иқтисод
КОДЕКСИ АНДОЗ. ТАҒЙИРОТ БА РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ТАКОН МЕБАХШАД
- Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни вохӯрӣ бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10 майи соли 2019 баён доштанд, инчунин баҳри беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид.
Ин нуктаро Карим Гулмуродзода, муовини вазири молия, зимни баррасӣ ва тасвиби санади мазкур дар Маҷлиси намояндагон зикр намуд.
Дар лоиҳа бо назардошти омӯзиши сатҳи андозбандии шарикони асосии иқтисодиву тиҷоратӣ ва давлатҳои ҳамсоя ҷиҳати дастгирии фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурд ва ҳавасмандгардонии онҳо барои пешбурди дурусти баҳисобгирии муҳосибӣ, иштирок дар муомилоти ғайринақдӣ ба Кодекси андоз ворид намудани як қатор тағйиру иловаҳо пешбинӣ шуд.
Лоиҳаи қонун фарогири масъалаҳо оид ба танзими андозбандии амалиётҳои азнавбаҳодиҳии асъори хориҷӣ ва филизоти қиматбаҳо, муқаррар намудани заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати қабули тартиби пешниҳод ва хориҷ намудани имтиёзҳои андозӣ мебошад. Инчунин, бо мақсади беҳтар намудани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи пешбурди соҳибкории Бонки ҷаҳонӣ аз Кодекси андоз муқаррарот вобаста ба андозбандӣ гардидани як фоизи даромади умумӣ хориҷ шуда, минбаъд андоз аз фоида, аз фоидаи воқеан бадастомада андозбандӣ мешавад. Ҳамзамон, ҷиҳати тақвият бахшидан ба раванди таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018 «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», мусоидат намудан ба рушди фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар лоиҳа чораҳои ҳавасмандкунанда дар шакли нисбатан паст пешбинӣ намудани меъёри андози низоми содакардашуда муқаррар гардидааст. Дар баробари ин, дар лоиҳаи қонун ба андозсупорандагон интихоби тартиби нави ҳисоб ва пардохт намудани андози низоми содакардашуда пешбинӣ шудааст. Дар маҷмӯъ, лоиҳаи қонун ба рушди иқтисоди миллӣ ва дастгирии соҳибкорон равона гардида, бо қабули он эҳтимолияти шаффоф нишон додани манбаъҳои андозбандӣ ва дар ин замина ба Буҷети давлатӣ бештар ворид шудани маблағҳо дар назар аст.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.12.2019 №: 244 - 245 Мутолиа карданд: 1161