сиёсат
ТОҶИКИСТОН. ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО БО КИШВАРҲОИ АВРУПО
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 5 - 8 ноябри соли 2019 ба ду кишвари Иттиҳоди Аврупо – Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Франсия сафари расмӣ анҷом доданд.
Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ули Маурер зимни мулоқот изҳор намуд: “Мо бо Тоҷикистон пайвандӣ дорем, зеро мо кишварҳои кӯҳистонӣ ҳастем ва Швейтсарияю Тоҷикистон дар болооби дарёҳои фаромарзӣ воқеанд. Омода ҳастем, ки дар доираи ҳамкории дуҷониба ба манфиати мардумон лоиҳа ва ташаббусҳои дигарро низ бо Шумо якҷоя анҷом диҳем”.
Зимни мулоқот густариши ҳамкории беш аз пеш бо Швейтсария дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва ғайра таъкид гардид.
Тоҷикистону Швейтсария таҷрибаи хуби ба роҳ мондани ҳамкории барои ҷонибҳо судманди тиҷоратиро доранд. Ҳамин аст, ки ҳаҷми гардиши мол дар нуҳ моҳи соли равон нисбат ба солҳои пештара боло рафта, 132 миллион долларро ташкил дод. Ҳаҷми умумии гардиши тиҷорат миёни ширкатҳои тоҷикистонии “ТАЛКО” ва швейтсариягии “Гленкор” дар давоми 12 соли ҳамкорӣ ба 4,7 миллиард доллари амрикоӣ расидааст.
Ҷонибҳо дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ аз ташаббусҳо ва ҷонибдории мавқеи созандаи ҳамдигар, аз ҷумла дастгирии ташаббуси чоруми Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, оғози ташаббуси Швейтсария зери унвони “Об барои сулҳ” барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамкории ду ҷониб дар доираи “Бунёди ҷаҳонии муҳитзистӣ”, ёдовар шуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба муборизаи муштарак бар зидди терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, табодули андеша карданд.
Дар доираи сафари расмӣ 5 - уми ноябр дар шаҳри Берни Конфедератсияи Швейтсария Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо президенти ширкати байналмилалии “Гленкор“ (Glencore International AG) Айван Глазенберг мулоқот ороста, аз ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки аз муҳимтарин соҳаҳои равобити ду ҷониб ба ҳисоб меравад, изҳори қаноатмандӣ карданд ва шарикии самараноки ширкати “Гленкор” - и Швейтсария бо “ТАЛКО” - и Тоҷикистонро дар соҳаи истеҳсоли алюминий намунаи хуби ҳамкорӣ номиданд.
Истифодаи имкониятҳои ҳамкорӣ дар бахши энергетика ва дигар соҳаҳои истеҳсолии иқтисоди миллӣ, иҷрои барномаи таҷдиди иқтидорҳои ширкати “Талко” ва саҳмгузории ширкати мазкур дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Тоҷикистон, яъне саноатикунонии иқтисоди кишвар, зарур шумурда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои инфрасохтори сайёҳӣ, технология, густариши равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои Швейтсария хеле хотирмон буд. Таъкид шуд, ки Тоҷикистон имрӯз дар чаҳорчӯбаи стратегияи дарозмуҳлати рушди миллии худ барномаҳои зиёд ва судовари иқтисодиро амалӣ менамояд, ки татбиқашон ҷалби сармояи бештари хориҷиро тақозо дорад.
Лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногуни энергетика, инфрасохторӣ, бахши истеҳсолоти саноатӣ, саноати кӯҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, металл ва сангҳои қиматбаҳо, бахшҳои молия ва бонкдорӣ, сайёҳӣ ва дорусозӣ барои кишвари мо аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ мебошанд. Дар кишвари мо, ҳамчунин, имкониятҳои хуб барои рушди саноати мошинсозӣ, кимиё, металлургия ва дигар соҳаҳои афзалиятноки истеҳсолӣ мавҷуданд.
Тибқи шартномаҳои ҳамкорӣ, дар назар аст, ки дар давоми панҷ соли оянда ба маблағи 1,3 миллиард доллари амрикоӣ интиқоли мутақобилаи молу маҳсулот сурат гирад, ки худ далели возеҳи густариши муносибатҳои стратегии ин ду кишвар мебошад. Тайи даҳ соли охир аз ҷониби сармоягузорони Швейтсария ба иқтисодиёти Тоҷикистон 167 миллион доллар сармоя ворид гардидааст. Аз ин маблағ 96 миллионро сармояи мустақим ва 71 миллионро қарзҳои аз ҷониби корхонаву ташкилотҳо ҷалбгардида ташкил медиҳанд. Аз соли 2007 то соли ҷорӣ ҳаҷми умумии сармоягузориҳо ба иқтисоди кишвари мо 9,5 миллиард долларро ташкил дод.
Дар баробари ин, тибқи таҳлилҳои омории Ташкилоти ҷаҳонии сайёҳӣ, Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолиб барои сайёҳон шомил гардид. Ин ва дигар нишондиҳандаҳо гувоҳи онанд, ки мавқеи байналмилалии Тоҷикистон аз нигоҳи дастгирии сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ тадриҷан боло меравад.
Роҷеъ ба масъалаи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуктаҳои дақиқ ва амиқ иброз намуданд, аз ҷумла гуфтанд, ки омодаем дар ҳама самтҳои зикргардида бо сармоягузорони Швейтсария ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти гуногуни саноатии рақобатпазир ва содироти он ба бозорҳои бурунмарзӣ ҳамкорӣ намоем.
Дар музокироти сатҳи васеъ миёни намояндагони расмии Тоҷикистон ва Франсия масъалаҳои тағйирёбии иқлим, мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои амниятӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, баррасӣ гардида, таъкид шуд, ки иқдомҳои созандаи Франсия дар ин самтҳо ҳамрадифи манофеи Тоҷикистон мебошанд.
Дар чаҳорчӯбаи сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Франсия ҳамкории самарабахши машваратҳои сиёсии байниидоравӣ, тавсеаи ҳамкории бештар дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, соҳаҳои гуманитариву фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, тақвияти ҳамкориҳои минбаъда миёни Тоҷикистон ва Франсия дар соҳаҳои авиатсияи гражданӣ, энергетика, логистикаи нақлиётӣ, телекоммуникатсия, кишоварзӣ, сайёҳӣ, тандурустӣ ва фаъолияти муҳандисию машваратӣ, аз самтҳои ояндадори робитаҳои ду кишвар номида шуданд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамкориҳо дар соҳаи саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, кимиёӣ, металлургияи сиёҳ ва ранга, аз ҷумла истеҳсоли алюминий, самтҳои афзалиятнок барои ҳар ду ҷониб ба ҳисоб мераванд. Бо ин назардошт, тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин самтҳо миёни Тоҷикистон ва Франсия дар чаҳорчӯбаи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим ва ба манфиати ҷонибҳо арзёбӣ гардид. Масалан, саҳмгузории ширкатҳои Франсия дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторию энергетикӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, хизматрасонӣ, ҳамчунин, дар бахшҳои гуногуни иҷтимоӣ ва хусусӣ, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ, самти афзалиятнок маънидод мешавад.
Ҷонибҳо аз дастгирии ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии якдигар изҳори қаноатмандӣ карда, қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” - ро намунаи чунин иқдомот номиданд.
Густариши муносибатҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия яке аз заминаҳои ҳамгироии кишвар дар арсаи байналмилалӣ, узвият дар сохторҳои гуногун ва иштирок дар равандҳои глобалӣ ба шумор меравад. Таҳкими ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Франсия аз он ҷиҳат муҳим аст, ки ин кишвар дар миёни давлатҳои аврупоӣ мавқеи калидӣ дорад ва метавонад эҳтимолан яке аз сармоягузорони бузургтарин ба иқтисодиёти Тоҷикистон гардад.
Санавбарбону ВОҲИДОВА,
доктори илмҳои таърих, профессор,
Маъруф АШУРОВ, коршинос
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.12.2019 №: 246 - 247 Мутолиа карданд: 938