорхонаҳоро бе нишондоди мавқеи ҷойгиршавии онҳо истифода кардаанд. Бе овардани далелҳои муътамад мансуб донистани созҳои мусиқии такмилӣ ба намунаи созҳои қадимаи тоҷикон хатои сеюми муҳаққиқон мебошад. 
Яке аз мушкилоти асосии осорхонаҳои Тоҷикистон шароити нигоҳдории ашёи осорхонавӣ, махсусан, созҳои мусиқӣ дар фонди осорхонаҳо мебошад. Аз ҷумла, Осорхонаи мардумшиносии назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ  ба ин мушкилӣ рӯ ба рӯст. Вазъи фонди осорхона барои нигоҳдории маводи мардумшиносӣ ҷавобгӯ набуда, бар асари намнокии бино баъзе созҳои мусиқӣ зарари ҷиддӣ дидаанд. Чунин масъалаи ҳалталаб дар Осорхонаи созҳои мусиқии Мусаввар Минаков низ вуҷуд дорад.
Оммавикунонии созҳои мусиқӣ яке аз паҳлуҳои муҳими фаъолияти осорхонаҳо ба шумор меравад, ки шакли ибтидоии он экспозитсиякунонӣ мебошад. Тавре мушоҳида мешавад, имрӯз экспозитсиякунонии созҳои мусиқӣ дар ҳама осорхонаҳои кишвар ба назар мерасад, вале дуруст ба намоиш гузоштани созҳо аз аҳамият холӣ нест. Якум далели хато муаррифӣ намудани созҳои мусиқӣ дар толорҳои намоишӣ мебошад. Номи созҳои мусиқиро дар зернавиштҳо нодуруст навиштан ё иваз намудани номи як соз бо сози дигар низ ба чашм мерасад. Дуюм хато, ин муаррифӣ намудани созҳои мусиқӣ, ба намоиш гузоштани созҳои мусиқии тармимталаб, махсусан, созҳои бетор аст.
Ташкил гардидани ансамбли фолклории “Само” - и назди Осорхонаи созҳои мусиқии Гурминҷ Завқибеков, ансамбли фолклории назди Хона - осорхонаи Мубораки Вахонӣ, навозиши созҳои мусиқӣ дар Осорхонаи созҳои мусиқии Мусаввар Минаков, доир намудани барномаҳои консертӣ дар чорабиниҳои фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳанги мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ яке аз воситаҳои муҳими дигари оммавигардонии созҳои мусиқӣ мебошад. Вале дар ин самт низ мушкилот вуҷуд дорад, ки яке аз онҳо барои ҳунармандон мавҷуд набудани воҳидҳои корӣ дар назди осорхонаҳо мебошад.
Дар мавриди оммавигардонӣ ё экспозитсиякунонии созҳои мусиқӣ дар осорхонаҳо як мушкили ҷиддии дигар низ ба назар мерасад, ки ин ба унвони созҳои мусиқии мардуми тоҷик муаррифӣ намудани созҳои такмилӣ, дар мисоли рубобҳои дудаста (масруд), седаста (торруд), таблакрубоб, найрӯд, лира, созҳои сеқисма (иборат аз се соз – сеҷӯр), чорқисма (ҷорҷӯр) ва шашқисма (шашҷӯр) ба шумор мераванд, ки имрӯз дар осорхонаҳо муаррифӣ мешаванд. Бояд минбаъд аз ҷониби созтарошон созҳои мусиқии шакли ягона ва бо сифати баланд сохта шаванд, ки  дар ансамблҳо ва муассисаҳои таълимии мусиқӣ истифода гарданд.          

Ҳ. НУРМАТЗОДА, корманди илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2019    №: 241 - 242    Мутолиа карданд: 720
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед