сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ
23 декабр дар нимаи дуюми рӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ доир гардид.
Ҳолати имрӯзаву дурнамои муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки дар тамоми ҷанбаҳои ҳамкорӣ ҷараёни рушди устуворро касб кардаанд, мавзӯи суҳбати сарони ду давлат қарор дошт.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо, ҳамчунин, атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавию байналмилалӣ ибрози назар намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи муколамаи эътимодбахши байнидавлатӣ оид ба тамоми мавзӯъҳои ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон таъкид карданд.
Дар ин зимн муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар фурсати барояшон муносиб даъват ба амал овард.
Дар идомаи суҳбати телефонӣ президентҳо ба муносибати фарорасии Соли нави 2020 мубодилаи табрикот анҷом дода, ба мардумони Тоҷикистон ва Қазоқистон некуаҳволӣ ва сулҳу шукуфоӣ орзу намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.12.2019 №: 246 - 247 Мутолиа карданд: 833