иқтисод
"ТАВОЗУН". МАҲФИЛИ НАВБАТӢ БО ИШТИРОКИ ВАКИЛОН
Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар доираи маҳфили журналистикаи иқтисодии «Тавозун» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ВАО, таҳлилгарон, коршиносони соҳаи иқтисод ва сохторҳои дигари марбута оид ба муаррифии «Дастурамал дар бораи амалӣ намудани назорати порлумонӣ оид ба ташаккул ва иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар доир гашт.
Тавре зикр гардид, ҳадафи дастурамал ба танзим даровардани ҷараёни назорати порлумонӣ ва мунтазам намудани он аз болои давраҳои буҷетӣ дар Тоҷикистон аст, ки аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи ташаккулиёбии буҷети давлатӣ ва иҷроиши он дар бахши молияи давлатӣ амалӣ мешавад.
Дастурамалро кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, тибқи талаботи қонунгузорӣ ва таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ, таҳия намудаанд. Он имконоти назорати порлумонӣ аз болои буҷет ва дигар масоили идораи молияи давлатиро устувор менамояд, зеро маҳз назорати порлумонӣ яке аз омилҳои назорати давлатист, ки сохти конститутсиониро қавӣ мегардонад.
Мақсад аз баргузории чорабинӣ ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираи васеи журналистон ба баррасии масоили вобаста ба мукаммалгардонии назорати порлумонӣ дар низоми умумии молияи давлатӣ ва ташаккули шаклҳо ва усулҳои он арзёбӣ шуд. Иқдоми мазкур ба рушди журналистикаи иқтисодӣ ва боло бурдани фарҳанги молиявии мардум низ мусоидат мекунад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.12.2019 №: 246 - 247 Мутолиа карданд: 954