ҳуқуқ
КОРРУПСИЯ. ҲАМОҲАНГӢ ДАР МУБОРИЗА НАТИҶАОВАР АСТ
Дар ҷаҳони имрӯз чанд зуҳуроти номатлуб вуҷуд доранд, ки хусусияти глобалӣ касб намуда, ба мушкилоти хоси ҳамаи давлатҳои олам табдил ёфтаанд. Аз ҷумлаи зуҳуроти манфии боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ ин коррупсия ва паёмадҳои ногувори вобаста ба он мебошад, ки бо вуҷуди талошҳои тӯлонӣ ва ҳамбастагиву иттиҳоди байналмилалӣ ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат бо он, ҳамоно масъалаи мубрам ва печида боқӣ мемонад.
Созмони Милали Муттаҳид бо назардошти он ки коррупсия ниҳодҳои демократиро заиф сохта, ба волоияти қонун латма мезанад ва барои ҷинояткорон баҳри роҳандозии фаъолияти ҷинояткорӣ шароит фароҳам месозад, 31 октябри соли 2003 Конвенсияи алоҳидаи зидди коррупсияро қабул намуд, ки муҳимтарин санади муътабари сатҳи байналмилалӣ дар самти мубориза бо ин зуҳуроти нангин мебошад. Аксари кишварҳои дунё ин ҳуҷҷати соҳибэътибори ҷаҳониро ба тасвиб расонда, ба як ҷузъи таркибии низоми қонунгузории миллиашон табдил додаанд. Мамлакати мо низ бо нишони ҷонибдорӣ аз талошҳои байналмилалӣ дар ҷодаи муқовимат бо коррупсия санади мазкурро ба тасвиб расонд.
Бинобар паёмадҳои зиёнбори коррупсия, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи яке аз паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ чунин таъкид доштанд: «Мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ низ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад. Зеро ҷиноятҳои коррупсионӣ асоси давлату давлатдорӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор намуда, ба раванди рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ахлоқу афкори ҷамъият ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа таъсири шадиди манфӣ мерасонад».
Бо назардошти ин гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат, лоиқи зикр аст, ки ҷиҳати мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иродаи қавии сиёсӣ дар сатҳи роҳбарияти олии кишвар мавҷуд аст. Низоми қонунгузории миллӣ тӯли чанд соли охир дар натиҷаи ислоҳоти ҳуқуқӣ ва қонунии танзимкунандаи маҷмӯи фаъолиятҳои вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия заминаи созгорро фароҳам овардааст. Чандин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар ин самтро кишвари мо ба тасвиб расонд. Мақомоти алоҳидаи салоҳиятдори давлатӣ низ дар доираи такмили низоми ҳокимияти давлатӣ дар бахши мубориза бо коррупсия таъсис ёфт, ки тӯли чанд сол аст, фаъолияти пурсамар дорад.
Усулҳои мубориза баҳри коҳиш додани шиддати амалҳои коррупсионӣ гуногунанд, лек роҳи муассир - ин муборизаи пайваста, муназзам, ҳадафманд ва маҷмӯист, ки марҳила ба марҳила амалӣ мегардад. Ҷавҳари аслии ин шеваи мубориза бо коррупсияро тағйири мафкура ташкил медиҳад, ки он тамоми раванди ташаккули як инсони боирода, соҳибмаърифат ва адолатпарварро дар бар мегирад.
Мубориза бо коррупсия фаъолияти дастаҷамъист ва ҳамоҳангии имконияту талошҳои ҳамаи мақомоти масъули давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва, дар маҷмӯъ, ҳамаи қишрҳои ҷамъиятро тақозо дорад. Аз ин рӯ, агар мо рушди давлат, саодати мардуми он ва таъмини зиндагии пуршарафи ҳар фарди кишварро хоҳем, бояд бо коррупсия дар ҳамоҳангӣ бо ҳама мақомоти масъули давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мубориза барем.
Боло бурдани савияи огоҳии ҳуқуқии аҳолӣ дар хусуси коррупсия, нишона ва паёмадҳои ҳуқуқии он низ як ҷанбаи муҳиму таъйинкунандаи коҳиш додани зуҳуроти коррупсионӣ мебошад. Вақте шаҳрвандони аз нигоҳи ҳуқуқӣ соҳибмаърифат ба ҳар ҳарфи қонун эҳтиром мегузоранд, ҳамаи амалу муносибатҳои худро дар доираи расмиёти қонунӣ ба роҳ мемонанд, дар маҷмӯъ, ҳокимияти қонун ба пуррагӣ ва бечунучаро таъмин аст, торафт доираи амалу ҳаракатҳои коррупсионӣ маҳдудтар мегардад. Бо эътимод метавон таъкид намуд, ки маърифати ҳуқуқӣ ва риояи қонуният садди мустаҳкамест пешорӯи амалҳои коррупсионӣ.
Суҳроб РУШАНЗОДА, раиси суди ноҳияи Сино
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.12.2019 №: 244 - 245 Мутолиа карданд: 824