logo

ҳуқуқ

ЗАМИН. БАҲСИ ДУ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНӢ ДАР НОҲИЯИ ФАРХОР

Мо 7 марти соли 2018 бо қарори раиси ноҳияи Фархор аз ҳисоби заминҳои захираи давлатӣ, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ғайрат, мавзеи Олимтойи ноҳия майдони 95,01 гектарро гирифтем ва дар заминаи он хоҷагии деҳқонии «Осим - 18» таъсис додем. Дар асоси қарори раиси ноҳия 17 апрели ҳамон сол аз ҷониби КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ба хоҷагии деҳқонӣ шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ дода шуд.
 
Вале боз аз 30 январи соли 2019 бо қарори раиси ноҳия, аз мавзеи номбурда ба миқдори 188,11 гектар ба хоҷагии деҳқонии «Толибҷон» барои истифодаи бемуҳлат ҷудо карда шудааст. Гап дар сари он ки тарҳҳои 38, 40 ва 41 бо қарори раиси ноҳия ба хоҷагии деҳқонии «Осим - 18» тааллуқ доранд. Дар натиҷа миёни мо ва Маҳмадалӣ Намозов, сардори хоҷагии деҳқонии «Толибҷон», нофаҳмӣ сар зада, кор ба баҳсҳои доманадори судӣ кашида шуд.
Тибқи ҳалномаи суди иқтисодии вилояти Хатлон аз 2 июли соли 2019 аризаи даъвои хоҷагии деҳконии «Осим - 18» ба ҷавобгарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор, кумитаи идораи замини ноҳия ва хоҷагии деҳқонии «Толибҷон» дар бораи беэътибор донистани қарори раиси ноҳия аз 30 январи соли 2019 ва бартараф кардани монеагӣ оид ба истифодаи замин рад гардидааст. Инчунин, аризаи даъвои муқобили даъвои хоҷагии деҳқонии «Толибҷон» ба ҷавобгарии хоҷагии деҳқонии «Осим - 18», мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор, кумитаи идораи замини ноҳия ва Ҷамоати деҳоти Ғайрат дар бораи беэътибор донистани қарори раиси ноҳия аз 7 марти соли 2018 қонеъ шуд.
Дар марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ҳалномаи суди иқтисодии вилояти Хатлон бетағйир ва шикояти кассатсионӣ беқаноат монд.  
Суд онро асос кардааст, ки аз 26 августи соли 2005 бо қарори раиси Ҷамоати деҳоти Ғайрат барои рушди соҳаи чорводорӣ ба хоҷагии деҳқонии «Толибҷон» майдони умумии 187, 77 гектар замин вобаста гардидааст. Ҳол он ки хоҷагии деҳқонии «Толибҷон» ҳуҷҷати тасдиқкунандаи замин надорад, инчунин, дар харитаи навбатдории КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» сабт нашуда, андози заминро пардохт накардааст.
Ҳамчунин, мувофиқи қисми 1 моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)», қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ бо ҳуқуқи истифодаи якумраи меросӣ бо ҳуқуқи бегона намудан дар асоси аризаи шаҳрванд (шаҳрвандон) тибқи қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатии ноҳияҳо (шаҳрҳо) дода мешавад.
«Ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқ ба он» тасдиқ карда мешавад», - омадааст дар қисми 1 моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)».  
Гузашта аз ин, дар дигар моддаҳои қонуни мазкур дар бораи додани қитъаи замин барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо гуфта шудааст, на бо қарори Ҷамоати шаҳрак ва деҳот. Тибқи талаботи моддаи 713 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҳои захираи давлатӣ бо қарорҳои раисони ноҳияҳо (шаҳрҳо) ҷудо карда мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷамоати деҳот тибқи талаботи сархати ҳафтуми моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» (дар таҳрири қонуни соли 2009 қабулгардида), танҳо ба назорати истифода ва ҳифзи заминҳои ҳудуди шаҳрак ва деҳот ваколат дорад.   

Хайрулло КОМИЛОВ,
Самариддин КОМИЛОВ,
сокинони ноҳияи Фархор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2019    №: 243    Мутолиа карданд: 1118
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед