фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.
ЧАЙНВОРДИ «БОБОИ БАРФӢ»
Мардуми ҳар миллат Бобои Барфиро бо забони худ ном ниҳоданд. Аз хонанда хоҳиш мешавад, ки онҳоро ёбанд.
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
САБУР БОШ!
Духтаре назди падараш омада гуфт: «Падарҷон, аз зиндагии вазнин ва мушкилиҳои он хаста шудам. Дигар тоқати ин ҳамаро таҳаммул намудан надорам, чӣ кор кунам?»
Падар дар ҷавоб 3 дегчаи пур аз обро болои оташ гузошт. Дар деги аввал сабзӣ, дувум тухм ва сеюм қаҳва андохт. Баъди ҷӯшондан, сабзӣ ва тухмро аз об бароварда, қаҳваро дар финҷон рехт.
- Чӣ тағйир ёфт? – пурсид падар аз духтараш.
- Тухм ва сабзӣ пухтаву қаҳва дар об ҳал шуд,- ҷавоб дод духтар.
- Не, духтарам, ин фақат як нигоҳи рӯякӣ бар ин чизҳост. Бубин, сабзии сахт дар оби ҷӯш мулоим ва тухми пур аз моеъ сахт шуд. Намуди берунаашон тағйир наёфт, танҳо таркибашон дар зери таъсири гармӣ дигар шуд. Одамӣ ҳам чунин аст. Дар набарди зиндагӣ баъзе одамони тавоно бемадору заиф шуда, одамони нотавон бо сабру таҳаммулашон қудратманд мегарданд.
- Қаҳва чӣ? – пурсид духтар.
- Ана, аз ҳама аҷибаш ҳамин аст! Қаҳва ба пуррагӣ ҳал шуда, моеъро ба нӯшидании хушбӯ мубаддал гардонд. Яъне, қаҳва шабеҳи ҳамон одамонест, ки аз малака ва донишашон истифода бурда, шароити номусоиди зиндагиро ба манфиати кор анҷом медиҳанд. Ҳамин тавр, зиндагиро рангину гуворо ва ба як чизи дӯстдоштанӣ табдил медиҳанд.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
«ТОҶИКИСТОН» ФАРҲАНГНОМАЕ ДАР ОСОРХОНАИ ШАРҚ
Дар шаҳри Москваи Россия Осорхонаи Шарқ мавҷуд аст, ки дар он метавон бо фарҳанги халқҳои Осиёи Марказӣ, инчунин, кишварҳои Осиёву Африқо шинос шуд.
Гӯшаи фарҳанги «Тоҷикистон» тамошогаронро бо анъанаҳои гулдӯзии тоҷикӣ ошно месозад. Куртаҳои чакану атлас диққати тамошогаронро ба худ ҷалб мекунанд. Чун анъана дар экспозитсияи мазкур тоқиҳои тоҷикӣ мавқеи хос дорад.
- Гулдӯзиҳои тоҷикӣ нигораҳои дӯстдоштании тамошогарон буда, марҳила ба марҳила, аз оғози мавриди истифода қарор гирифтани осорхона, яъне аз соли 1918, ҷамъоварӣ шуда истодаанд. Ҳамаи онҳо дар асоси бозёфтҳои олимони рус дар минтақаҳои гуногуни Осиё ва Африқо ҷамъоварӣ гардидаанд. Баъзе ёдгориҳо аз тарафи ашхоси алоҳида ва ё ҳайатҳои расмӣ туҳфа шудаанд, - мегӯянд масъулони осорхона.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Масхарабоз
Шоҳи франсуз Филипп VI боре аз дарбориён пурсид, ки чаро маблағе, ки аз ҳисоби андоз ба хазина меояд, рӯз ба рӯз кам шуда истодааст. Вақте ҳама сар хам мекунанду хомӯшӣ тӯл мекашад, масхарабози дарбор яхпораеро ба ҳозирин дода, хоҳиш мекунад, ки онро дасти ба даст то шоҳ расонанд. То яхпора аз даст ба даст гузашта, ба шоҳ мерасад, ки аз он қариб нишоне намемонад.
- Ана ҳамин аст, шоҳам, сабаби қашшоқии хазина,- мегӯяд масхарабоз.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалимаи ҚУРБОНАЛӢ
1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
БА КОР БО ДУЧАРХА
115000 хизматчии давлатии Ҳолландия супориш гирифт, ки ба кор бо автомобил наояд. Роҳбарон ба хулосае омаданд, ки мошинсаворӣ ба буҷет зарари калон мерасонад, аз ин рӯ, қарор қабул шуд, ки хизматчиёни давлатӣ танҳо бо нақлиёти роҳи оҳан, автобусу троллейбус ва ё бо дучархаи шахсӣ ба кор ҳозир гарданд. Амр на танҳо ба рафтуомади дохили шаҳр, балки ба сафарҳои бисёррӯзаи хизматӣ ба тамоми гӯшаю канори мамлакат низ дахл дошт. Албатта, дар оғоз ин таъйинот ба хизматчиёни давлатӣ маъқул нашуд, вале баъдтар беҳбудии онро дарк сохтанд: барои сафарҳои хизматӣ бо дучархаи худ онҳо ба ҳар километри тайкардаашон маблағи муайян мегирифтанд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
ЭЙНШТЕЙН ПРЕЗИДЕНТ ШУДАНӢ БУД?
Оё шумо медонед, ки соли 1952, пас аз вафоти президенти аввалини Исроил - Хаим Азриэл Вейтсман, Дэвид Бен-Гурион, ки он вақт сарвазири Исроил буд, ба Алберт Эйнштейн мансаби президентии ин мамлакатро пешниҳод мекунад. Аммо Эйнштейн ин пешниҳодро рад менамояд. Олим изҳор медорад, ки қобилият ва таҷрибаи муносибат бо мардумро надорад.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
САДОҚАТИ ЯК МУСОФИР
Мусофире дар биёбон дид, ки зане танҳо ва ғамгин нишастааст.
Аз ӯ пурсид:
- Ту кистӣ?
- Исми ман Садоқат аст, - ҷавоб медиҳад зан.
- Чаро шаҳрро гузашта, дар биёбон гӯшанишин шудаӣ?
- Ба иллати он, ки дар замони қадим дурӯғ гуфтан дар шаҳрҳои обод комилан ҷоиз набуд. Аммо, ҳоло, ҳар он чи инсонҳо дар ин ҷо мегӯянд ва мешунаванд, ҳама дурӯғ аст.
Барои ман, дигар дар шаҳр ҷое намондааст.
Таҳияи Мавлуда ОДИНАЕВА
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ VIBER
Игор Магазинник ва Талмон Марко, шаҳрвандони Исроил, тавонистанд бо ихтирои хеш ҳамагонро ба тааҷҷуб оранд. Аслан Магазинник зодаи Россия мебошад. Ӯ то синни 16 - солагӣ дар Нижний Новгород зиндагӣ ба сар бурд, баъдан ба Исроил кӯч баст. Ба ҳангоми хизмати ҳарбӣ ӯ бо Марко шинос шуда, баъдан дӯстии қавии миёни ин ду ҷавон онҳоро шавқу рағбати ҳамсон ва муҳаббати беандоза ба барномасозиҳои компютерӣ бо ҳам муттаҳид намуд. Нахуст онҳо хизматрасонии мубодилаи мусиқиҳоро таъсис доданд ва баъди якчанд муддат онҳоро андешае ба сар омад, ки барномае барои зангҳои ройгон таъсис диҳанд. Таъсиси IP-телефония (техникаи телефонӣ ва қабули нутқ, мусиқӣ ва ғайраҳо тавассути интернет) ва тарзи истифодаи он хеле ҷолиб буд,- мегӯяд Игор Магазинник. Ин шавқу рағбат ва ҳисси кунҷковӣ идеяи таъсиси мессенҷери навро тавлид сохт. Онҳо мақсад гузоштанд, ки замимаеро ҳамсони Skype барои телефонҳои мобилӣ таъсис диҳанд. Ҳамин тавр, мессенҷери Viber тавлид ёфт. Ин замима, соли 2010 рӯи кор омад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
ПУЛҲОИ АФСОНАВӢ
14. Пули Бастай, Олмон
Ин пул яке аз ҷолибтарин макони боғи миллии «Швейтсарияи саксонӣ» мебошад. Он дар соҳили рости дарёи Элба дар наздикии шаҳри Дрезден ҷойгир аст ва соли 1824 сохта шудааст. Шаҳоматаш дар он аст, ки дар байни кӯҳҳои сангӣ дар баландии 95 метр бунёд гаштааст. Дар ибтидо чӯбин буд, баъдтар бо маводи мустаҳкамтар - регсанг сохта шуд. Пул ба мисли манзараи беназири афсонавӣ маъруф аст.
Лола РИЗОӢ, тарҷума аз русӣ
ШАҲР - ШИНОВАР
Ин шаҳр соли 2020 дар уқёнуси Ором шино хоҳад кард. Лоиҳаи онро Институти «Сеастидинг» - и Сан – Франсиско, ки ташкилоти ғайритиҷоратист, аз соли 2008 кор карда истодааст.
Муҳандисон мавзеи ҷойгиршавии шаҳрро муайян карда, нақшаи биною меҳмонхона ва тарабхонаҳоро омода кардаанд. Дар назар аст, ки он кишвари алоҳида низ шавад.
Тибқи арзёбии пешакӣ, барои сохтмони шаҳр 167 миллион доллар масраф мегардад.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
КЕЙМАДА ГРАНДИ
ҶАЗИРАЕ, КИ СОҲИБАШ МОР
Ҷазираи ғайриодии Кеймада Грандии Бразилияро пурра морҳо «соҳибӣ» мекунанд. Гузашта аз ин, хазандагон одамонро аз ин ҷо рондаанд. Ва онҳое, ки сафар ба ин ҷазираро интихоб мекунанд, маргро низ бояд фаромӯш накунанд. Масоҳати ҷазира ҳамагӣ 0,4 километри квадратӣ аст. Мақомоти Бразилия «ташриф» ба ин сарзамини марговарро манъ кардаанд.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
12 ТЕЗСУРЪАТТАРИН НАҚЛИЁТ ДАР ҶАҲОН
7. Мототсикл – Топ 1 Ack Attak (634 км/соат)
Мототсикли мазкур варзишӣ буда, дорои таҷҳизоти махсусест, ки дар аснои ҳаракат муқобилати ҳаворо кам мекунад. Муҳаррикаш 900 қувваи асп дошта, суръати ҳаракаташро то 634 км/соат меафзояд. Ҳамин тариқ 25 сентябри соли 2010 рекорди тезсуръаттарин мототсиклро моли худ кард.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
НАПОЛЕОН ВА ПАРОВОЗ
Боре Наполеон ихтироъкори машҳур Фултонро даъват карда, барои тезондани ғалаба маслиҳат пурсид.
- Шумо, пеш аз ҳама, бояд флотро бо киштиҳое таъмин намоед, ки бо буғ ҳаракат мекунанд. Бо чунин киштиҳои ҷангӣ, ки нисбатан тезсуръатанд, рахнаи хати дифои душман хеле осон мегардад,- мегӯяд олим.
Маслиҳат ба Наполеон хуш намеояд, ки бо овози баланд дод мезанад:
- Ҳар рӯз шумо барин олимон моро насиҳат мекунанд, вале маслиҳатҳоятон яке аз дигараш аблаҳонатар аст. Ҳамин дирӯз чанд донишманди дигар пешниҳод кард, ки ба соҳилҳои Англия савори делфинҳои ромшуда ҳуҷум кунем. Ин чӣ гап, дафъ шавед, шумо ҳам боз як девонаи дигар!
Пас аз чанд сол киштие, ки Наполеони сарнагуншударо ба ҷазираи Еленаи Муқаддас мебурд, бо паровози амрикоии «Фултон» вохӯрд, ки бо буғ ва воқеан тез ҳаракат мекард. Наполеон ба он бо ҳавас нигариста, бо таассуф гуфт:
- Ҷангро ман ҳамон лаҳзае бой дода будаам, ки олимро пеш кардам.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
ЧЕМПИОНҲОИ ҶАҲОН ОИД БА ШОҲМОТ
Магнус КАРЛСЕН
Чемпиони ҷаҳон аз соли 2013 то ба имрӯз.
Намояндаи Норвегия.
Магнус Карлсен бе ягон муболиға дар соҳаи шоҳмот вундеркинд (кӯдаки дорои истеъдоди фавқулода) аст. Ҳанӯз дар 13 - солагӣ гроссмейстер шуд.
Соли 2013 Магнус баъди шикаст додани Ананд унвони чемпиони ҷаҳонро ба даст овард. Дар таърихи шатранҷ дорои рейтинги баландтарин аст.
Охири соли 2016 унвони худро дар вохӯрӣ бо Сергей Карякин (Россия) ҳимоя кард. Бар хилофи интизориҳо, мусобиқа барои унвони чемпиони ҷаҳон бо душворӣ пеш мерафт. Зеро, ба гуфти коршиносон, Карякин дар нуқтаи олии омодагӣ қарор дошту Карлсен зоҳирану ботинан ба қувваозмоӣ тайёр набуд. Вале, бо вуҷуди ин, Магнус тавонист дар тай-брейк (чор бозии кӯтоҳмуддати босуръат дар шоҳмот) довталабро шикаст диҳад.
Магнус Карлсен шахси ба ҳама дастрас аст, бисёр ба сафар мебарояд, бо варзиш шуғл меварзад, дар намоишҳои рекламавӣ нақш мебозад. Чунин ба назар мерасад, ки мо солҳои зиёд номи ӯро ба забон хоҳем гирифт. Ҳам вобаста ба шоҳмот ва ҳам бо кору амалҳои дигараш.
Аз 9 то 28 ноябр дар Лондон Чемпионати ҷаҳон оид ба шоҳмот – 2018 сурат гирифт. Дар ду паҳлуи тахтаи шатранҷ рӯ ба рӯ чемпиони ҷаҳон Магнус Карлсен ва довталаб Фабиано Каруан (ИМА) 12 маротиба бо ҳам қувва санҷиданд. Муҳорибаҳо сахту тӯлонӣ, пурмоҷаро набуданд, гаштҳои ҳайратангез ва навовариҳо эҷод нашуда бошанд ҳам, 1,5 миллиард ҳаводори шоҳмот бозиҳоро тавассути телевизиону шабакаҳои интернетӣ тамошо кард. 12 вохӯрӣ мусовӣ – 6:6 анҷом ёфт.
Дар сабқати тай - брейк Магнус ба ҳарифаш ягон шонс надода, бо ҳисоби 3:0 ғолиб баромада, унвони чемпиониашро ҳифз намуд.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ
ДРОФА (ДУДАК)
Дарозии қади парандаи камёб дрофаи модина 1 метр аст. Болҳояшон вақти пар задан ба 3 метр мерасад. Ҷойи будубошашон чӯлу биёбонҳои қитъаи АвруОсиё мебошад.
Дрофа дар сархати «Китоби сурх» ҷой дорад. Дрофаи модина то 18 килограмм, наринааш 8,5 килограмм вазн дошта метавонад. Бо вуҷуди вазни зиёд доштан, дрофа дар як соат то 50 километр парвоз мекунад. Онҳо дар замин чуқурӣ кофта тухм мегузоранд.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
18 ҲАЗОР УМРИ ЯК САГЧА
Ин сагча шояд қадимтарин саг дар рӯи дунё бошад.
Ходимони илмии Шведсия сагчаеро пайдо намуданд, ки тибқи маълумотҳои пешакӣ қариб 18 ҳазор сол дорад. Бозёфт дар ҳудуди Сибир ҳангоми иҷрои корҳои ҳафриётӣ дар минтақаи «яхбандии абадӣ» ҳанӯз тобистони соли 2018 сурат гирифта буд. То имрӯз мутахассисон таҳқиқоти заруриро анҷом доданд.
Ба муддати зиёди дар зери замин будан, сагча ба таври олӣ ҳифз шудааст: на танҳо устухонҳо, ҳатто бофтаҳои бадан, пашми фук, мижгону дандонҳояш ҳам солим мондааст. Дар рафти таҳқиқоти анҷомшуда зоологҳо дарёфтанд, ки вай як баробар аз хонаводаи муосири хеш бузургтар будааст. Ба назари олимон саги дарёфтшуда ба даврае рост меояд, ки одамони қадим ба ром кардани гургҳои ваҳшӣ шурӯъ намуда буданд. Мувофиқи фарзияи расмии илмӣ аввалин сагҳо на зудтар аз 10 – 15 ҳазор сол пеш ба вуҷуд омадаанд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
ЧАНОР Ё СИНФХОНА?
Дар шаҳри Бойсуни вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон чиноре ҳанӯз побарҷост, ки то соли 1917 барои сокинон ҷои дарсхонӣ будааст, яъне аз аввалин мактабҳост. Ковокии «шикамаш» тақрибан 4 метри квадратиро ташкил медиҳад. Баъди пирӯзии Инқилоби Октябр (соли 1917) ҳамчун китобхона ва то ҳол ба сифати дукон истифода мешавад.
Мардум аз қисмати роҳи асосӣ «шикам» - и чанори куҳансолро сӯрох карда, дари дутабақаи 1,5 метра шинондаанд. Аҷиб он аст, ки бо вуҷуди ин, дарахт нахушкидааст ва шоху баргҳои сарсабзаш соябони раҳгузорон аст.
Соли 2017 садсолагии аввалин «синфхонаи чанорӣ» - ро сокинони маҳаллӣ ба таври худ ҷашн гирифтанд.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
БРАЗИЛИЯ
ФАКТИ АҶИБ ДАР БОРАИ КИТОБ
Кишвари Бразилия тасмим гирифтааст, ки ҳар чи бештар мардумро ба китобу китобхона ҷалб кунад. Аз ҷумла, барои зиндониён низ барои хониши китоб имтиёз муайян шудааст. Ҳар маҳбусе, ки як китоб мехонад, муҳлати ҷазояш 4 рӯз кам карда мешавад.
Таҳияи Б. САЛИМ
НОДИРТАРИН ҲАЙВОНҲОИ ДУНЁ
8. САНГПУШТИ БУЗУРГИ БАДАНМУЛОИМ
Намояндагони ин намуди нодири сангпушт бисёр кам мондаанд. Чунин номро ба он хотир ба вай додаанд, ки чун сангпушт зиреҳ надорад. Баданаш бо пӯсти мулоим пӯшонда шудааст. Маҳали зисташ обҳои мусаффост ва вазнаш то 200 килограмм мерасад.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.12.2019 №: 243 Мутолиа карданд: 1242