фарҳанг
ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР ФАРЗАНДИ ФИДОӢ
Шириншоҳ Шоҳтемур дар баробари фарзандони халқи тоҷик, ба монанди устод Айнӣ, Абдуқодир Муҳиддинов, Нусратулло Махсум ва дигарон барои ташкил намудани давлати миллии тоҷикон, барқарорсозии адолат ва ҳақиқати таърихӣ оид ба сарнавишти халқи тоҷик хизматҳои шоиста кардааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар осори гаронбаҳои хеш, аз ҷумла дар “Чеҳраҳои мондагор” аз фаъолияти сиёсиву давлатӣ ва корнамоиҳои бемисли ходимони ҳизбию давлатии Тоҷикистон, ки дар солҳои бистуми асри ХХ баҳри таҳкими давлатдории миллӣ талошҳои беназирро анҷом дода буданд, ёдовар шуда, саҳми Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемурро дар эъмори давлатдории миллӣ ва ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон арзанда медонанд. Аз ҷумла, таъкид намудаанд: «Мо дар шахсияти мардони фарзонаи миллатамон, ба мисли Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳамсафони ӯ фарзандони фидоӣ, муборизони ҳақиқии Ватан, озодӣ, Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи сарзамини бостониамонро мебинем ва қадршиносӣ мекунем». Дар партави андешаҳои бунёдӣ ва таҳқиқотҳои таърихии Роҳбари давлат муҳаққиқону муаррихон имрӯз ба омӯзиши зиндагинома ва осору пайкори ходимони намоёни ҳизбию давлатӣ ва шахсиятҳои маъруфи миллат пардохта, саҳифаҳои қаҳрамонӣ, матонату мардонагӣ ва сарнавишти фоҷиабори онҳоро мавриди омӯзиш қарор дода истодаанд.
Дар даврони истиқлолияти милливу давлатӣ корнамоиҳои фарзандони барӯманду ҷонфидои миллат, ки дар радифи устод Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров қарор доштанд, бо мукофотҳои олии Ватан сазовор гардиданд. Шириншоҳ Шоҳтемур бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 1999 барои фаъолияти фидокоронааш дар бунёдгузорӣ, таҳким ва рушди давлатдории тоҷикон бо ордени «Дӯстӣ» шарафёб гардида, баъдан 27 июни соли 2006 ба ӯ барои хизматҳои арзандааш дар поягузории Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. 20 октябри соли 2009 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 110 - солагии зодрӯзаш ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон номи Шириншоҳ Шоҳтемур дода шуд.
Шириншоҳ Шоҳтемур 17 декабри соли 1899 дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар синни 8-9 - солагӣ аз падару модар ятим монда, дар айёми авҷи камолот ва илмомӯзӣ машаққатҳои зиёд кашида, то синни 12 дар тарбияи бародараш мемонад. Сипас, қисмҳои низомии Россия соли 1911 Шоҳтемури наврасро ба омӯзишгоҳи русӣ-маҳаллии шаҳри Хоруғ ба таҳсил ҷалб менамоянд. Дар солҳои донишандӯзӣ зимистон ба таҳсил пардохта, тобистон дар отряди сарҳадбонии Помир фаъолият мебарад. Соли 1914 дар 15 - солагӣ омӯзишгоҳро хатм ва бо сардори омӯзишгоҳ капитан Дмитрий Сергеевич Топорнин ба шаҳри Тошканд сафар мекунад. То соли 1917 дар корхонаҳои саноатӣ коргар буд, баъд ба омӯзишгоҳи педагогии Тошканд дохил шуда, онро соли 1921 бомуваффақият ба итмом мерасонад.
Шириншоҳ Шоҳтемур ҳанӯз дар солҳои дар Тошканд буданаш рӯҳияи инқилобӣ пайдо намуд, ҷаҳонбинии сиёсии ӯ ташаккул ёфт, моҳи январи соли 1921 узви ҳизби коммунистӣ гардид.
Соли 1921, паз аз хатми омӯзишгоҳ, Шириншоҳ Шоҳтемур бо ҳайати 500 нафараи бо ном «донишҷӯёни пролетарӣ» аз тарафи Кумитаи Иҷроияи марказии Туркистон ба шаҳри Қуқанд ва аз он ҷо ба кумитаи тақсимоти озуқавории шаҳри Хуҷанд фиристонда мешавад. Баъди чор моҳи фаъолият ба сифати корманди масъул ва узви Сегонаи ҳарбӣ - сиёсӣ ба Помир (ҳоло Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) фиристонда мешавад. Солҳои 1921-1922 аъзо ва аз соли 1922 то соли 1923 ба ҳайси сардори сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ фаъолият намудааст. Дар ин ҷодаи кор Шириншоҳи ҷавон аз раванди тезу тунди сиёсӣ наҳаросида, барои дар амал тадбиқ кардани ғояҳои инқилоби болшевикон ҷонбозиҳо намуда, нақши арзандаи хешро дар бунёди тартиботи шӯравӣ ва дастгоҳҳои нави идоракунӣ гузоштааст. Шириншоҳ Шоҳтемур аз моҳи октябри соли 1923 то 5 августи соли 1924 корманди бойгонии назди Шӯрои нозирони халқии Ҷумҳурии Туркистон, аз 5 августи ҳамон сол то моҳи ноябр инструктори зершуъбаи ақаллиятҳои миллии шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Туркистон фаъолият бурдааст.
Баъди анҷоми тақсимоти миллию марзӣ Шириншоҳ Шоҳтемур узви бюрои Ҳизби коммунисти ҶМШС Тоҷикистон ва узви Кумитаи инқилобии Тоҷикистон таъйин гардида, барои фаъолият ва бунёди дастгоҳҳои ҳизбию шӯравӣ ба шаҳри Душанбе омад. Шириншоҳ Шоҳтемур дар қатори ходимони тозаинтихоби ҳайати Ҳукумати Тоҷикистони мухтор яке аз аввалинҳо шуда ба Душанбе омада, барои кӯчондани Ҳукумат аз Тошканд ба Душанбе ва ташкил намудани дастгоҳҳои нави ҳукуматӣ нақши арзанда гузоштааст. Солҳои 1924 - 1926 Шириншоҳ Шоҳтемур вазифаҳои пурмасъули давлатиро ба уҳда гирифта, барои ташкил намудани дастгоҳҳои нави шӯравӣ, ҳизбӣ ва барҳам задани ҳаракати зиддишӯравӣ саҳми назаррас гирифт.
Нақши Шириншоҳ Шоҳтемур дар инкишофи соҳаи кишоварзии Тоҷикистон бузург буда, дар таърихи 24 октябри соли 1925 котиботи бюрои ташкилии тоҷикистонии Ҳизби коммунистии Ӯзбекистон аз рӯйи маърӯзаи Шириншоҳ Шоҳтемур дар бораи вазъияти сиёсии вилояти Кӯлоб қарори бисёр муҳим қабул кард, ки муҳтавои он аз масъалаҳои комилан торумор кардани дастаҳои босмачигарӣ дар вилоят ва бартараф кардани оқибатҳои беҳосилии замин, равнақи соҳаи кишоварзӣ ва эҳёи иқтисодиёти кишвар иборат буд.
Шириншоҳ Шоҳтемур то соли 1932 дар вазифаҳои пурмасъули ҳизбӣ фаъолият намуда, дар ин ҷода барои баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва мафкураи миллии мардуми Тоҷикистон аз худ нақши носутурданӣ боқӣ монд. Ӯ бо як ҷасорати пурандешонаи сиёсӣ дар доираи имконияти хеш аз асолат ва ҳувияти халқи тоҷик, таъмин намудани корбурди забони модарӣ дар муассисаҳои давлатӣ, роҳандозии таълиму тадрис ба забони миллӣ қотеона ва мардона дифоъ кард, ки аз кори бузурги ватанпарастӣ ва номуси миллӣ ва меҳри саршори ӯ нисбат ба марзу буми аҷдодӣ шаҳодат медиҳанд.
Кордониву ҷасурӣ ва фаъолияти пурмаҳсули Шириншоҳ Шоҳтемурро ба эътибор гирифта, соли 1932 барои таҳсил ба Институти профессураи сурхи шаҳри Москва фиристонда мешавад. Вале ӯ дар ин боргоҳи маърифат таҳсилро то ба охир идома дода наметавонад. Моҳи декабри соли 1933 раиси Кумитаи иҷроияи марказии Тоҷикистон таъйин гардида, дар ин вазифа то охири умраш, яъне то соли 1937 фаъолият намудааст.
Шириншоҳ Шоҳтемур дар он даврони пуртазоду тақдирсоз ба хотири ташкили зиндагии арзандаи мардуми тоҷик заҳмат кашида, яке аз фаъолони дигаргунсозии ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон ба шумор мерафт. Дифоъ намудан аз истифодаи забони тоҷикӣ дар муассисаҳои давлатӣ, ҷорӣ намудани таълиму тадрис ба забони миллӣ, ба вуҷуд овардани чеҳраи миллӣ, анъанаҳои миллӣ ва фарҳангии тоҷикон дар байни дигар халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз афкори бузурги хештаншиносии миллӣ, ватанпарастӣ ва номуси миллӣ, меҳри саршори ӯ нисбат ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик ва марзу буми аҷдодӣ шаҳодат медиҳанд.
Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамчун раиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба масъалаи барҳам додани бесаводии аҳолӣ ва аз байни тоҷикон тайёр кардани кадрҳои кордону болаёқат диққати ҷиддӣ медод. Ӯ дар Анҷумани якуми муассисони Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (моҳи июни соли 1930) маърӯза карда, вазифаи муҳиме ба миён гузошт, ки то охири панҷсола бояд 75 фоизи аҳолӣ ба мактаб фаро гирифта шавад. Дар ҳамин асос соли таҳсили 1931-1932 нахустин мактаби олии кишвар Донишкадаи Осиёи Миёнагии меваю сабзавот (ДОММС) таъсис дода шуд, ки сипас ба Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (соли 1933) ва баъдан ба Муассисаи давлатии “Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон” (10 августи соли 1992) табдил ёфт. Аз 31 октябри соли 2009 Муассисаи давлатии «Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур» номгузорӣ гардид.
Номи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемурро аҳли донишгоҳ бо ифтихор ба забон меоранду пос медоранд ва баҳри амалишавии ормонҳояш тамоми тадбирҳоро меандешанд. Дар муддати даҳ соле, ки донишгоҳ номи Шириншоҳ Шоҳтемурро гирифтааст, ба як қатор комёбиҳо ноил шудааст, аз ҷумла дар ин давра донишгоҳ узви Алянси давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин гардида, бо мукофоти байналмилалии «BEST UNIVERSITY» (“Донишгоҳи беҳтарин”, соли 2017), бо Нишони фахрии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» - и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2017) сарфароз гардидаасту дар рейтинги байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ соҳиби ҷойи панҷум мебошад. Вобаста ба барномаҳои давлатӣ ва талаботи истеҳсолот ҳар сол ихтисосҳои нав ҷорӣ мешаванд, ҳамзамон 7 ихтисоси ҳамгиро амал мекунад, ки баъди хатм мутахассисони ихтисосҳои мазкур соҳиби ду касб мегарданд. Хатмкардагон ҷои кор пайдо мекунанд, ки он аз эътирофи сатҳи ихтисосмандии дастпарварони донишгоҳ шаҳодат медиҳад. Пойгоҳи моддӣ – техникии донишгоҳ пайваста мустаҳкам мегардад. Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ донишгоҳ ба масъалаи таҳкими робитаҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи хосса медиҳад. Алҳол донишгоҳ бо 130 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи дуру наздик ва 18 барномаи ташкилотҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ бастааст. Дар назди донишгоҳ Маркази такмили ихтисоси кормандони муҷтамеи агросаноатӣ амал мекунад, ки дар вилоятҳои Хатлону Суғд, ВМКБ ва ноҳияи Рашт филиалҳо дорад. Баҳри сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ корҳои созандагиву ободонӣ бо суръат идома доранд.
Шириншоҳ Шоҳтемур барҳақ фарзанди ҷонфидои миллат ва Меҳани худ буд ва барои наслҳои имрӯзаву оянда чун тимсоли олии фидокорӣ ва мактаби ибратомӯзи ватанпарварию миллатдӯстӣ хизмат менамояд.
Амонулло САЛИМЗОДА,
ректори ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур,
профессор, узви вобастаи АИКТ,
Беҳрӯзҷон НЕЪМОНОВ,
мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқ,
Маҳмурод САИДАЛИЕВ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.12.2019 №: 246 - 247 Мутолиа карданд: 808